Ash-Shams

الشمس

The Sun15 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

وَٱلشَّمۡسِ وَضُحَىٰهَا﴿١

1Савганд ба хуршед ва равшании он [ба ҳангоми бомдод]

وَٱلۡقَمَرِ إِذَا تَلَىٰهَا﴿٢

2Ва савганд ба моҳ, ҳангоме ки баъд аз он барояд

وَٱلنَّهَارِ إِذَا جَلَّىٰهَا﴿٣

3Ва савганд ба рӯз, ҳангоме ки он [хуршед]-ро равшан [ва ҷилвагар] кунад

وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَغۡشَىٰهَا﴿٤

4Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки онро бипӯшонад

وَٱلسَّمَآءِ وَمَا بَنَىٰهَا﴿٥

5Ва савганд ба осмон ва ба он ки онро бино кард

وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا طَحَىٰهَا﴿٦

6Ва савганд ба замин ва ба он ки онро густуронид

وَنَفۡسٖ وَمَا سَوَّىٰهَا﴿٧

7Ва савганд ба ҷон [-и инсон] ва он ки онро [офарид ва] наку гардонид

فَأَلۡهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقۡوَىٰهَا﴿٨

8Сипас нофармонӣ ва парҳезгориашро [ба ӯ] илҳом кард

قَدۡ أَفۡلَحَ مَن زَكَّىٰهَا﴿٩

9Бе тардид, ҳар ки нафси худро [аз гуноҳон] пок кард, растагор шуд

وَقَدۡ خَابَ مَن دَسَّىٰهَا﴿١٠

10Ва ҳар ки онро [бо гуноҳ] олуда сохт, яқинан, зиёнкор шуд

كَذَّبَتۡ ثَمُودُ بِطَغۡوَىٰهَآ﴿١١

11[Қавми] Самуд аз рӯйи саркашӣ [паёмбарашонро] такзиб карданд

إِذِ ٱنۢبَعَثَ أَشۡقَىٰهَا﴿١٢

12Он гоҳ ки бадкортарини эшон [барои иқдом ба ҷиноят] бархост

فَقَالَ لَهُمۡ رَسُولُ ٱللَّهِ نَاقَةَ ٱللَّهِ وَسُقۡيَٰهَا﴿١٣

13Пас, паёмбари Аллоҳ таоло [Солеҳ] ба онон гуфт: «Модашутури Аллоҳ таоло ва [навбати] обхӯрданашро [ҳурмат ниҳед]»

فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمۡدَمَ عَلَيۡهِمۡ رَبُّهُم بِذَنۢبِهِمۡ فَسَوَّىٰهَا﴿١٤

14[Вале онон] ӯро такзиб карданд ва он [модашутур]-ро куштанд; пас, Парвардигорашон ба сабаби гуноҳонашон бар сарашон азоб овард ва ҳамагии ононро бо хок яксон кард

وَلَا يَخَافُ عُقۡبَٰهَا﴿١٥

15Ва [Аллоҳ таоло] аз саранҷоми он [кор] бим надорад

RELATED SURAHS