Al-Balad

البلد

The City20 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

لَآ أُقۡسِمُ بِهَٰذَا ٱلۡبَلَدِ﴿١

1Савганд ба ин шаҳр [Макка]

وَأَنتَ حِلُّۢ بِهَٰذَا ٱلۡبَلَدِ﴿٢

2Ва ту дар ин шаҳр сокинӣ [ва ҷанг дар ин шаҳр барои ту ҳалол аст]

وَوَالِدٖ وَمَا وَلَدَ﴿٣

3Ва савганд ба падар [Одам] ва фарзандонаш

لَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ فِي كَبَدٍ﴿٤

4Яқинан, инсонро дар ранҷ офаридем

أَيَحۡسَبُ أَن لَّن يَقۡدِرَ عَلَيۡهِ أَحَدٞ﴿٥

5Оё ӯ гумон мекунад, ҳеҷ кас бар [муҷозоти] вай тавоно нест?

يَقُولُ أَهۡلَكۡتُ مَالٗا لُّبَدًا﴿٦

6Мегӯяд: «[Ба хотири инфоқ] Моли зиёдеро табоҳ кардаам»

أَيَحۡسَبُ أَن لَّمۡ يَرَهُۥٓ أَحَدٌ﴿٧

7Оё мепиндорад, ки ҳеҷ кас ӯро надидааст?

أَلَمۡ نَجۡعَل لَّهُۥ عَيۡنَيۡنِ﴿٨

8Оё барои ӯ ду чашм қарор надодем?

وَلِسَانٗا وَشَفَتَيۡنِ﴿٩

9Ва як забон ва ду лаб?

وَهَدَيۡنَٰهُ ٱلنَّجۡدَيۡنِ﴿١٠

10Ва ӯро ба ду роҳ [хайр ва шар] роҳнамоӣ кардем

فَلَا ٱقۡتَحَمَ ٱلۡعَقَبَةَ﴿١١

11Пас, ба гардана [и сахт] қадам нагузошт [ва наомад]

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡعَقَبَةُ﴿١٢

12Ва ту чи медонӣ, ки гардана [-и сахт] чист?

فَكُّ رَقَبَةٍ﴿١٣

13Озод кардани барда аст

أَوۡ إِطۡعَٰمٞ فِي يَوۡمٖ ذِي مَسۡغَبَةٖ﴿١٤

14Итъом дар рӯзи қаҳтӣ [ва гуруснагӣ]

يَتِيمٗا ذَا مَقۡرَبَةٍ﴿١٥

15[Хоҳ] Ятиме аз хешовандон [бошад]

أَوۡ مِسۡكِينٗا ذَا مَتۡرَبَةٖ﴿١٦

16Ё мустаманде хокнишин

ثُمَّ كَانَ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلصَّبۡرِ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلۡمَرۡحَمَةِ﴿١٧

17Он гоҳ аз касоне бошад, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр [бар ибодат ва дурӣ аз гуноҳ] ва меҳрубонӣ [бо бандагон] тавсия намудаанд

أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَيۡمَنَةِ﴿١٨

18Инон аҳли саодатанд [ки номаи аъмол ба дасти росташон дода мешавад ва аҳли биҳиштанд]

وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِنَا هُمۡ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَشۡـَٔمَةِ﴿١٩

19Аммо касоне, ки ба оёти Мо куфр варзиданд, онон аҳли шақоватанд [ки номаи аъмол ба дасти чапашон дода мешавад ва ба дузах мераванд]

عَلَيۡهِمۡ نَارٞ مُّؤۡصَدَةُۢ﴿٢٠

20Бар онон [аз ҳар сӯ] оташи сарпӯшидае аст [ки роҳи фирор надоранд]

RELATED SURAHS