يس
Ya-Sin • 83 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Ё, син.[1]
2Савганд ба Қуръони ҳаким
3Бе тардид, ту аз паёмбарон [-и Мо] ҳастӣ
4[Ва] Бар роҳи рост [Ислом қарор дорӣ]
5[Ин Қуръон] Фуруфиристодаи [Парвардигори] шикастнопазири меҳрубон аст
6То мардумеро [дар бораи азоби қиёмат] бим диҳӣ, ки падаронашон ҳушдор наёфтаанд ва [бад-ин сабаб] онҳо низ ғофиланд
7Яқинан, фармон [-и азоби илоҳӣ] бар бештарашон таҳаққуқ ёфтааст; пас, [лаҷоҷат мекунанд ва] имон намеоваранд
8[Мисоли гумроҳии кофирон, чунон аст, ки гӯӣ] Мо бар гарданҳояшон занҷирҳое ниҳодаем, ки то зери манаҳҳояшон [печидашуда] аст, чунонки сарҳояшон боло мондааст [ва аз анҷоми ҳар хайре оҷизанд ва роҳи ҳидоятро намеёбанд]
9Ва аз пеши рӯяшон деворе ва аз пушти сарашон низ деворе ниҳодаем ва чашмонашонро бо пардае пӯшонидаем; аз ин рӯст, ки [ҳақиқатро] намебинанд
10[Эй Паёмбар] барояшон яксон аст, ки ононро бим диҳӣ ё надиҳӣ; [дар ҳар ҳол] имон намеоваранд
11Ҷуз ин нест, ки ту ба касе бим медиҳӣ [ва ин кор барои касе суд дорад], ки пайрави Қуръон бошад ва дар ниҳон аз [Парвардигори] Раҳмон битарсад; пас, Ӯро [ки чунин аст] ба омурзиш ва подоши арҷманд башорат бидеҳ
12Яқинан, Моем, ки мурдагонро зинда мекунем ва он чиро, ки аз пеш фиристодаанд ва осори [боқимонда аз] эшонро менависем; ва ҳама чизро дар Китоби равшан [Лавҳ-ул-маҳфуз] ба шумор овардаем
13[Эй Паёмбар] барояшон [моҷарои] мардуми он шаҳрро мисол бизан, он гоҳ ки паёмбарон наздашон рафтанд
14Ва вақте ду нафар аз паёмбаронро ба сӯяшон фиристодем; аммо [мардум] ононро дурӯғгӯ ангоштанд; пас, бо фиристодани паёмбари савум он дуро [таъйид ва] тақвият кардем. Онон [ба аҳолии шаҳр] мегуфтанд: «Мо фиристодагон [-и илоҳӣ] ба сӯи шумо ҳастем»
15[Онон дар посух] гуфтанд: «Шумо ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестед ва [Парвардигори] Раҳмон чизе [аз ваҳй] нозил накардааст. Шумо ҷуз дурӯғ намегӯед»
16[Паёмбарон] гуфтанд: «Парвардигорамон медонад, ки қатъан, ба сӯйи шумо фиристода шудаем
17Ва мо вазифае ҷуз расонидани ошкор [-и ваҳй] надорем»
18[Мардум] Гуфтанд: «Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар [аз таблиғ] даст барнадоред, ҳатман, сангсоратон мекунем ва бе тардид, азоби дардноке аз [ҷониби] мо ба шумо хоҳад расид»
19[Паёмбарон] Гуфтанд: «Шумии шумо бо худатон [ва ношӣ аз куфру гуноҳ] аст. Оё агар пандатон диҳанд, [онро шум мепиндоред?] балки [ҳақиқат ин аст, ки шумо дар иртикоби гуноҳ] мардуми исрофкоред»
20Ва марде аз дуртарин нуқтаи шаҳр шитобон омад [ва] гуфт: «Эй қавми ман, аз ин паёмбарон пайравӣ кунед»
21Пайрави касоне бошед, ки аз шумо подоше намехоҳанд ва худ ҳидоят ёфтаанд
22Ва чаро маъбудеро напарастам, ки маро офаридааст ва [шумо низ] ба сӯяш бозгардонда мешавед?
23Оё ба ҷои Ӯ маъбудоне баргузинам, ки агар [Парвардигори] Раҳмон бихоҳад, газанде ба ман бирасонад, на шафоаташон бароям суде дорад ва на метавонанд [аз азоби илоҳӣ] наҷотам диҳанд?
24Дар он сурат, яқинан, дар гумроҳии ошкоре хоҳам буд
25Ман ба Парвардигоратон имон овардаам [ва аз марг ҳаросе надорам] пас, суханонамро бишунавед
26[Пас, чун он мард ба дасти қавмаш ба шаҳодат расид] Ба вай гуфта шуд: «Вориди биҳишт шав». Ӯ гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд,
27ки Парвардигорам маро омурзида ва гиромӣ доштааст»
28Пас аз [шаҳодати] ӯ бар қавмаш ҳеҷ сипоҳе аз осмон нафиристодем ва [пеш аз ин низ] фуру фиристанда набудем
29[Кайфарашон] Ҷуз як бонги маргбор набуд; пас, ба ногоҳ ҳамагӣ [мурда ва] хомӯш гаштанд
30Эй афсӯс, бар ин бандагон! Ҳеҷ паёмбаре ба сӯяшон наёмад, магар он ки масхарааш мекарданд
31Оё надиданд [ва намедонанд] ки қабл аз онон чи бисёр наслҳоро ҳалок кардаем, ки дигар назди инҳо [ба дунё] бознамегарданд?
32Ва [рӯзи қиёмат] ҳеҷ кас нест, магар он ки ҳамагӣ назди Мо эҳзор мешаванд
33Барои онон [ки қиёматро бовар надоранд] замини хушк нишонае [ибратомӯз] аст: Мо он [замин]-ро зинда кардем ва аз [хоки] он донаҳое рӯёнидем, ки [махлуқоти илоҳӣ] аз он мехӯранд
34Ва дар он [замин] боғҳое аз нахл ва ангур падид овардем ва дар он чашмаҳо равон сохтем
35То мардум аз мевааш бихӯранд, дар ҳоле ки ин [маҳсулот, ҳосили талоши онҳо нест ва онҳо]-ро бо дастони худ амал наовардаанд. Пас, оё сипос намегузоранд?
36Пок ва муназзаҳ аст, он [Парвардигоре] ки ҳамаи нару модаҳоро офарида аст; аз он чи замин мерӯёнад [гиёҳону дарахтон] ва аз худашон [инсонҳо] ва аз он чи намедонанд
37Ва шаб барои онон нишонае [дигар аз қудрати илоҳӣ] аст, [ки] рӯзро аз он барканор мекунем ва ногаҳон [ҳама] дар торикӣ фуру мераванд
38Ва хуршед [низ пайваста] ба сӯйи қароргоҳаш дар ҳаракат аст. Ин тақдири [Парвардигори] шикастнопазиру доност
39Ва барои моҳ [низ] манзилгоҳҳое муқаррар намудаем, то [саранҷом аз қурси комил ба ҳилол ва] ба шакли шохаи хушки хурмо бозгардад
40На хуршедро сазовор аст, ки [дар сайри худ] ба моҳ бирасад в на шаб бар рӯз пешӣ мегирад; ва ҳар як аз [ситораву сайёра] дар мадоре шиноваранд
41Нишонае [дигар аз қудрати Парвардигор] барои онон ин аст, ки падаронашонро дар киштӣ анбошта [аз сарнишин ва бор] ҳамл кардем
42Ҳамчунин, барояшон чизе ҳаммонанди он [киштӣ] офаридаем, ки савораш шаванд
43Агар бихоҳем, ғарқашон мекунем; дар ин сурат, на фарёдрасе доранд ва на [аз тақдири илоҳӣ] раҳоӣ меёбанд
44Магар ин ки раҳмате аз ҷониби Мо [бинанд] ва баҳрамандӣ [аз неъматҳои дунё] то замоне [муайян шомили ҳолашон шавад]
45Ва чун ба онон [мушрикон] гуфта мешавад: «Аз он чи пешорӯи шумост [азоби охират] ва он чи пушти сар мегузоред [сахтиҳои дунё] парво кунед; бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред», [итоат намекунанд]
46Ҳеҷ нишонае аз нишонаҳои [қудрат ва бузургии] Парвардигорашон бар онон арза намегардад, магар он ки аз он рӯй мегардонанд
47Ва чун ба онон гуфта мешавад: «Аз он чи Аллоҳ таоло рӯзиятон кардааст, инфоқ кунед», касоне, ки куфр варзидаанд, ба онон, ки имон овардаанд мегӯянд: «Оё ба касе ғизо бидиҳем, ки агар Аллоҳ таоло мехост, [Худ] ба ӯ ғизо медод? Шумо ҷуз дар гумроҳии ошкор нестед»
48Ва [бо тамасхур ба муъминон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд»?
49[Ин мункирони қиёмат] ҷуз дар интизори як бонги маргбор нестанд, ки ногаҳон, дар ҳоле ки саргарми ҷидол [дар умури дунё] ҳастанд, ононро фаро гирад
50Пас, [дар он ҳангом] наметавонанд [ба касе] васият кунанд ва на ба сӯи хонаводаи худ бозгарданд
51Ва [ҳангоме ки барои дувумин бор] дар сур дамида шавад ва ногаҳон аз қабрҳояшон [берун меоянд ва] ба сӯи Парвардигорашон мешитобанд
52[Ва бо нобоварӣ] Мегӯянд: «Вой бар мо! Чи касе моро аз қабрҳоямон барангехт?» [Ба онон гуфта мешавад] «Ин ҳамон [рӯзе] аст, ки [Парвардигори] Раҳмон ваъда дода буд; ва паёмбарон [дар ин бора] рост мегуфтанд
53[Барангехтани мурдагон аз гӯр] Ҷуз як бонги ҳавлнок [дувумин дамидани сур] нест ва ногаҳон ҳамаро назди Мо ҳозир мекунанд
54Пас, [бидонед, ки] имрӯз, ба ҳеҷ кас ситаме намешавад ва ҷуз дар баробари он чи [дар дунё] кардаед, ҷазо намебинед
55Бе тардид, аҳли биҳишт имрӯз бо шодмонӣ саргарм [-и неъматҳои илоҳӣ] ҳастанд
56Онон ва ҳамсаронашон дар сояҳо [-и густурдаи биҳиштӣ] бар тахтҳо такя задаанд
57Дар он ҷо [ҳар гуна] мева ва ҳар чи бихоҳанд, барояшон [фароҳам] ҳаст
58[Бартар аз ин неъматҳо] саломест, ки сухани Парвардигори меҳрубон аст
59[Он гоҳ ба мушрикон хитоб мешавад] «Эй гунаҳкорон, имрӯз [аз муъминон] ҷудо шавед
60Эй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам [ва фармон надодам], ки шайтонро напарастед, [ки] қатъан ӯ душмани ошкори шумост?
61Ва ин ки [танҳо] Маро бипарастед, [ки] роҳи рост ҳамин аст?
62Ва бе тардид, шайтон бисёре аз шуморо гумроҳ сохт. Оё андеша намекардед?
63Ин [ҳамон] дузахест, ки ба шумо ваъда дода мешуд
64Имрӯз ба сазои он ки куфр меварзидед, ба он [оташ] ворид шавед»
65Имрӯз бар даҳонҳояшон муҳр мениҳем ва дастҳояшон бо Мо сухан мегӯянд ва пойҳояшон ба он чи мекарданд, гувоҳӣ медиҳанд
66Ва агар бихоҳем, бе тардид, чашмонашонро маҳв мекунем, пас, [бо чашми баста] ба сӯйи [пули] сирот [аз якдигар] пешӣ мегиранд [то ба биҳишт роҳ ёбанд]; аммо магар куҷоро мебинанд?
67Ва агар бихоҳем [зоҳирашонро тағйир медиҳем ва чунон] ононро дар ҷои худ масх [ва замингир] мекунем, ки натавонанд гоме ба пеш бигузоранд ё ба ақиб бозгарданд
68Ва Мо ба ҳар ки умри тӯлонӣ бидиҳем, дар офариниш дигаргунаш мекунем [ва ӯро ба нотавонии зеҳнӣ ва бадани даврони кӯдакӣ бармегардонем]. Пас, оё [дар бораи қудрати Парвардигор] намеандешанд?
69Ва Мо ба ӯ [Муҳаммад] шеър наомӯхтаем ва [шоирӣ] шоистаи ӯ нест. Ин [ки омӯхтаем, чизе] нест, магар андарз ва Қуръоне равшан
70То ҳар киро зинда [-дил] бошад, бим диҳад ва азоб бар кофирон муҳаққақ гардад
71Оё надидаанд, ки Мо аз он чи дастҳоямон сохтааст, чаҳорпоёне барояшон офаридаем, ки молики онҳо ҳастанд?
72Ва онҳоро дар хидмати эшон гузоштаем, то бар бархе савор шаванд ва аз [гӯшти] бархе тағзия кунанд
73Ва аз он [ҳайвонот] баҳраҳои дигар ва нӯшиданиҳое [шир] доранд. Пас, оё сипос намегузоранд?
74[Бо ин ҳама неъмат мушрикон] ба ҷои Аллоҳ таоло маъбудоне баргузидаанд; ба ин умед, ки [аз сӯйи онҳо] ёрӣ шаванд
75Он [маъбудҳои беҷон] қодир ба ёриашон нестанд; ва ин [мушрикон дар қиёмат] лашкаре барои онҳо [бутҳо] хоҳанд буд, ки [ҳамагӣ дар оташи дузах] эҳзор мешаванд
76[Эй Паёмбар] сухани онон туро ғамгин насозад. Бе тардид, Мо он чиро пинҳон мекунанд ва ошкор месозанд, [ба хубӣ] медонем
77Оё инсон надидааст, ки Мо ӯро аз нутфае офаридаем [он гоҳ мароҳили рушдро тай кард ва] сипас душмане ошкор шуд?
78Ва барои Мо мисоле зад ва офариниши хешро фаромӯш кард [ва] гуфт: «Чи касе ин устухонҳоро [дубора] зинда мекунад, дар ҳоле ки пӯсидааст?»
79Бигӯ: «ҳамон касе зиндааш мекунад, ки нахустин бор онро падид овард ва Ӯ ба ҳар офаринише доност
80Ҳамон ки аз дарахти сабз оташе бароятон падид овард ва шумо [дар сурати ниёз] худ аз он [дарахт] оташ меафрӯзед»
81Оё касе, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, наметавонад ҳаммонанди инҳоро [пас аз маргашон дубора] биофаринад? Оре [метавонад] ва Ӯ Офаринандаи доност
82Фармони Ӯ чун чизеро ирода кунад, танҳо ин аст, ки ба он мегӯяд: «Мавҷуд шав»; пас, [бедиранг] мавҷуд мешавад
83Пас, пок ва муназзаҳ аст Парвардигоре, ки [ҳокимият ва] ихтиёри ҳама чиз ба дасти Ӯст ва [ҳамагӣ] ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед