الصافات
Those Ranged in Ranks • 182 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Савганд ба фариштагони саф ба саф [ки барои парастиши Парвардигор истодаанд]
2Ва савганд ба фариштагоне, ки абрҳоро меронанд
3Ва савганд ба фариштагоне, ки Қуръон тиловат мекунанд
4[ки] Бе тардид, маъбуди шумо яктост
5[Ҳамон] Парвардигори осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост ва Парвардигори [хуршед дар ғурубгоҳҳо ва] тулуъгоҳҳо
6Ба ростӣ, ки Мо осмони дунёро бо зевари ситорагон оростем
7Ва онро аз [дастрасии] ҳар шайтони саркаш ҳифз кардем
8[Он шаётин ҳаргиз] наметавонанд [суханони фариштагони] олами болоро бишунаванд ва аз ҳар сӯ [бо шаҳобҳои оташин] тирборон мешаванд
9[Аз вуруди онон ба олами фариштагон ҷилавгирӣ мешавад ва ҳамвора ба] ақиб ронда мешаванд ва азоби ҷовидон [дар пеш] доранд
10Магар касе, ки ногаҳон чизе [аз гуфтугӯи фариштагон]-ро дуздида гӯш диҳад, ки [дар ин сурат] шаҳоби дурахшон ӯро дунбол мекунад
11Аз онон [кофирон] бипурс, ки оё офариниши [пайкарҳои] онон сахттар аст ё он чи ки Мо [аз замину осмонҳо ва ҷаҳони бекарон] офаридаем; [дар ҳоле ки] Мо онҳоро аз гили [беарзиш ва] часпида падид овардем
12Ту [аз инкори онон] дар шигифтӣ ва онҳо [низ суханонатро дар бораи қиёмат] масхара мекунанд
13Ва чун панд дода шаванд, намепазиранд
14Ва чун нишонаҳои [дар мавриди ростгӯии Паёмбар] мебинанд, [онро] ба тамасхур мегиранд
15Ва мегӯянд: «Ин [Қуръон чизе] нест, магар ҷодуе ошкор
16Оё ҳангоме ки мурдем ва хок ва устухон шудем, барангехта хоҳем шуд?
17Оё падарони мо [низ барангехта мешаванд]?»
18Бигӯ: «Оре, шумо, дар ҳоле ки хор ҳастед [зинда мешавед]»
19Пас, [вуқуи қиёмат] танҳо бо як бонг [-и саҳмнок] аст ва ногаҳон [ҳама аз қабрҳо берун меоянд ва дар интизори дастури Парвардигор, ваҳшати қиёматро] назорат мекунанд
20Ва мегӯянд: «Вой бар мо! Ин [ҳамон] рӯзи ҷазост»
21[Гуфта мешавад: Оре] ин ҳамон рӯзи довариест, ки дурӯғаш меангоштед»
22[Ба фариштагон гуфта мешавад] «Касонеро, ки [бо ширк ба хеш] ситам карданд,ё бо [ҳамфикрон ва] ҳаммонандҳояшон
23ва он чи ба ҷои Аллоҳ таоло мепарастиданд, гирд оваред ва ба роҳи дузах ҳидояташон кунед
24Ва ононро нигаҳ доред, ки, ҳатман, [пеш аз рафтан ба дузах] бозхост хоҳанд шуд
25[Аз дузахиён мепурсанд] «Чаро [монанди дунё] аз якдигар ҳимоят намекунед?»
26Балки имрӯз [ҳамагӣ] таслим [-и амри Парвардигор] ҳастанд
27Ва сарзанишкунон ба якдигар рӯ меоранд
28[Ва ба роҳбарон ва бузургони худ] мегӯянд: «Шумо [барои ба куфр кашонондани мо бо иддаои дини ростин ва] аз ҷониби ҳақ ба суроғамон меомадед»
29[Роҳбаронашон] Мегӯянд: «Мо муқассир нестем], балки шумо худ имон надоштед
30Ва мо ҳеҷ тасаллуте бар шумо надоштем; балки шумо худ гурӯҳи саркаш будед
31Пас, [акнун] фармони муҷозоти Парвардигорамон бар мо муҳаққақ шуда ва ба ростӣ, мо [ҳамагӣ азоби дузахро] чашандаем
32Пас, шуморо гумроҳ намудем [чаро ки] дар ҳақиқат, худ низ гумроҳ будем»
33Пас, яқинан он рӯз ҳамаи [онон] дар азоб шариканд
34Бе тардид, Мо бо гунаҳкорон инчунин [рафтор] мекунем
35Онон буданд, ки чун ба эшон гуфта мешуд: «Маъбуде [барҳақ] ҷуз Аллоҳ таоло нест» саркашӣ [ва такаббур] мекарданд
36ва мегуфтанд: «Оё мо маъбудонамонро ба хотири [сухани] шоире девона раҳо кунем?»
37[Чунин нест] балки ӯ ҳақ [тавҳид]- ро оварда ва паёмбарони [пешин] – ро тасдиқ кардааст
38Шумо [кофирон], ҳатман, азоби дардноки [дузах]-ро мечашед
39Ва ҷуз [дар баробари] он чи мекардед, муҷозот намешавед
40Ҳама азоб мебинанд, магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло
41Онон [дар пешгоҳи Парвардигор ризқу] рӯзии мушаххасе доранд
42[Анвои] меваҳо [-ро дар ихтиёр хоҳанд дошт] ва гиромӣ дошта мешаванд
43Дар боғҳои пурнеъмати [биҳишт]
44Дар ҳоле ки муқобили якдигар бар тахтҳо [такя задаанд]
45ҷоме аз шароби ноб [ва зулол] перомунашон мегардонанд
46[Шаробе равшан ва] сафед, ки барои нӯшандагонашон лаззатбахш аст
47[Шаробе, ки хуморӣ ва] сардардӣ дар нӯшиданаш нест ва аз он маст намегарданд
48Ва наздашон занони дуруштчашм аст, ки [ танҳо ба шавҳарони худ] назар доранд
49[Занон чунон сафедандоманд, ки] гӯё тухм [-и парандагон] ҳастанд [ва зери пар ва боли онҳо аз дастрасии ҳамагон] пинҳон мондаанд
50[Биҳиштиён дар бораи рӯйдодҳои дунё суҳбат мекунанд ва] бархе аз онон пурсишкунон рӯ ба бархе дигар мекунанд
51Яке аз онон мегӯяд: «Ман [дар дунё] ҳамнишине доштам
52[Ӯ пайваста] Мегуфт: Оё ту воқеан [ба қиёмат] бовар дорӣ?
53Оё ҳангоме ки мурдем ва хок ва устухон шудем, оё ҳақиқатан [зинда мешавем ва ба хотири корҳоямон] ба мо кайфар медиҳанд?»
54[Сипас, ба дӯстони биҳиштиаш] мегӯяд: «Оё [шумо низ ҳамроҳи ман] сар мекашед [то бидонем ӯ куҷост]?»
55Он гоҳ худи ӯ сар мекашад ва ӯро дар миёни дузах мебинад
56Ба ӯ мегӯяд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, ки наздик буд маро [бо васвасаҳои куфромезат] нобуд созӣ
57Агар неъмати [ҳидояти] Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагон [дар дузах] будам»
58[Он гоҳ ба биҳиштиён мегӯяд] «Оё мо дигар марге нахоҳем дошт
59ҷуз марги нахустин, ва азоб намешавем?
60Ба ростӣ, ки ин ҳамон комёбии бузург аст
61Аҳли амал бояд барои чунин [подош] бикӯшанд
62Оё ин [неъмати биҳишт, каримонатар ва] барои пазироӣ беҳтар аст ё дарахти зақум [дар дузах]?
63Бе тардид, Мо он дарахтро мояи озмоиши ситамгорони [мушрик] додаем [чаро ки мегӯянд: «Ҳеҷ дарахте дар оташ намерӯяд»]
64Дар ҳақиқат, он [мояи азоб] дарахте аст, ки аз жарфои дузах мерӯяд
65Меваҳояш [чунон бадманзар аст, ки] гӯё сарҳои шаётин аст
66Онон [дузахиён] аз [меваҳои талхи] он мехӯранд ва шикамҳоро аз онҳо анбошта мекунанд
67Он гоҳ рӯи ин [ғизои нопок, ба ҷойи нӯшидани] омезаҳои аз оби ҷӯшон доранд
68Сипас, яқинан, бозгашташон ба дузах аст
69Онон падарони худро гумроҳ ёфтанд
70Ва [ҳамчунон] дар пайи онон мешитофтанд
71Ва, ҳатман, қабл аз онон низ бештари пешиниён гумроҳ шуданд
72Ва бе тардид, Мо миёнашон ҳушдордиҳандагон [-и бисёр] фиристодем
73Пас, бингар, ки саранҷоми ҳушдорёфтагон чи гуна буд
74[Ҳама гирифтори азоб шуданд] магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло
75Нуҳ ба даргоҳи Мо дуо кард ва [Мо] чи наку иҷобаткунанда будем!
76Ва ӯ ва хонаводаашро [бо ҳамроҳи муъминон] аз балои бузурги [туфон] наҷот додем
77Ва [пас аз туфон, фақат пайравони муъмин ва] хонаводаи ӯро [дар замин] боқӣ гузоштем
78Ва барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем
79Салом [ва ситоиши] ҷаҳониён бар Нуҳ бод
80Ба ростӣ Мо накукоронро, инчунин, подош медиҳем
81Бе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд
82Он гоҳ дигаронро [ки дар туфон монда буданд] ғарқ кардем
83Ва, ҳатман, Иброҳим аз пайравони ӯ [Нуҳ] буд
84[Ёд кун аз] ҳангоме ки вай бо дили пок [ва холӣ аз ширк] ба [даргоҳи] Парвардигораш омад
85Он гоҳ ки ба падар ва қавмаш гуфт: «Чи чизе мепарастед?
86Оё ба ҷойи Аллоҳ таоло ин маъбудони дурӯғинро мехоҳед?
87Гумонатон дар бораи Парвардигори ҷаҳониён чист?»
88Сипас нигоҳе ба ситорагон афканд [ва андешид]
89Ва гуфт: «Ман беморам [ва дар ҷашн ширкат намекунам]»
90Мардум ӯро тарк карданд ва рафтанд
91Он гоҳ пинҳонӣ назди бутҳояшон рафт ва [бо тамасхур] гуфт: «Чизе намехуред?
92Шуморо чи шудааст, ки сухан намегӯед?»
93Сипас бо дасти рости худ зарбаҳои [муҳкам] бар онҳо ворид овард [ва ҷуз бути бузург ҳамаро шикаст]
94Пас, қавмаш шитофтанд ва ба сӯйи ӯ омаданд
95[Иброҳим] гуфт: «Оё чизеро, ки худ метарошед, мепарастед?
96Ва ҳол он ки Аллоҳ таоло [ҳам] шумо ва [ ҳам] он чиро анҷом медиҳед офаридааст
97[Вақте бутпарастон аз посух дармонданд] Гуфтанд: «Барояш бинои [баланд] бисозед ва ӯро дар оташ биафканед»
98Пас, барои [нобудии] ӯ найранг хостанд, [вале] Мо ононро паст ва [мағлуб] сохтем [ва оташ бар Иброҳим сард ва беасар шуд]
99Ва гуфт: «Ман ба сӯи [сарзамини дигаре барои ибодати] Парвардигорам меравам ва Ӯ ҳидоятам хоҳад кард
100Парвардигоро, ба ман [фарзанде] аз шоистагон ато кун»
101Мо [дуояшро мустаҷоб кардем ва] ӯро ба таваллуди писари бурдборе башорат додем
102Ва чун [Исмоил] ба [синни навҷавонӣ ва] ҳадди талош [ва ҳамкорӣ] бо ӯ [Иброҳим] расид, ба вай гуфт: Писарам, дар хоб [ба ман ваҳй мешавад ва] мебинам, ки туро забҳ мекунам. Назарат дар ин бора чист?» [Исмоил] гуфт: «Падарҷон, он чиро ки ба ту амр шудааст анҷом бидеҳ. Иншоаллоҳ маро [дар баробари ин фармон] шикебо хоҳӣ ёфт»
103Пас, чун ҳар ду таслими [фармони Парвардигор] шуданд ва [Иброҳим] ӯро бо гуна [бар хок] ниҳод
104Ба ӯ нидо додем, ки «Эй Иброҳим!
105Яқинан хобатро таҳаққуқ бахшидӣ». Мо накукоронро чунин подош медиҳем
106Бе тардид, ин [хоб] озмоише ошкор буд [ва Иброҳим аз он сарбаланд берун омад]
107Ва [ҷони] ӯро дар баробари қурбонии бузурге бозхаридем
108Ва барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем
109Салом бар Иброҳим
110Мо накукоронро чунин подош медиҳем
111Бе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд
112Ва ӯро ба [таваллуди] Исҳоқ, ки паёмбаре аз шоистагон буд, башорат додем
113[Мо] Ба ӯ ва Исҳоқ баракат додем, ва [бархе] аз афроди дудмонашон накукор буданд ва [бархе дигар] ошкоро нисбат ба хештан ситамгор буданд
114Ва ба ростӣ, бар Мӯсо ва Ҳорун миннат ниҳодем
115Ва он дуро ҳамроҳи қавмашон аз андуҳи бузург [ситами Фиръавн ва хатари ғарқ шудан дар Нил] наҷот додем
116Ва ёриашон кардем, то пирӯз шуданд
117Ва ба он ду китоби равшангар [Таврот] додем
118Ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем
119Ва барояшон дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем
120Салом бар Мӯсо ва Ҳорун
121Мо накукоронро чунин подош медиҳем
122Бе тардид, он ду бандагони муъмини Мо буданд
123Ва, ҳатман, Илёс [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд
124[Ёд кун аз] Ҳангоме ки ӯ ба қавмаш гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?
125Оё [бути] «Баъл»-ро [ба парастиш] мехонед ва беҳтарин офарандаро раҳо мекунед?
126Аллоҳ таоло [-ро тарк мекунед], ки Парвардигори шумо ва Парвардигори падаронатон аст»
127Аммо ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва мусалламан, [барои азоб] ҳозир карда мешаванд
128Магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло
129Мо барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем
130Салом бар Илёс
131Ба ростӣ, Мо накукоронро чунин подош медиҳем
132Бе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд
133Ва ҳатман, Лут [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд
134[Ёд кун аз] ҳангоме ки ӯ ва ҳамаи хонаводаашро наҷот додем
135Магар пиразане, ки аз боқимондагон [дар азоб] буд
136Сипас дигаронро ҳалок кардем
137Ва шумо [дар сафар ба сарзамини Шом] субҳгоҳон бар [вайронаҳои шаҳрҳои] онон мегузаред,
138ва шабонгоҳ. Оё намеандешед [ва ибрат намегиред]?
139Ва, ҳатман, Юнус [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд
140[Ёд кун аз] ҳангоме ки [ хашмгин аз куфри қавмаш, бидуни иҷозати Парвардигор] ба киштии анбошта [аз мусофир ва бор] гурехт
141Пас, [чун киштӣ дар ҳоли ғарқ шудан буд, Юнус ҳамроҳи мусофирон барои берун андохтани бархе афрод] қуръа андохтанд ва бозанда шуд [ва ӯро ба дарё андохтанд]
142Сипас моҳии [бузурге] ӯро балъид [фурӯ бурд], дар ҳоле ки [худро ба хотири тарки вазифа] сарзаниш мекард
143Пас, агар дар зумраи тасбеҳгӯёни [Парвардигор] набуд,
144Яқинан, то рӯзе, ки [мардум] барангехта мешаванд, дар шиками он [моҳӣ] боқӣ мемонд
145Он гоҳ ӯро дар ҳоле ки [заъиф ва] бемор буд ба сарзамини хушк [ва бегиёҳ] афкандем
146Ва бар [сари] ӯ бутаи каду рӯёндем [то аз соя ва меваҳояш баҳра гирад]
147Ва [дубора] ӯро ба сӯйи сад ҳазор нафар ё бештар [ба рисолат] фиристодем
148Пас, онон имон оварданд ва Мо низ то муддате [аз неъматҳои зиндагӣ] баҳрамандашон сохтем
149Пас, аз эшон [мушрикон] бипурс, оё духтарҳо барои Парвардигори ту ва писарҳо барои онҳост?
150Оё Мо фариштагонро духтар офаридем ва онҳо ҳузур доштанд?
151Огоҳ бош! Онон аз [рӯи туҳмат ва] дурӯғгӯӣ
152мегӯянд: «Аллоҳ таоло фарзанд дорад» ва, яқинан, дурӯғ мегӯянд
153Оё [Аллоҳ таоло] духтаронро бар писарон тарҷеҳ додааст?
154Шуморо чи шудааст? Чи гуна ҳукм мекунед?
155Оё [намеандешед ва] панд намегиред?
156Оё [бар иддаои ботили хеш] далели равшане доред?
157Пас, агар ростгӯед, китобатонро биёваред
158[Мушрикон] байни Ӯ [Аллоҳ таоло] ва фариштагон, хешовандӣ қоил шудаанд; дар ҳоле ки фариштагон ба яқин медонанд, ки [мушрикон рӯзи қиёмат барои ҳисобрасӣ] эҳзор мешаванд
159Аллоҳ таоло аз он чи [мушрикон] тавсиф мекунанд, муназзаҳ аст
160[Мардум дар тавсифи Парвардигор, сухани газоф мегӯянд] магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло
161Пас, шумо [мушрикон] ва он чи мепарастед,
162[ҳаргиз] гумроҳгари [касе аз дини ҳақ] нестед
163Магар он ки [ба тақдири илоҳӣ] аҳли дузах бошад
164Ва [фариштагон мегӯянд]: «Ҳеҷ як аз мо нест, магар он ки мақоми мушаххасе [дар пешгоҳи илоҳӣ] дорад
165Моем, ки [барои парастиш ва ниёиш ба даргоҳи Парвардигор] ба саф истодаем
166Ва бе тардид, моем, ки тасбеҳгӯи [Ӯ] ҳастем»
167Ва [кофирон, пеш аз биъсат] ҳамвора мегуфтанд:
168«Агар китобе аз [китобҳои осмонии] пешиниён наздамон буд,
169яқинан, аз бандагони мухлиси Аллоҳ таоло мешудем»
170Аммо [ҳангоме ки паёмбар бо Қуръон ба сӯяшон омад, ҳаққонияти] онро инкор карданд; пас, ба зудӣ [натиҷаи ин корашонро] хоҳанд донист
171Ва ҳатман суханони Мо дар бораи бандагони фиристодаамон аз пеш содир шудааст
172Онон, ҳатман, аз ҷониби Мо ёрӣ шудаанд
173Ва бе тардид, лашкари Мо пирӯзанд
174Пас, [эй Паёмбар] то муддате аз онон [мушрикон] рӯй бигардон
175Ва ононро [дар ҳангоми нузули азоб] бингар; пас, ба зудӣ худ [низ натиҷаи куфрашонро] хоҳанд дид
176Оё онон азоби моро ба шитоб хосторанд?
177Он гоҳ ки [азоби илоҳӣ] бар хонаҳояшон фуруд ояд, чи бад аст бомдоди ҳушдорёфтагон!
178Ва то муддате аз онон рӯй бигардон
179Ва ононро [дар ҳангоми нузули азоб] бингар; пас, ба зудӣ худ [низ натиҷаи куфрашонро] хоҳанд дид
180Пок ва муназзаҳ аст Парвардигорат - Парвардигори иззат ва қудрат-аз он чи [мушрикон ба дурӯғ] васф мекунанд
181Ва салом бар паёмбарон
182Ва сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳ таоло- Парвардигори ҷаҳониён- аст