Al-Fatiha

الفاتحة

The Opening7 ayahsMeccan

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ﴿١

1Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.

ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ﴿٢

2Сипос махсуси Аллоҳ таоло–Парвардигори ҷаҳониён аст.

ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ﴿٣

3Бахшандаи меҳрубон аст.

مَٰلِكِ يَوۡمِ ٱلدِّينِ﴿٤

4Молики рӯзи ҷазост.

إِيَّاكَ نَعۡبُدُ وَإِيَّاكَ نَسۡتَعِينُ﴿٥

5[Парвардигоро] Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем.

ٱهۡدِنَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ﴿٦

6Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо [ва ҳамвора собитқадам бигардон].

صِرَٰطَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمۡتَ عَلَيۡهِمۡ غَيۡرِ ٱلۡمَغۡضُوبِ عَلَيۡهِمۡ وَلَا ٱلضَّآلِّينَ﴿٧

7Роҳи касоне [ҳамчун паёмбарон, шаҳидон, ростгӯён ва накукорон], ки ба онон неъмат додаӣ ва дар зумраи ғазабшудагон [яҳудиён] ва гумроҳон [масеҳиён] нестанд.

RELATED SURAHS