Ar-Rahman

الرحمن

The Most Merciful78 ayahsMedinan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

ٱلرَّحۡمَٰنُ﴿١

1[Аллоҳи] Раҳмон

عَلَّمَ ٱلۡقُرۡءَانَ﴿٢

2Қуръонро омӯзиш дод

خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ﴿٣

3Инсонро офарид

عَلَّمَهُ ٱلۡبَيَانَ﴿٤

4[Ва] Ба ӯ сухан гуфтан омӯхт

ٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ بِحُسۡبَانٖ﴿٥

5Хуршеду моҳ бо ҳисобе муназзам [-у дақиқ] дар гардишанд

وَٱلنَّجۡمُ وَٱلشَّجَرُ يَسۡجُدَانِ﴿٦

6Ва ситора ва дарахт [барояш] саҷда мекунанд

وَٱلسَّمَآءَ رَفَعَهَا وَوَضَعَ ٱلۡمِيزَانَ﴿٧

7Ӯ осмонро барафрошт ва мизони [адолатро дар замин] барқарор намуд

أَلَّا تَطۡغَوۡاْ فِي ٱلۡمِيزَانِ﴿٨

8[Эй мардум, чунин кард] То дар вазну паймона [ба якдигар] ситам накунед;

وَأَقِيمُواْ ٱلۡوَزۡنَ بِٱلۡقِسۡطِ وَلَا تُخۡسِرُواْ ٱلۡمِيزَانَ﴿٩

9Ва санҷиш [-и ҳуқуқи дигарон]-ро ба адолат баровард кунед ва дар санҷиш зиён нарасонед [ва камфурӯшӣ накунед]

وَٱلۡأَرۡضَ وَضَعَهَا لِلۡأَنَامِ﴿١٠

10Ӯ заминро барои [зиндагии] инсонҳо муқаррар дошт

فِيهَا فَٰكِهَةٞ وَٱلنَّخۡلُ ذَاتُ ٱلۡأَكۡمَامِ﴿١١

11Ки дар он [анвои] меваҳо ва нахлҳои хушадор аст

وَٱلۡحَبُّ ذُو ٱلۡعَصۡفِ وَٱلرَّيۡحَانُ﴿١٢

12Ва [ҳамчунин] ҳубуботи баргдор ва гиёҳони хушбӯ

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿١٣

13Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِن صَلۡصَٰلٖ كَٱلۡفَخَّارِ﴿١٤

14Ӯ инсонро аз гиле ҳамчун сафол офарид

وَخَلَقَ ٱلۡجَآنَّ مِن مَّارِجٖ مِّن نَّارٖ﴿١٥

15Ва ҷинро аз шуълае аз оташ халқ кард

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿١٦

16Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

رَبُّ ٱلۡمَشۡرِقَيۡنِ وَرَبُّ ٱلۡمَغۡرِبَيۡنِ﴿١٧

17Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳост

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿١٨

18Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

مَرَجَ ٱلۡبَحۡرَيۡنِ يَلۡتَقِيَانِ﴿١٩

19Ӯ ду дарё [-е шӯру ширин]-ро равон кард, то [ба якдигар] бирасанд

بَيۡنَهُمَا بَرۡزَخٞ لَّا يَبۡغِيَانِ﴿٢٠

20[Дар айни ҳол] Миёнашон монеъе аст, ки бо ҳам намеомезанд

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٢١

21Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

يَخۡرُجُ مِنۡهُمَا ٱللُّؤۡلُؤُ وَٱلۡمَرۡجَانُ﴿٢٢

22Аз он ду [дарё] марвориду марҷон ба даст меояд

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٢٣

23Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

وَلَهُ ٱلۡجَوَارِ ٱلۡمُنشَـَٔاتُ فِي ٱلۡبَحۡرِ كَٱلۡأَعۡلَٰمِ﴿٢٤

24Киштиҳои кӯҳпайкари бодбонбарафрошта дар дарё барои Ӯст

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٢٥

25Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

كُلُّ مَنۡ عَلَيۡهَا فَانٖ﴿٢٦

26Ҳар чӣ рӯи замин аст, фанопазир аст

وَيَبۡقَىٰ وَجۡهُ رَبِّكَ ذُو ٱلۡجَلَٰلِ وَٱلۡإِكۡرَامِ﴿٢٧

27Ва [танҳо зоти ҷовиду] рӯйи Парвардигори бошукӯҳу арҷмандат боқӣ хоҳад монд

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٢٨

28Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

يَسۡـَٔلُهُۥ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ كُلَّ يَوۡمٍ هُوَ فِي شَأۡنٖ﴿٢٩

29[Тамоми] Касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд аз Ӯ дархости ниёз мекунанд ва Ӯ ҳар рӯз [ва ҳар лаҳза] дар коре аст

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٣٠

30Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

سَنَفۡرُغُ لَكُمۡ أَيُّهَ ٱلثَّقَلَانِ﴿٣١

31Эй гурӯҳи ҷинну инс, ба зудӣ ба ҳисоби шумо мепардозем

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٣٢

32Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

يَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ إِنِ ٱسۡتَطَعۡتُمۡ أَن تَنفُذُواْ مِنۡ أَقۡطَارِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ فَٱنفُذُواْۚ لَا تَنفُذُونَ إِلَّا بِسُلۡطَٰنٖ﴿٣٣

33Эй гурӯҳи ҷинну инс, агар метавонед аз каронаҳои осмону замин гузар кунед, [то аз муҷозоти илоҳӣ бираҳед] пас, гузар кунед; қодир [ба ин кор] нахоҳед буд, магар бо қудрати [фаровоне, ки шумо онро надоред]

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٣٤

34Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

يُرۡسَلُ عَلَيۡكُمَا شُوَاظٞ مِّن نَّارٖ وَنُحَاسٞ فَلَا تَنتَصِرَانِ﴿٣٥

35Шарорае аз оташ ва зарроти оташе бар шумо борида мешавад, ки [дар баробари он] қодир ба дифоъ нестед

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٣٦

36Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

فَإِذَا ٱنشَقَّتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ وَرۡدَةٗ كَٱلدِّهَانِ﴿٣٧

37Он гоҳ ки осмон бишкофад ва ҳамчун равғани гудохта сурхфом гардад [қиёмат оғоз хоҳад шуд]

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٣٨

38Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

فَيَوۡمَئِذٖ لَّا يُسۡـَٔلُ عَن ذَنۢبِهِۦٓ إِنسٞ وَلَا جَآنّٞ﴿٣٩

39Он рӯз [ба иллати равшан будани ҳамаи умур] аз инсу ҷин [дар бораи гуноҳонашон] суол нахоҳад шуд

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٤٠

40Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

يُعۡرَفُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ بِسِيمَٰهُمۡ فَيُؤۡخَذُ بِٱلنَّوَٰصِي وَٱلۡأَقۡدَامِ﴿٤١

41Гунаҳкорон аз чеҳраҳояшон шинохта мешаванд; он гоҳ [ононро] аз мӯйи пешонӣ ва пойҳояшон мегиранд [ва ба дузах меандозанд]

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٤٢

42Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

هَٰذِهِۦ جَهَنَّمُ ٱلَّتِي يُكَذِّبُ بِهَا ٱلۡمُجۡرِمُونَ﴿٤٣

43Ин [ҳамон] ҷаҳаннаме аст, ки гунаҳкорон инкораш мекарданд

يَطُوفُونَ بَيۡنَهَا وَبَيۡنَ حَمِيمٍ ءَانٖ﴿٤٤

44[Дар он ҷо] Миёни оташу оби ҷӯшон дар ҳаракатанд

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٤٥

45Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

وَلِمَنۡ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِۦ جَنَّتَانِ﴿٤٦

46Ҳар ки аз истодан дар пешгоҳи Парвардигораш [барои ҳисоб] метарсад, ду боғ [дар биҳишт] дорад

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٤٧

47Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

ذَوَاتَآ أَفۡنَانٖ﴿٤٨

48[Бо дарахтоне] Пур аз шохсор

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٤٩

49Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

فِيهِمَا عَيۡنَانِ تَجۡرِيَانِ﴿٥٠

50Дар он боғҳо ду чашмаи равон аст

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٥١

51Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

فِيهِمَا مِن كُلِّ فَٰكِهَةٖ زَوۡجَانِ﴿٥٢

52Дар он боғҳо аз ҳар мевае ду навъ вуҷуд дорад

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٥٣

53Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

مُتَّكِـِٔينَ عَلَىٰ فُرُشِۭ بَطَآئِنُهَا مِنۡ إِسۡتَبۡرَقٖۚ وَجَنَى ٱلۡجَنَّتَيۡنِ دَانٖ﴿٥٤

54[Биҳиштиён] Бар бистарҳое, ки астарашон аз дебои захим аст, такя мезананд ва меваҳои он боғҳо дар дастрасашон аст

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٥٥

55Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

فِيهِنَّ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ لَمۡ يَطۡمِثۡهُنَّ إِنسٞ قَبۡلَهُمۡ وَلَا جَآنّٞ﴿٥٦

56Дар он боғҳо ҳуроне афтоданигоҳ ҳастанд, ки дасти аҳаде аз инсу ҷин қаблан ба онон нарасидааст

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٥٧

57Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

كَأَنَّهُنَّ ٱلۡيَاقُوتُ وَٱلۡمَرۡجَانُ﴿٥٨

58Гӯӣ он ҳурон ёқуту марҷонанд

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٥٩

59Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

هَلۡ جَزَآءُ ٱلۡإِحۡسَٰنِ إِلَّا ٱلۡإِحۡسَٰنُ﴿٦٠

60Оё подоши некӣ ҷуз некӣ ҳаст?

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٦١

61Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

وَمِن دُونِهِمَا جَنَّتَانِ﴿٦٢

62Дар канори он боғҳо ду боғи [биҳиштии] дигар аст

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٦٣

63Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

مُدۡهَآمَّتَانِ﴿٦٤

64[Ду боғ] Ки [дарахтонаш] дар ниҳояти сабзӣ [ва хуррамӣ] аст

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٦٥

65Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

فِيهِمَا عَيۡنَانِ نَضَّاخَتَانِ﴿٦٦

66Дар он ду [боғи биҳиштӣ] ду чашмаи ҷӯшон ҷорӣ аст

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٦٧

67Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

فِيهِمَا فَٰكِهَةٞ وَنَخۡلٞ وَرُمَّانٞ﴿٦٨

68Ва дар онҳо [дарахтони] мева ва дарахтони хурмо ва анор ҳаст

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٦٩

69Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

فِيهِنَّ خَيۡرَٰتٌ حِسَانٞ﴿٧٠

70Дар миёни он боғҳо занони нексират ва некрӯй ҳузур доранд

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٧١

71Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

حُورٞ مَّقۡصُورَٰتٞ فِي ٱلۡخِيَامِ﴿٧٢

72Ҳуроне, ки дар саропардаи хаймаҳои биҳиштӣ нишастаанд

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٧٣

73Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

لَمۡ يَطۡمِثۡهُنَّ إِنسٞ قَبۡلَهُمۡ وَلَا جَآنّٞ﴿٧٤

74[Душизагоне, ки] Дасти аҳаде аз инсу ҷин қаблан ба онон нарасидааст

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٧٥

75Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

مُتَّكِـِٔينَ عَلَىٰ رَفۡرَفٍ خُضۡرٖ وَعَبۡقَرِيٍّ حِسَانٖ﴿٧٦

76[Биҳиштиён] Бар болиштҳое сабзу бистарҳое нафису зебо орамидаанд

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ﴿٧٧

77Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

تَبَٰرَكَ ٱسۡمُ رَبِّكَ ذِي ٱلۡجَلَٰلِ وَٱلۡإِكۡرَامِ﴿٧٨

78Номи Парвардигори бошукӯҳу арҷмандат бобаракату фархунда аст

RELATED SURAHS