القمر
The Moon • 55 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Қиёмат наздик шуд ва моҳ [аз ҳам] шикофт
2Агар [кофирон] муъҷизае бубинанд, рӯ мегардонанд ва мегӯянд: «[Ин] Ҷодуе [ботилу] зудгузар аст»
3Онон [оёт ва нишонаҳои илоҳиро] дурӯғ мепиндоранд ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ мекунанд; ва ҳар амре [аз подошу кайфарҳои қиёмат] дар замони махсус ба худ қарор дорад
4Ва мутмаинан [моҷарои азоби ақвоми гузашта ва] ахборе, ки боиси даст кашидан аз гуноҳ мешавад, ба мушрикон расидааст
5Ин [оёти илоҳӣ донишу] ҳикмате расост; вале [барои афроди лаҷуҷ] ҳушдорҳо суде надорад
6Пас, [эй Паёмбар] аз онон рӯ бартоб, [ва мунтазири] рӯзе [бош], ки [фариштаи] даъваткунанда [бо дамидан дар сур] ононро ба амре бас душвор [-у ваҳшатнок] фаро бихонад
7Бо дидагони фуруафтода [аз ваҳшат] аз гурҳо хориҷ мешаванд; [ҳаракаташон ба сӯйи додгоҳи илоҳӣ чунон аст, ки] гӯӣ малахҳое парокандаанд
8[Ҳароснок] Ба сӯйи мунодӣ [-и маҳшар] мешитобанд ва кофирон мегӯянд: «Имрӯз рӯзи душворе аст»
9Пеш аз онон низ қавми Нуҳ [паёмбарашонро] такзиб карданд ва бандаи Моро дурӯғгӯ хонданд ва гуфтанд: «Девона аст»; ва ӯро сахт озурданд
10Пас, ӯ Парвардигорашро хонд [ва гуфт]: «Ман мағлуб шудаам; пас, ёриам фармо [ва аз онон интиқом бигир]»
11Мо низ дарҳои осмонро барои [резиши] борони селосо кушудем
12Ва аз замин низ чашмаҳо ҷорӣ сохтем ва обҳо [аз замину осмон] барои тӯфоне, ки муқаддар шуда буд, ба ҳам пайваст
13Ва Нуҳро бар [киштии] сохта ва пардохта аз тахтаҳо ва мехҳо савор кардем
14Ки таҳти назар [ва ҳифозати] Мо ҳаракат мекард. Ин подоши касе буд, ки [қавмаш] инкораш карда буданд
15Мо он [кайфару наҷот]-ро нишонае [аз қудрати худ] бар ҷой гузоштем; оё пандпазире ҳаст?
16Пас, [бингаред] ки азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд
17Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст?
18Қавми Од [низ паёмбарашонро] дурӯғгӯ пиндоштанд; пас, [эй аҳли Макка, бингаред, ки] азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд
19Мо тундбоде сарду сахтро дар як рӯзи шум ва тӯлонӣ бар онон фиристодем
20[Тӯфоне ваҳшатнок] Ки мардумро чунон аз ҷой меканд, ки гӯӣ танаҳои нахли решаканшуда буданд
21Пас, [бингаред] ки азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд
22Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст?
23Қавми Самуд [низ] ҳушдоркунандагонро дурӯғгӯ пиндоштанд
24Онон гуфтанд: «Оё [сазовор аст] башаре аз миёни худамонро пайравӣ кунем? Дар он сурат дар гумроҳӣ ва сардаргумӣ хоҳем буд
25Оё аз миёни ҳамаи мо танҳо бар ӯ ваҳй нозил шудааст? [Чунин нест] Балки ӯ дурӯғгӯе худписанд аст»
26Фардо хоҳанд донист, ки дурӯғгӯи худписанд кист
27Ба Солеҳ гуфтем] «Барои озмоиши онон модашутуре [-ро, ки дархост кардаанд, аз дили кӯҳ ба сӯяшон] хоҳем фиристод; пас, муроқиби рафторашон бош ва [бар озорашон] шикебоӣ кун
28Ва ба онон эълом кун, ки оби [чоҳ] байни эшон [ва он модашутур] саҳмиябандӣ шудааст ва ҳар ки дар навбати худ бояд ҳозир шавад»
29Вале онон ҳамдасташонро нидо доданд; ӯ низ даст ба кор шуд ва [шутурро] ба қатл расонд
30Пас, [бингаред] ки азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд
31Мо бар онон бонги маргборе фиристодем; пас, [ҳамагӣ] ҳамчун гиёҳи хушкида [бозмонда аз оғилҳо] хурду рез шуданд
32Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст?
33Қавми Лут [низ] ҳушдордиҳандагонро дурӯғгӯ пиндоштанд
34[Мо низ] Тӯфони регборе бар сарашон фиристодем [ки ҳамагиро ҳалок кард]; магар хонаводаи Лут, ки саҳаргоҳон наҷоташон додем
35[Ин наҷот] Неъмате аз ҷониби Мо буд; ва ба ҳар ки сипосгузорӣ кунад, ин гуна подош медиҳем
36Лут ононро аз кайфари [сахти] Мо бим дод; вале онон дар баробари ҳушдорҳо ба муҷодала [ва ситез] бархостанд
37Онон аз Лут хостанд, ки меҳмононашро [барои комҷӯӣ] дар ихтиёрашон бигзорад; пас, Мо низ чашмонашонро кӯр кардем [ва гуфтем]: «Таъми азобу [натиҷаи] ҳушдорҳоямро бичашед»
38Ва субҳгоҳон азобе пойдор ононро фаро гирифт
39[Ва гуфтем] «Таъми азобу [натиҷаи] ҳушдорҳоямро бичашед»
40Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст?
41Ҳушдордиҳандагон ба суроғи фиръавниён [низ] рафтанд
42[Вале] Онон тамомии оёти Моро дурӯғ шумурданд; мо низ чунон [ки шоистаи Парвардигори] шикастнопазиру муқтадир [аст] азобашон кардем
43[Эй аҳли Макка] Оё кофирони шумо аз онон беҳтаранд ё барои шумо амонномае дар китобҳои [осмонии пешин навишташуда] аст?
44Ё мегӯянд: «Мо ҷамоате муттаҳиду интиқомҷӯ ҳастем»
45Ба зудӣ [дар ҷанги Бадр] ҷамъашон шикаст мехӯранд ва фирорӣ хоҳанд шуд
46Ваъдагоҳашон қиёмат аст, ки [нисбат ба майдони Бадр рӯзгоре бисёр] сахттару талхтар аст
47Гунаҳгорон дар гумроҳӣ ва азобанд
48Рӯзе, ки бо чеҳраҳояшон дар оташ кашида мешаванд [ва ба онон мегӯянд] «Оташи дузахро бичашед»
49Бе тардид, Мо ҳар чизеро ба андоза офаридаем
50Ва [чун чизеро ирода намоем] фармони Мо фақат як [калима] аст; ба суръати як чашм бар ҳам задан [камтар анҷом мепазирад].
51Мо [дар гузашта] ҳаммонанди шумо [кофирон]-ро ҳалок кардем; пас, оё пандпазире ҳаст?
52Рафторашон ба тамомӣ дар номаҳои аъмол сабт шудааст
53Ва ҳар кучаку бузурге [дар он] навишта шудааст
54Парҳезкорон дар боғҳо ва [канори] ҷӯйборҳо [-и биҳиштӣ] ҷой доранд
55Дар маҷлисе саршор аз ростӣ [ва шоистагӣ ва назди фармонравое муқтадир]