النجم
The Star • 62 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Савганд ба ситора, он гоҳ ки нопадид шавад
2Ки ёри шумо [Муҳаммад] ҳаргиз гумроҳ нашуда ва ба роҳи табоҳе наафтодааст
3Ва аз рӯйи ҳавои нафс сухан намегӯяд
4[Ин Қуръон] Ваҳй [-и илоҳӣ] аст, ки [ба ӯ] илқо мешавад. Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест
5[Ҷабраил, ки фариштае аст] Пуртавон таълимаш додааст
6[Ҳамон фариштаи] Хушманзаре, ки [бо чеҳраи ҳақиқиаш дар баробари Паёмбар] истод
7Дар ҳоле ки ӯ дар уфуқи боло [дар осмон] қарор дошт
8Сипас [Ҷабраил] наздик шуд; ва наздиктар
9Пас, [фосилаи ӯ бо Паёмбар] ба андозаи тӯли ду камон камтар буд
10Он гоҳ [он фариштаи бузургвор] он чиро, ки бояд ба бандаи Аллоҳ таоло ваҳй мекард, ваҳй намуд
11Он чиро, ки [паёмбар] дид, қалбаш дурӯғ напиндошт
12Оё бо ӯ дар бораи он чи мебинад, муҷодала мекунед?
13Дар ҳақиқат, паёмбар як бори дигар низ он фариштаро [ба сурати комил] мушоҳида карда буд
14Дар канори [дарахти бузург] «Сидрату-л-мунтаҳо» [дар осмони ҳафтум]
15ки оромишгоҳи биҳишт ҳамон ҷост
16Он гоҳ ки ҳолате он дарахтро пӯшонида буд
17Чашми [паёмбар ба чапу рост] мунҳариф нашуд ва [аз ҳад] таҷовуз накард
18Ба ростӣ, ки ӯ бархе аз бузургтарин нишонаҳои Парвардигорашро [дар он ҷо] мушоҳида кард
19[Эй мушрикон] Оё «Лот»-у «Уззо»-ро дидаед?
20Ва «Маннот» он савумин [бути беарзиш]-ро? [Оё ҳеҷ суду зиёне ба шумо мерасонанд?]
21Оё [иддао мекунед, ки] фарзанди писар барои шумост ва духтар барои Аллоҳ таоло?
22Дар ин сурат, тақсиме ноодилона аст
23Ин бутҳо фақат исмҳое [бемаъно] ҳастанд, ки худ ва падаронатон бо онҳо [маъбудҳои дурӯғини худро] ном ниҳодаед ва Аллоҳ таоло ҳеҷ далеле [бар ҳаққонияти ин кор] нозил накардааст. [Мушрикон дар эътиқодоташон] Фақат пайрави гумону хостаҳои дили хешанд; ҳол он ки [муҷиботи] ҳидоят аз ҷониби Парвардигорашон бар онон расидааст
24Оё инсон ҳар чи [аз шафоати ин маъбудони ботил] орзу кунад, барояш муяссар аст?
25Дунё ва охират аз они Аллоҳ аст [ва ба ҳар кас, ҳар чиро салоҳ бидонад мебахшад]
26Чи бисёр фариштагоне, ки дар осмонҳо ҳастанд, ки шафоаташон ба ҳеҷ ваҷҳ судманд нахоҳад буд; магар пас аз он ки Аллоҳ таоло барои ҳар ки бихоҳад ва хушнуд бошад, иҷозат диҳад
27Касоне, ки ба охират бовар надоранд, бар фариштагони илоҳӣ номи духтар мегузоранд [ва ононро духтарони Аллоҳ таоло медонанд]
28Онон дар мавриди ин амр [комилан] беиттилоанд [ва] фақат аз ҳадсу гумон пайравӣ мекунанд; дар ҳоле ки барои [шинохти] ҳақиқат гумон кофӣ нест
29Пас, [эй Паёмбар] ту низ аз касе, ки аз ёди Мо рӯй гардонида ва фақат [лаззатҳои] зиндагии дунёро мехоҳад, рӯй бартоб
30Ниҳояти дарку фаҳмашон ҳамин аст. Бе тардид, Парвардигорат ба ҳоли касоне, ки аз роҳи Ӯ мунҳариф шудаанд огоҳтар аст; ва низ ба ҳоли роҳёфтагон
31Ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст, [роҳи хайру шарро ба инсон ироа кард] то бадкоронро дар баробари рафторашон кайфар диҳад ва накукоронро [бо неъматҳои биҳишт] подоши наку ато намояд
32Ҳамон касоне, ки аз гуноҳони кабира ва корҳои зишту бешармона дурӣ мекунанд; магар лағжишҳои камаҳамият [ва гуноҳони сағира, ки бо тавба ва ибодат бахшида мешаванд], ки омурзиши Парвардигорат густурда аст; аз ҳамон дам, ки шуморо аз замин падид овард ва он гоҳ ки ба сурати ҷанин дар шиками модаронатон будед, ба [табиати] шумо огоҳтар [аз худатон] аст; пас, худситоӣ накунед, ки Ӯ ба ҳоли парҳезкорон донотар аст
33Оё он касеро, ки [аз ҳақ] рӯй бартофт, дидаӣ?
34Ва андаке инфоқ кард ва [сипас] худдорӣ намуд
35Оё илми ғайб дорад ва [ояндаро] мебинад?
36Оё бохабар нашудааст аз матолиби китоби осмонии Мӯсо
37ва [таълимоти] Иброҳим, ки ҳаққи [рисолат ва бандагии Мо]-ро ба тамомӣ адо кард?
38Ки ҳеҷ гунаҳгоре бори гуноҳи дигареро бар дӯш нахоҳад кашид
39Ва ин ки инсон фақат самараи талош [-у нияти] худро хоҳад дошт
40Ва ин ки бе гумон талоши ӯ [дар муҳосибаи аъмолаш дар рӯзи қиёмат] манзур хоҳад шуд
41Он гоҳ подошашро ба тамомӣ хоҳанд дод
42Ва ин ки бозгашт [-и ҳамаи умур] ба сӯйи Парвардигори туст
43Ва Ӯст, ки механдонад ва мегирёнад
44Ва Ӯст, ки мемиронад ва [дар охират] зинда мекунад
45Ва ҳам Ӯст, ки завҷи нару модаро меофарад,
46аз нутфае, ки [дар раҳим] рехта мешавад
47ва падид овардани дубораи онҳо [дар қиёмат низ бар уҳдаи] Аллоҳ таоло аст
48Ва Ӯст, ки [шуморо] бениёз мекунад ва сармоя мебахшад
49Ва Ӯст, ки Парвардигори [ситораи] «Шиъро» аст
50Ва Ӯст, ки қавми Одро дар гузашта ҳалок кард
51Ва қавми Самудро [низ нобуд кард] ва [ҳеҷ як аз ононро] боқӣ нагузошт
52Ва қавми Нуҳро, ки ситамгортар ва саркаштар буданд, пеш аз он [ҳалок намуд]
53Ва шаҳрҳои зерурӯшуда [-и қавми Лут]-ро дар ҳам кӯбид
54Ва ононро [бо азобе фарогир] – чунон ки бояд пӯшонид
55Ҳол [эй инсон] дар мавриди кадом як аз неъматҳои Парвардигорат тардид раво медорӣ [ва муҷодала мекунӣ]?
56Ин [паёмбар низ] ҳушдордиҳандаест аз [гурӯҳи] ҳушдордиҳандагони пешин
57Қиёмат наздик мешавад
58Ва ҳеҷ кас – ҷуз Аллоҳ таоло – наметавонад ошкораш кунад [ва сахтиҳояшро бартараф созад]
59[Эй мушрикон] Оё аз ин сухан дар шигифтед?
60Ва дар ҳоли ғафлат ва ғурур [ба оёти Қуръон] механдед ва [аз шунидани ҳушдорҳояш наметарсед ва] ашк намерезед?
61Ва шумо бозикунандагонед
62Пас, [ҳамагӣ] барои Аллоҳ таоло саҷда кунед ва [танҳо] Ӯро бипарастед