الطور
The Mount • 49 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Савганд ба кӯҳи Тур
2ва савганд ба китоби навишташуда
3Дар саҳифаҳои кушуда
4Ва савганд ба «Байту-л-маъмур» [ки фариштагон дар он ба ибодати Парвардигор машғуланд]
5Ва савганд ба [осмони баланд ҳамон] сақфи барафрошта [бар замин]
6Ва савганд ба дарёи оганда [аз об]
7Ки бе тардид, азоби Парвардигорат ба вуқуъ хоҳад пайваст
8Ва ҳеҷ боздорандае онро бознадорад
9Рӯзе, ки осмон ба сахтӣ дар ҷунбиш ва изтироб афтад
10Ва кӯҳҳо ба ҳаракате шадид равон шаванд
11Дар он рӯз вой ба ҳоли такзибкунандагон
12Ҳамон касоне, ки дар беҳудагӯӣ саргарми бозианд
13Рӯзе, ки бо хушунат ба сӯйи оташи дузах ронда мешаванд
14[Ба онон гуфта мешавад] «Ин [ҳамон] оташест, ки онро дурӯғ мепиндоштед
15Оё ин [оташу азоби] ҷодуст ё [ҳанӯз ҳам онро] намебинед?
16Ба оташ дароед [ва бисӯзед], ки шикебоӣ ва ношикебоии шумо [дар баробари шуълаҳои сӯзонаш] бароятон яксон аст; танҳо дар баробари он чи кардаед, муҷозот мешавед»
17Ба ростӣ, ки парҳезкорон дар боғҳои биҳишт дар нозу неъматанд
18Ва аз бахшишҳои [бедареғи] Парвардигорашон ва аз ин ки аз азоби дузах нигоҳашон доштааст, шодмонанд
19[Ба онон гуфта мешавад] «Ба подоши кирдоратон [дар дунё инак] гуворо бихӯред ва биошомед»
20Дар ҳоле ки бар тахтҳое радифшуда такя задаанд ва ҳурони ғизолчашмро ба ҳамсарии онон дармеоварем
21Муъминоне, ки фарзандонашон дар имон пайрави онон буданд, фарзандонашонро [низ дар биҳишт] ба онон мулҳақ хоҳем кард ва аз [подоши] амалашон заррае намекоҳем; чаро ки [сарнавишти] ҳар кас дар гарави дастоварди худи ӯст
22[Дар биҳишт аз] Ҳар навъ мева ва гӯште, ки бихоҳанд, пайдарпай дар дастрасашон қарор медиҳем.
23Дар он ҷо ҷомҳои шаробе аз дасти якдигар мегиранд, ки на муҷиби беҳудагӯӣ аст ва на гуноҳ;
24Ва навҷавононе [ки барои хидмат] перомунашон дар рафту омаданд, гӯӣ [аз зебоӣ ва сапедрӯӣ] ҳамчун марвориде дар садаф ҳастанд
25[Биҳиштиён] Ба якдигар рӯ меоваранд ва аз [дунё ва аҳволи гузаштаи] худ суол мекунанд
26Мегӯянд: «Мо дар дунё дар хонаводаи худ [аз азоби илоҳӣ] метарсидем
27Аллоҳ таоло [бо неъмти ислом] бар мо миннат ниҳод ва аз азоби сӯзон [-и дузах] ҳифзамон кард
28Мо дар зиндагии дунё ҳамвора Ӯро [парастиш мекардем ва ба рубубият] мехондем. Бе тардид, Ӯ накукору меҳрубон аст
29Пас, [эй Паёмбар, бо оёти Қуръон ба мардум] андарз бидеҳ, ки ба лутфи Парвардигорат [ту бар хилофи иддаои кофирон] на коҳинӣ ва на маҷнун
30Оё мегӯянд: «[Муҳаммад] Шоирест, ки мунтазирем, то маргаш фаро расад [ва аз суханонаш раҳоӣ ёбем]?»
31Бигӯ: «Мунтазир [-и марги ман] бошед; ман низ бо шумо мунтазир хоҳам монд [то азобатонро ба чашм бинам]»
32Оё ақлҳояшон ба [баёни] ин [суханони ботил] ҳукм мекунад, ё [асосан] мардуме саркаш ҳастанд?
33Оё мегӯянд: «[Муҳаммад] Қуръонро ҷаъл кардааст?». [Ҳаргиз чунин нест] Балки [ғарқ дар такаббуранд, ки] имон намеоваранд
34Агар рост мегӯянд, сухане монанди он биёваранд
35Оё онон аз ҳеҷ офарида шудаанд ё худ офаринандаи хешанд?
36Оё онон осмонҳо ва заминро офаридаанд? [На] Балки онон яқин надоранд [ки Аллоҳ таоло офаринандаи мутлақ аст]
37Оё ганҷинаҳои [неъмат ва ҳидояти] Парвардигорат назди эшон аст? Оё [бар ҳама чиз] тасаллут доранд?
38Оё нардбоне доранд, ки ба василаи он [гуфтори фариштагони ваҳйро] мешунаванд? Пас, ҳар ки шунидааст, бояд далеле равшан биёварад
39Оё Аллоҳ таоло фарзандони духтар дорад ва шумо писар?
40[Эй Паёмбар] Оё аз онон подоше дархост мекунӣ, ки [аз пардохташ дар ранҷанд ва харҷаш] барояшон [гарону] сангин аст?
41Оё аз илми ғайб огоҳанд ва [хабарҳои ниҳонро] менависанд?
42Оё қасди найранг[ва нақшаи палиде бароят] доранд? Вале кофирон худ гирифтори найранг [ва тадбири илоҳӣ] ҳастанд
43Оё онон маъбуде ғайр аз Аллоҳ таоло доранд? Аллоҳ таоло аз он чи бо Ӯ шарик қарор медиҳанд, поку муназзаҳ аст
44[Ин кофирон, ҳатто] Агар порае аз осмонро низ дар ҳоли суқут бубинанд, [боз ҳам имон намеоваранд ва] мегӯянд: «Абре мутароким аст»
45Пас, ононро [ба ҳоли худ] раҳо кун, то бо рӯзи мавъудашон, ки [бо нахустин дамидани сур] мадҳуши марг мегарданд, мувоҷеҳ шаванд
46Рӯзе, ки найрангашон судманд нахоҳад буд ва [аз ҳеҷ сӯ] ёрӣ намешаванд
47Ситамгорон [дар дунё низ ба дасти муъминон] ба азоби дигаре гирифтор хоҳанд шуд; вале бештарашон намедонанд
48[Эй Паёмбар] Дар баробари ҳукми Парвардигорат шикебо бош; зеро ту таҳти назар ва ҳифозати Моӣ; ва ҳангоме ки [аз хоб ё ба қасди ибодат] бармехезӣ, Парвардигоратро ба покӣ ситоиш кун
49Ва низ [дар посе] аз шаб Ӯро ситоиш кун [ва намоз бигузор] ва ба ҳангоми нопадид шудани ситорагон [дар сапедадам низ намози субҳ бигузор]