Adh-Dhariyat

الذاريات

The Scattering Winds60 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

وَٱلذَّٰرِيَٰتِ ذَرۡوٗا﴿١

1Савганд ба бодҳои хокафшон

فَٱلۡحَٰمِلَٰتِ وِقۡرٗا﴿٢

2Ва савганд ба абрҳои сангинбор

فَٱلۡجَٰرِيَٰتِ يُسۡرٗا﴿٣

3Ва савганд ба киштиҳои сабуксайр

فَٱلۡمُقَسِّمَٰتِ أَمۡرًا﴿٤

4Ва савганд ба фариштагон, ки умури илоҳиро [миёни мардум] тақсим мекунанд

إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَصَادِقٞ﴿٥

5Ки он чӣ ба шумо [дар мавриди подош ва азоб] ваъда дода шуда, ҳақиқат дорад

وَإِنَّ ٱلدِّينَ لَوَٰقِعٞ﴿٦

6Ва [рӯзи] ҷазо, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад

وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلۡحُبُكِ﴿٧

7Савганд ба осмон, ки [бо ситорагон ороста шуда ва гӯӣ] дорои роҳҳост

إِنَّكُمۡ لَفِي قَوۡلٖ مُّخۡتَلِفٖ﴿٨

8Ки шумо [дар мавриди Паёмбару Қуръон] ихтилофи назар доред

يُؤۡفَكُ عَنۡهُ مَنۡ أُفِكَ﴿٩

9Ҳар ки [аз роҳи ҳақ] бозгардонда шавад, аз [имон ба] Паёмбар ва Қуръон низ бозгардонда хоҳад шуд

قُتِلَ ٱلۡخَرَّٰصُونَ﴿١٠

10Марг [ва лаънат] бар дурӯғгӯён!

ٱلَّذِينَ هُمۡ فِي غَمۡرَةٖ سَاهُونَ﴿١١

11Ҳамон касоне, ки дар вартаи ҷаҳл ғофиланд

يَسۡـَٔلُونَ أَيَّانَ يَوۡمُ ٱلدِّينِ﴿١٢

12Онон [пайваста ва аз рӯйи инкор] мепурсанд: «Рӯзи ҷазо чи замоне аст?»

يَوۡمَ هُمۡ عَلَى ٱلنَّارِ يُفۡتَنُونَ﴿١٣

13Ҳамон рӯзе аст, ки ба оташ муҷозот мешаванд

ذُوقُواْ فِتۡنَتَكُمۡ هَٰذَا ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تَسۡتَعۡجِلُونَ﴿١٤

14[Ва ба онон гуфта мешавад:] «Азоби худро бичашед; ин ҳамон оташест, ки ба шитоб мехостед»

إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي جَنَّٰتٖ وَعُيُونٍ﴿١٥

15[Дар рӯзи қиёмат] Мусалламан, парҳезкорон дар боғҳое [аз биҳишт] ва [канори] чашмасорҳо ба сар мебаранд

ءَاخِذِينَ مَآ ءَاتَىٰهُمۡ رَبُّهُمۡۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَبۡلَ ذَٰلِكَ مُحۡسِنِينَ﴿١٦

16Он чи Парвардигорашон ба онон ато кардааст, дарёфт медоранд; зеро дар [зиндагии] гузашта накукор будаанд

كَانُواْ قَلِيلٗا مِّنَ ٱلَّيۡلِ مَا يَهۡجَعُونَ﴿١٧

17Онон андаке аз шабро мехуфтанд [ва бақияро ба намоз ва ниёиш машғул буданд]

وَبِٱلۡأَسۡحَارِ هُمۡ يَسۡتَغۡفِرُونَ﴿١٨

18Ва саҳаргоҳон омурзиш мехостанд

وَفِيٓ أَمۡوَٰلِهِمۡ حَقّٞ لِّلسَّآئِلِ وَٱلۡمَحۡرُومِ﴿١٩

19Ва дар амволашон барои соил ва маҳрум ҳаққе [муайян аз садақа ва закот] буд

وَفِي ٱلۡأَرۡضِ ءَايَٰتٞ لِّلۡمُوقِنِينَ﴿٢٠

20Дар замин нишонаҳо [-и қудрати илоҳӣ] барои аҳли яқин падидор аст

وَفِيٓ أَنفُسِكُمۡۚ أَفَلَا تُبۡصِرُونَ﴿٢١

21ва дар вуҷуди худатон; оё намебинед?

وَفِي ٱلسَّمَآءِ رِزۡقُكُمۡ وَمَا تُوعَدُونَ﴿٢٢

22Ва ризқу рӯзиатон ва он чӣ [аз кайфару подош ва хайру шар, ки] ба шумо ваъда дода мешавад, дар осмон аст

فَوَرَبِّ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ إِنَّهُۥ لَحَقّٞ مِّثۡلَ مَآ أَنَّكُمۡ تَنطِقُونَ﴿٢٣

23Пас савганд ба Парвардигори осмону замин, ки ваъда [-и қиёмат ва подош ва азоб] ҳамчун сухан гуфтанатон ҳақиқӣ ва қатъӣ аст

هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ ضَيۡفِ إِبۡرَٰهِيمَ ٱلۡمُكۡرَمِينَ﴿٢٤

24[Эй Паёмбар] Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст?

إِذۡ دَخَلُواْ عَلَيۡهِ فَقَالُواْ سَلَٰمٗاۖ قَالَ سَلَٰمٞ قَوۡمٞ مُّنكَرُونَ﴿٢٥

25Чун бар ӯ ворид шуданд ва салом гуфтанд, ӯ гуфт: «Салом» [ва зери лаб гуфт:] «Гурӯҳе ношиносанд»

فَرَاغَ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ فَجَآءَ بِعِجۡلٖ سَمِينٖ﴿٢٦

26Он гоҳ назди хонаводаи худ рафт ва [гӯшти бирёни] гӯсолаи фарбеҳе [барои пазироӣ] овард

فَقَرَّبَهُۥٓ إِلَيۡهِمۡ قَالَ أَلَا تَأۡكُلُونَ﴿٢٧

27[Ӯ ғизоро] Назди онон гузошт ва [чанд лаҳза баъд] гуфт: «Оё намехӯред?»

فَأَوۡجَسَ مِنۡهُمۡ خِيفَةٗۖ قَالُواْ لَا تَخَفۡۖ وَبَشَّرُوهُ بِغُلَٰمٍ عَلِيمٖ﴿٢٨

28[Пас, чун даст ба ғизо назаданд] Аз онон эҳсоси тарс кард; гуфтанд: «Натарс [мо фариштаем]; ва ӯро ба [таваллуди] писари доно башорат доданд

فَأَقۡبَلَتِ ٱمۡرَأَتُهُۥ فِي صَرَّةٖ فَصَكَّتۡ وَجۡهَهَا وَقَالَتۡ عَجُوزٌ عَقِيمٞ﴿٢٩

29Ҳамсараш бо фарёд [-у шигифтӣ] пеш омад ва дар ҳоле ки ба рӯйи худ мезад, гуфт: «Пиразани нозо [фарзанд мезояд]?

قَالُواْ كَذَٰلِكِ قَالَ رَبُّكِۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡحَكِيمُ ٱلۡعَلِيمُ﴿٣٠

30[Фариштагон] гуфтанд: «Парвардигорат чунин фармудааст; ва бе гумон, Ӯ ҳакиму доност»

۞ قَالَ فَمَا خَطۡبُكُمۡ أَيُّهَا ٱلۡمُرۡسَلُونَ﴿٣١

31[Иброҳим] Гуфт: «Эй фариштагон [-и Аллоҳ таоло], кору маъмурияти шумо чист?»

قَالُوٓاْ إِنَّآ أُرۡسِلۡنَآ إِلَىٰ قَوۡمٖ مُّجۡرِمِينَ﴿٣٢

32[Фариштагон] Гуфтанд: «Мо барои [муҷозоти] қавме муҷрим [ва гунаҳкор] фиристода шудаем

لِنُرۡسِلَ عَلَيۡهِمۡ حِجَارَةٗ مِّن طِينٖ﴿٣٣

33То сангҳое аз гил [-и сахтшуда] бар сарашон фуру борем

مُّسَوَّمَةً عِندَ رَبِّكَ لِلۡمُسۡرِفِينَ﴿٣٤

34[Сангҳое] Ки назди Парвардигорат барои исрофкорон нишон гузошта шудааст

فَأَخۡرَجۡنَا مَن كَانَ فِيهَا مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ﴿٣٥

35Пас, муъминонеро, ки дар он [шаҳрҳои қавми Лут] буданд, [пеш аз нузули азоб] берун овардем

فَمَا وَجَدۡنَا فِيهَا غَيۡرَ بَيۡتٖ مِّنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ﴿٣٦

36Вале фақат як хонаводаро ёфтем, ки [нисбат ба авомири илоҳӣ] таслим буданд

وَتَرَكۡنَا فِيهَآ ءَايَةٗ لِّلَّذِينَ يَخَافُونَ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَلِيمَ﴿٣٧

37Ва дар он [шаҳрҳо] барои мардуме, ки аз азоби дарднок [-и илоҳӣ] тарс доранд, нишонае равшан бар ҷой гузоштем

وَفِي مُوسَىٰٓ إِذۡ أَرۡسَلۡنَٰهُ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ بِسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٖ﴿٣٨

38Дар [достони] Мӯсо [низ нишона ва ибратест]; он гоҳ ки ӯро бо далеле равшан назди Фиръавн фиристодем

فَتَوَلَّىٰ بِرُكۡنِهِۦ وَقَالَ سَٰحِرٌ أَوۡ مَجۡنُونٞ﴿٣٩

39Вале [Фиръавн] бо такя бар қудраташ [ҳақро] напазируфт ва гуфт: [«Ин мард ё] Ҷодугар аст ё девона»

فَأَخَذۡنَٰهُ وَجُنُودَهُۥ فَنَبَذۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡيَمِّ وَهُوَ مُلِيمٞ﴿٤٠

40Ӯро ҳамроҳ бо сипоҳиёнаш гирифтем ва ба дарё афкандем [ва ҳалок кардем]; дар ҳоле ки [дар лаҳзаи марг худро ба хотири нофармонӣ ва куфраш] сарзаниш мекард

وَفِي عَادٍ إِذۡ أَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمُ ٱلرِّيحَ ٱلۡعَقِيمَ﴿٤١

41Дар [достони қавми] Од [низ дарси ибратест]; он гоҳ ки тундбоде бе хайру баракат бар онон фиристодем

مَا تَذَرُ مِن شَيۡءٍ أَتَتۡ عَلَيۡهِ إِلَّا جَعَلَتۡهُ كَٱلرَّمِيمِ﴿٤٢

42[Тундбоде] Ки бар ҳар чиз вазид, хоку хошокаш кард

وَفِي ثَمُودَ إِذۡ قِيلَ لَهُمۡ تَمَتَّعُواْ حَتَّىٰ حِينٖ﴿٤٣

43Дар [достони қавми] Самуд [низ дарси ибрате аст] он гоҳ ки [тавассути паёмбарашон Солеҳ] ба онон гуфта шуд: «Андаке [аз лаззатҳои зиндагӣ] баҳраманд шавед [ки танҳо се рӯз фурсат доред]»

فَعَتَوۡاْ عَنۡ أَمۡرِ رَبِّهِمۡ فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلصَّٰعِقَةُ وَهُمۡ يَنظُرُونَ﴿٤٤

44Онон аз фармони Парвардигорашон сарпечӣ карданд; пас, дар ҳоле ки [ба чашми худ азобро] медиданд, соиқа ононро фаро гирифт

فَمَا ٱسۡتَطَٰعُواْ مِن قِيَامٖ وَمَا كَانُواْ مُنتَصِرِينَ﴿٤٥

45[Чунон бар замин афтоданд, ки] На тавони бархостан [ва гурез] доштанд ва на ёрои дифоъ

وَقَوۡمَ نُوحٖ مِّن قَبۡلُۖ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمٗا فَٰسِقِينَ﴿٤٦

46Пеш аз он қавми Нуҳро, ки гурӯҳе нофармон буданд [ҳалок кардем]

وَٱلسَّمَآءَ بَنَيۡنَٰهَا بِأَيۡيْدٖ وَإِنَّا لَمُوسِعُونَ﴿٤٧

47Мо осмонро ба тавон [-и худ] бино ниҳодем ва ҳамвора онро вусъат мебахшем

وَٱلۡأَرۡضَ فَرَشۡنَٰهَا فَنِعۡمَ ٱلۡمَٰهِدُونَ﴿٤٨

48Ва заминро [барои зиндагӣ] густурдем ва чи нек густуронандае ҳастем!

وَمِن كُلِّ شَيۡءٍ خَلَقۡنَا زَوۡجَيۡنِ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ﴿٤٩

49Ва ҳама чизро ба сурати завҷ [ҷуфт] офаридем; бошад, ки [таваҷҷуҳ кунед ва] панд гиред

فَفِرُّوٓاْ إِلَى ٱللَّهِۖ إِنِّي لَكُم مِّنۡهُ نَذِيرٞ مُّبِينٞ﴿٥٠

50[Эй Паёмбар, ба мардум бигӯ:] «Пас, ба сӯйи Аллоҳ таоло биштобед, ки ман аз ҷониби Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандае ошкорам

وَلَا تَجۡعَلُواْ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَۖ إِنِّي لَكُم مِّنۡهُ نَذِيرٞ مُّبِينٞ﴿٥١

51Ва дар канори Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор надиҳед, яқинан, ман аз [ҷониби] Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандае ошкорам»

كَذَٰلِكَ مَآ أَتَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِم مِّن رَّسُولٍ إِلَّا قَالُواْ سَاحِرٌ أَوۡ مَجۡنُونٌ﴿٥٢

52Ҳар паёмбаре, ки бар пешиниёнашон мабъус шуд, ҳамин гуна гуфтанд: «[Ӯ ё] Ҷодугар аст ё девона»

أَتَوَاصَوۡاْ بِهِۦۚ بَلۡ هُمۡ قَوۡمٞ طَاغُونَ﴿٥٣

53Оё якдигарро ба ин [куфру такзиб] супориш карда буданд? На, балки мардуме саркаш буданд

فَتَوَلَّ عَنۡهُمۡ فَمَآ أَنتَ بِمَلُومٖ﴿٥٤

54Пас, [эй паёмбар] аз онон рӯй бигардон, ки ту [ба хотири куфри онон] ҳаргиз сазовори сарзаниш нестӣ

وَذَكِّرۡ فَإِنَّ ٱلذِّكۡرَىٰ تَنفَعُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ﴿٥٥

55Ва [пайваста ба онон] тазаккур бидеҳ, ки, ҳатман, тазаккур барои муъминон судбахш аст

وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ﴿٥٦

56Ва ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд]

مَآ أُرِيدُ مِنۡهُم مِّن رِّزۡقٖ وَمَآ أُرِيدُ أَن يُطۡعِمُونِ﴿٥٧

57На аз онон рӯзӣ мехоҳам, на ин ки Маро хӯрок диҳанд

إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلرَّزَّاقُ ذُو ٱلۡقُوَّةِ ٱلۡمَتِينُ﴿٥٨

58[Зеро] Аллоҳ таоло аст, ки рӯзирасони неруманд ва барқарор аст

فَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُواْ ذَنُوبٗا مِّثۡلَ ذَنُوبِ أَصۡحَٰبِهِمۡ فَلَا يَسۡتَعۡجِلُونِ﴿٥٩

59Ситамгорон [-и мушрик низ] ҳамчун ёрон [-и гузашта]-и хеш саҳме аз азоб доранд; пас, ба шитоб [онро] аз Ман нахоҳанд

فَوَيۡلٞ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن يَوۡمِهِمُ ٱلَّذِي يُوعَدُونَ﴿٦٠

60Пас, вой бар кофирон аз [азоби] рӯзи мавъудашон!

RELATED SURAHS