Qaf

ق

Qaf45 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

قٓۚ وَٱلۡقُرۡءَانِ ٱلۡمَجِيدِ﴿١

1[Қоф];[1] савганд ба Қуръони арҷманд [ки растохез омаданӣ аст]

بَلۡ عَجِبُوٓاْ أَن جَآءَهُم مُّنذِرٞ مِّنۡهُمۡ فَقَالَ ٱلۡكَٰفِرُونَ هَٰذَا شَيۡءٌ عَجِيبٌ﴿٢

2Мушрикон аз ин ки ҳушдордиҳандае аз миёни худашон ба суроғашон омадааст, ибрози шигифтӣ мекунанд ва мегӯянд: «Моҷарои аҷибе аст

أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗاۖ ذَٰلِكَ رَجۡعُۢ بَعِيدٞ﴿٣

3Он ҳангоме ки мурдем ва хок шудем [дубора барангехта хоҳем шуд?]. Ин бозгаште баид аст»

قَدۡ عَلِمۡنَا مَا تَنقُصُ ٱلۡأَرۡضُ مِنۡهُمۡۖ وَعِندَنَا كِتَٰبٌ حَفِيظُۢ﴿٤

4Бе тардид, зарроте, ки замин аз бадани онон мекоҳад, [ҳамаро] медонем; ва китобе нигоҳбон дар ихтиёр дорем [ки ҳарчи бар онон муқаддар гашта, дар он сабт аст]

بَلۡ كَذَّبُواْ بِٱلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمۡ فَهُمۡ فِيٓ أَمۡرٖ مَّرِيجٍ﴿٥

5Вақте ки [Қуръон, яъне каломи] ҳақ бар онон расид, такзибаш карданд; пас, дар ҳолати саргардонӣ [ва парешонӣ] ҳастанд [ва дар бораи Қуръон ҳайронанд]

أَفَلَمۡ يَنظُرُوٓاْ إِلَى ٱلسَّمَآءِ فَوۡقَهُمۡ كَيۡفَ بَنَيۡنَٰهَا وَزَيَّنَّٰهَا وَمَا لَهَا مِن فُرُوجٖ﴿٦

6Оё кофирон осмонро бар фарозашон наменигаранд, ки чи гуна онро барафроштем ва [ба зевари ситорагон] оростем ва орӣ аз [ҳар гуна] нуқсу халал аст?

وَٱلۡأَرۡضَ مَدَدۡنَٰهَا وَأَلۡقَيۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ وَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجِۭ بَهِيجٖ﴿٧

7Ва заминро густурдем ва кӯҳҳои собит дар он пай афкандем ва аз ҳар навъ гиёҳи зебо [шодиангезе] дар он рӯёнидем

تَبۡصِرَةٗ وَذِكۡرَىٰ لِكُلِّ عَبۡدٖ مُّنِيبٖ﴿٨

8[Онҳоро офаридем] То барои ҳар бандаи тавбакор муҷиби бинишу панд бошад

وَنَزَّلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ مُّبَٰرَكٗا فَأَنۢبَتۡنَا بِهِۦ جَنَّٰتٖ وَحَبَّ ٱلۡحَصِيدِ﴿٩

9Ва аз осмон бороне пурбаракат фиристодем ва бо он боғҳо [-и мева] ва [мазореи] дона [ҳо]-и даравкарданӣ рӯёнидем

وَٱلنَّخۡلَ بَاسِقَٰتٖ لَّهَا طَلۡعٞ نَّضِيدٞ﴿١٠

10Ва дарахтони саркашидаи хурмо бо хушаҳои барҳамнишаста

رِّزۡقٗا لِّلۡعِبَادِۖ وَأَحۡيَيۡنَا بِهِۦ بَلۡدَةٗ مَّيۡتٗاۚ كَذَٰلِكَ ٱلۡخُرُوجُ﴿١١

11Барои рӯзии бандагон; ба василаи он [борон] сарзамини хазонзада ва хушкро ҳаёт бахшидем; хуруҷ аз қабрҳо [дар қиёмат] низ ҳамин гуна аст

كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ وَأَصۡحَٰبُ ٱلرَّسِّ وَثَمُودُ﴿١٢

12Пеш аз онон низ қавми Нуҳу аҳолии «Рас» [чоҳ] ва қавми Самуд [паёмбаронашонро] дурӯғгӯ шумурданд

وَعَادٞ وَفِرۡعَوۡنُ وَإِخۡوَٰنُ لُوطٖ﴿١٣

13Ва [ҳамчунин қавми] Оду Фиръавн ва қавми Лут

وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡأَيۡكَةِ وَقَوۡمُ تُبَّعٖۚ كُلّٞ كَذَّبَ ٱلرُّسُلَ فَحَقَّ وَعِيدِ﴿١٤

14ва аҳолии «Айка» [қавми Шуайб] ва қавми «Туббаъ»; ҳар як [аз онон] паёмбарони [илоҳӣ]-ро дурӯғгӯ шумурданд; пас, ваъдаи азоби ман [бар онон] таҳаққуқ ёфт

أَفَعَيِينَا بِٱلۡخَلۡقِ ٱلۡأَوَّلِۚ بَلۡ هُمۡ فِي لَبۡسٖ مِّنۡ خَلۡقٖ جَدِيدٖ﴿١٥

15Оё мо дар офариниши нахустин фуру мондем [то аз бозофаринии он оҷиз бошем]? [Ҳаргиз] Балки онон аз офариниши ҷадид дар [ҳайрат ва] тардиданд

وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ وَنَعۡلَمُ مَا تُوَسۡوِسُ بِهِۦ نَفۡسُهُۥۖ وَنَحۡنُ أَقۡرَبُ إِلَيۡهِ مِنۡ حَبۡلِ ٱلۡوَرِيدِ﴿١٦

16Мо инсонро офаридем ва аз васвасаҳои замираш огоҳем; ва аз шоҳрагаш ба ӯ наздиктарем

إِذۡ يَتَلَقَّى ٱلۡمُتَلَقِّيَانِ عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَعَنِ ٱلشِّمَالِ قَعِيدٞ﴿١٧

17Вақте ду фаришта, ки бар самти росту чап муроқиб нишастаанд, [рафторашро] сабт мекунанд

مَّا يَلۡفِظُ مِن قَوۡلٍ إِلَّا لَدَيۡهِ رَقِيبٌ عَتِيدٞ﴿١٨

18Ҳар сухане, ки бар забон меоварад, дар канораш [фариштаи] муроқибе омодааст

وَجَآءَتۡ سَكۡرَةُ ٱلۡمَوۡتِ بِٱلۡحَقِّۖ ذَٰلِكَ مَا كُنتَ مِنۡهُ تَحِيدُ﴿١٩

19Сахтиҳои марг, ба ростӣ, даррасид. [Эй инсони ғофил] Ин ҳамон чизест, ки аз он мегурехтӣ

وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِۚ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡوَعِيدِ﴿٢٠

20Ва [барои дувумин бор] дар «сур» дамида мешавад [ва қиёмат барпо мегардад]. Он рӯз [рӯзи таҳаққуқи] ваъда [-и азоб] аст

وَجَآءَتۡ كُلُّ نَفۡسٖ مَّعَهَا سَآئِقٞ وَشَهِيدٞ﴿٢١

21Ва ҳар кас дар ҳоле [ки ду фаришта ҳамроҳиаш мекунанд, ба арсаи маҳшар] меояд; яке роҳ менамоёнад ва дигаре [бар аъмолаш] гувоҳ аст

لَّقَدۡ كُنتَ فِي غَفۡلَةٖ مِّنۡ هَٰذَا فَكَشَفۡنَا عَنكَ غِطَآءَكَ فَبَصَرُكَ ٱلۡيَوۡمَ حَدِيدٞ﴿٢٢

22[Ба ӯ гуфта мешавад:] «Ту аз ин [рӯз] дар ғафлат будӣ ва мо [бо азоби дузах] пардаи [ғафлат]-ро аз муқобилат бардоштем; акнун дидаат тезбин шудааст

وَقَالَ قَرِينُهُۥ هَٰذَا مَا لَدَيَّ عَتِيدٌ﴿٢٣

23[Фариштаи] Ҳамнишини вай мегӯяд: «Ин ҳамон [номаи аъмоли ӯ] аст, ки назди ман омадааст»

أَلۡقِيَا فِي جَهَنَّمَ كُلَّ كَفَّارٍ عَنِيدٖ﴿٢٤

24[Аллоҳ таоло ба он ду фаришта хитоб мекунад:] «Ҳар ситезаҷӯи ҳақситезеро дар дузах бияфканед

مَّنَّاعٖ لِّلۡخَيۡرِ مُعۡتَدٖ مُّرِيبٍ﴿٢٥

25[Ҳар] Монеи хайру мутаҷовиз ва бадгумонро

ٱلَّذِي جَعَلَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَأَلۡقِيَاهُ فِي ٱلۡعَذَابِ ٱلشَّدِيدِ﴿٢٦

26Ҳамон касе, ки дар канори Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор медод. Ӯро дар азобе сахт бияфканед»

۞ قَالَ قَرِينُهُۥ رَبَّنَا مَآ أَطۡغَيۡتُهُۥ وَلَٰكِن كَانَ فِي ضَلَٰلِۭ بَعِيدٖ﴿٢٧

27[Шайтони] Ҳамнишинаш мегӯяд: «Парвардигоро, ман ӯро ба туғён накашидам, вале ӯ худ дар гумроҳии бепоёне буд»

قَالَ لَا تَخۡتَصِمُواْ لَدَيَّ وَقَدۡ قَدَّمۡتُ إِلَيۡكُم بِٱلۡوَعِيدِ﴿٢٨

28[Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Дар пешгоҳи Ман ситез накунед, ки пеш аз ин ба шумо ҳушдор дода будем

مَا يُبَدَّلُ ٱلۡقَوۡلُ لَدَيَّ وَمَآ أَنَا۠ بِظَلَّٰمٖ لِّلۡعَبِيدِ﴿٢٩

29Фармони муҷозот назди Ман тағйирпазир нест; ва Аллоҳ таоло [дар кайфару подош] ба бандагонаш ситам намекунад»

يَوۡمَ نَقُولُ لِجَهَنَّمَ هَلِ ٱمۡتَلَأۡتِ وَتَقُولُ هَلۡ مِن مَّزِيدٖ﴿٣٠

30Рӯзе, ки ба дузах мегӯем: «Оё [аз ситамгарон] анбошташудаӣ?». [Ва ӯ] Мегӯяд: «Оё беш аз ин ҳам ҳаст?»

وَأُزۡلِفَتِ ٱلۡجَنَّةُ لِلۡمُتَّقِينَ غَيۡرَ بَعِيدٍ﴿٣١

31[Дар он рӯз] Биҳиштро барои парҳезкорон пеш меоваранд [то неъматҳояшро] аз наздик [бубинанд]

هَٰذَا مَا تُوعَدُونَ لِكُلِّ أَوَّابٍ حَفِيظٖ﴿٣٢

32[Ба онон гуфта мешавад:] «Ин ҳамон подошест, ки ба шумо ваъда дода мешуд, ки барои ҳар тавбакоре аст, ки [ба сӯйи Парвардигораш бозмегардад ва] пойбанд [ба паймону аҳкоми илоҳӣ] аст

مَّنۡ خَشِيَ ٱلرَّحۡمَٰنَ بِٱلۡغَيۡبِ وَجَآءَ بِقَلۡبٖ مُّنِيبٍ﴿٣٣

33Ҳамон касе, ки дар ниҳон аз [хашми Аллоҳи] раҳмон метарсад ва бо қалбе тавбакор [ба пешгоҳаш] бозмегардад

ٱدۡخُلُوهَا بِسَلَٰمٖۖ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡخُلُودِ﴿٣٤

34Бо саломат ба биҳишт дароед; ин аст рӯзи ҷовидонагӣ»

لَهُم مَّا يَشَآءُونَ فِيهَا وَلَدَيۡنَا مَزِيدٞ﴿٣٥

35Дар он ҷо ҳар чи бихоҳанд, дар ихтиёр доранд ва ҳатто бештар аз он низ дар ихтиёри мост

وَكَمۡ أَهۡلَكۡنَا قَبۡلَهُم مِّن قَرۡنٍ هُمۡ أَشَدُّ مِنۡهُم بَطۡشٗا فَنَقَّبُواْ فِي ٱلۡبِلَٰدِ هَلۡ مِن مَّحِيصٍ﴿٣٦

36Ва чи бисёр умматҳоеро, ки пеш аз мушрикони Макка ҳалок кардем, ки онон [ба маротиб] аз инҳо қавитар буданд; пас, дар гӯша ва канори шаҳрҳо ҷустуҷӯ карданд [ки бубинанд оё аз азобу ҳалокати барояшон] ҳеҷ паноҳ ва гурезгоҳе вуҷуд дорад

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَذِكۡرَىٰ لِمَن كَانَ لَهُۥ قَلۡبٌ أَوۡ أَلۡقَى ٱلسَّمۡعَ وَهُوَ شَهِيدٞ﴿٣٧

37Бе гумон дар ин [сухан] барои соҳибдилон ё касоне, ки бо ҳузур [-и қалб ба нидои тавҳид] гӯш фаро медиҳанд ва ҳушёранд, андарз аст

وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ وَمَا مَسَّنَا مِن لُّغُوبٖ﴿٣٨

38Мо осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, дар шаш рӯз офаридем ва [ҳаргиз] ранҷу хастагӣ ба Мо нарасид

فَٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ قَبۡلَ طُلُوعِ ٱلشَّمۡسِ وَقَبۡلَ ٱلۡغُرُوبِ﴿٣٩

39[Эй Паёмбар] Дар баробари суханони мушрикон шикебо бош; ва пеш аз баромадани офтоб ва қабл аз фуру шуданаш Парвардигоратро ба покӣ ситоиш кун [ва намоз бигузор]

وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَسَبِّحۡهُ وَأَدۡبَٰرَ ٱلسُّجُودِ﴿٤٠

40Ва низ [дар посе] аз шаб ва пас аз ҳар намоз ӯро ба покӣ ситоиш кун

وَٱسۡتَمِعۡ يَوۡمَ يُنَادِ ٱلۡمُنَادِ مِن مَّكَانٖ قَرِيبٖ﴿٤١

41Ва [эй Паёмбар] он гоҳ ки мунодӣ [-и қиёмат] аз маконе наздик нидо медиҳад, гӯш фаро дор

يَوۡمَ يَسۡمَعُونَ ٱلصَّيۡحَةَ بِٱلۡحَقِّۚ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡخُرُوجِ﴿٤٢

42Рӯзе, ки ҳамагон бонги саҳмноки растохезро ба ҳақ мешунаванд, [он рӯз] рӯзи хуруҷ [аз гурҳо] аст

إِنَّا نَحۡنُ نُحۡيِۦ وَنُمِيتُ وَإِلَيۡنَا ٱلۡمَصِيرُ﴿٤٣

43Моем, ки ҳаёт мебахшем ва марг медиҳем; ва бозгашт [-и ҳамагон] ба сӯйи Мост

يَوۡمَ تَشَقَّقُ ٱلۡأَرۡضُ عَنۡهُمۡ سِرَاعٗاۚ ذَٰلِكَ حَشۡرٌ عَلَيۡنَا يَسِيرٞ﴿٤٤

44Рӯзе, ки замин аз [фарози] онон шикофта мешавад, инсонҳо шитобон [берун меоянд]. Ин эҳзоре аст, ки барои Мо осон аст

نَّحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَا يَقُولُونَۖ وَمَآ أَنتَ عَلَيۡهِم بِجَبَّارٖۖ فَذَكِّرۡ بِٱلۡقُرۡءَانِ مَن يَخَافُ وَعِيدِ﴿٤٥

45Мо ба он чи [кофирон] мегӯянд, донотарем; ва ту [эй Паёмбар] бар онон мусаллат нестӣ [ки бихоҳӣ ба имон овардан водорашон кунӣ]; пас, касеро, ки аз азоб [ва ҳушдори] Ман метарсад, ба [василаи] Қуръон андарз бидеҳ

RELATED SURAHS