الحاقة
The Inevitable • 52 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1[Рӯзи] Воқеъшуданӣ [растохез]
2Он воқеъшуданӣ чист?
3Ва ту чи донӣ он воқеъшуданӣ чист [ва чи гуна аст]?
4[Қавми] Самуд ва [қавми] Од [қиёмати] дарҳамкӯбандаро такзиб карданд
5Ва аммо [қавми] Самуд ба бонги саҳмгин ҳалок шуданд
6Ва аммо [қавми] Од бо тундбоде саркаш ва сард ба ҳалокат расиданд
7[Аллоҳ таоло] ҳафт шабу ҳафт рӯз паёпай он [азоб]-ро бар онҳо мусаллат намуд. Пас, [агар он ҷо будӣ] [он] қавмро [дар асари он тундбод] монанди танаҳои пӯсидаи дарахтони хурмо бар замин афтода [ва ҳалокшуда] медидӣ
8Пас, оё аз онҳо касеро мебинӣ, ки боқӣ монда бошад?
9Ва Фиръавну касоне, ки пеш аз ӯ буданд ва [мардуми] шаҳрҳои вайроншудаи [қавми Лут] муртакиби гуноҳони [бузург] шуданд
10Пас, онҳо аз [фармони] фиристодаи Парвардигорашон сарпечӣ карданд, он гоҳ [Аллоҳ таоло] ононро ба азоби сахте гирифтор кард
11Ҳангоме ки об туғён кард, Мо шуморо дар киштӣ савор кардем
12То панде барои шумо қарор диҳем ва гӯшҳои шунаво онро бишнаванд ва ба ёд биспоранд
13Пас, он гоҳ ки як бор дар сур дамида шавад
14Ва замину кӯҳҳо аз ҷо канда шуда ва якбора дарҳам кӯбида [ва муталошӣ] шаванд
15Дар он рӯз воқеаи [азими] қиёмат ба вуқуъ] мепайвандад
16Ва осмон шикофта мешавад ва дар он рӯз суст мегардад [ва фурӯ мерезад]
17Ва фариштагон бар канораҳои он [осмон] қарор мегиранд ва он рӯз ҳашт [фаришта] арши Парвардигоратро бар сари худ ҳамл мекунанд
18Дар он рӯз шумо [ҳамагӣ барои ҳисобрасӣ ба пешгоҳи Аллоҳ таоло] арза мешавед ва ҳеҷ чиз аз [корҳои] шумо пинҳон нахоҳад монд
19Аммо касе, ки номаи [аъмолаш]-ро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: «Биёед, нома [-и аъмол] -и маро бихонед
20Ман яқин доштам, ки бо ҳисоб [-и аъмол]-и худ мувоҷеҳ хоҳам шуд»
21Пас, ӯ дар як зиндагии писандида [ва ризоятбахш] хоҳад буд
22Дар биҳиште барин
23Ки меваҳояш [барои чидан] дар дастрас аст
24[Ва ба онҳо гуфта мешавад]: «Ба [хотири] он чи дар айёми гузашта пеш фиристодаед, бихӯред ва биёшомед, гувороятон бод»
25Ва аммо касе, ки нома [-и аъмол]-ашро ба дасти чапаш диҳанд, мегӯяд: «Эй кош, ҳаргиз нома [-и аъмол] - амро ба ман намедоданд
26Ва намедонистам, ҳисобам чист!
27Эй кош, [бо марг] ҳама чиз тамом мешуд [ва поёни кор буд]!
28Молу дороиям маро бениёз накард [ва суде набахшид]
29Қудрату фармонравоиям [низ] аз [дасти] ман рафт [ва ба куллӣ нобуд шуд]»
30[Ба фариштагон гуфта мешавад] «Ӯро бигиред ва дар банду занҷир кунед
31Сипас ӯро ба [оташи] дузах бияфканед.
32Он гоҳ вайро дар занҷире бибандед, ки тӯлаш ҳафтод зироъ аст
33Бе гумон, ӯ ҳаргиз ба Аллоҳи бузург имон намеовард
34Ва ҳаргиз [мардумро] бар таом додани бенаво[-ён] ташвиқ намекард
35Пас, имрӯз дар ин ҷо дӯсти самимӣ [ва меҳрубоне] надорад [ки ёриаш кунад]
36Ва ғизое ба ҷуз чирку хун надорад
37[Ғизое, ки] Ҷуз гунаҳгорон онро намехӯранд»
38Пас, савганд ба он чи мебинед
39Ва ба он чи намебинед
40Бе тардид, ин [Қуръон сухани Аллоҳ таоло аст, ки иблоғаш ба паёмбар бар уҳдаи] фиристодаи бузургвор [Ҷабраил] аст
41Ва инҳо гуфтори шоире нест, [аммо шумо кофирон] камтар имон меоваред
42Ва [низ] гуфтори коҳине нест, [аммо шумо] камтар панд мегиред.
43Аз сӯйи Парвардигори ҷаҳониён нозил шудааст
44Ва агар [паёмбар] суханон [-и дурӯғ] бар Мо мебаст
45Мусалламан, Мо дасти рости ӯро мегирифтем
46Сипас [шоҳ] раги қалбашро қатъ мекардем
47Ва ҳеҷ як аз шумо наметавонист монеъ [-и азоб]-и ӯ гардад
48Яқинан, ин [Қуръон] панду тазкире барои парҳезкорон аст
49Ва Мо яқинан, медонем, ки бархе аз шумо такзибкунандагон [-и ин каломи илоҳӣ] ҳастед
50Ва ҳамоно ин [Қуръон] бар кофирон мояи ҳасрату надомат аст
51Ва бе гумон, ин [Қуръон] ҳақиқати ростин аст
52Пас, [эй паёмбар] бо [зикри] номи Парвардигори бузургат [Ӯро] тасбеҳ гӯй