المعارج
The Ascending Stairways • 44 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Дархосткунандае [ба тамасхур] тақозои азоберо кард, ки вуқуаш [дар қиёмат] ҳатмӣ аст
2[Ин азоб] Барои кофирон аст [ва] ҳеҷ дафъкунандае надорад
3Аз сӯйи Аллоҳ таоло [ба вуқуъ мепайвандад, ки] соҳиби маротиб ва дараҷоти волост
4Фариштагон ва Руҳ [Ҷабраил] ба сӯйи Ӯ уруҷ мекунанд, дар рӯзе, ки миқдораш [дар миқёси башарӣ] панҷоҳ ҳазор сол аст
5Пас, ту [эй Паёмбар, дар баробари тамасхури эшон] сабри наку пеша кун
6Бе гумон, онҳо он [рӯз]-ро дур мебинанд
7Ва Мо онро наздик мебинем
8[Ҳамон] Рӯзе, ки осмон чун миси гудохта шавад
9Ва кӯҳҳо монанди пашми рангин [муталошӣ ва пароканда] шавад
10Ва ҳеҷ дӯсти самимӣ [ва хешованде] аз [ҳоли] дӯсти самимӣ [ва хешовандаш] намепурсад
11[Дар ҳоле ки] Онон ба якдигар нишон дода мешаванд, гунаҳгор [дӯст дорад ва] орзу мекунад, ки фарзандони худро дар баробари [раҳоӣ аз] азоби он рӯз бидиҳад
12Ва [ҳамчунин] ҳамсару бародарашро
13ва қабилаашро, ки [ҳамеша] ба ӯ ҷо ва паноҳ медод
14Ва [ҳамчунин] ҳамаи онҳоеро, ки рӯйи замин ҳастанд, [фидо кунад] то наҷот ёбад
15[Аммо] Ҳаргиз чунин нест! Бе гумон, он шуълаҳои [оташи] сӯзон аст
16[Ки] пӯст аз сар бармеканад
17Касонеро, ки [ба фармони Аллоҳ таоло] пушт карданд ва [аз ҳақ] рӯй гардониданд, [ба сӯи худ] фаро мехонад
18Ва [низ касонеро, ки] амволро ҷамъоварӣ ва захира карданд [ва ҳаққи онро напардохтанд]
19Яқинан, инсон камтоқат [-у ҳарис] офарида шудааст
20Ҳар гоҳ бадӣ [ва мусибате] ба ӯ расад, бетобӣ мекунад
21Ва ҳар гоҳ хубӣ ба ӯ расад, боздоранда [ва бахил] мегардад
22Магар намозгузорон
23Ҳамон касоне, ки бар намозҳояшон ҳамеша пойдорӣ мекунанд.
24Ва касоне, ки дар амволашон ҳаққи [муайяну] маълуме ҳаст
25Барои мустаманд ва маҳрум
26Ва [ҳамон] касоне, ки рӯзи ҷазоро тасдиқ мекунанд
27Ва касоне, ки аз азоби Парвардигорашон метарсанд
28[Чаро ки] Бе гумон, аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд
29Ва касоне, ки шармгоҳҳояшонро нигаҳ медоранд
30Магар бо ҳамсарону канизоне, ки молики онҳо ҳастанд, ки [дар ин сурат] сарзанише бар онҳо нест
31Пас, ҳар кас фаротар аз инҳоро бихоҳад, онон мутаҷовизон ҳастанд
32Ва касоне, ки амонатҳо ва паймонҳояшонро риоя мекунанд
33Ва касоне, ки ба шаҳодатҳои худ мутааҳҳиданд
34Ва касоне, ки бар намозашон пойдорӣ мекунанд
35Инон дар боғҳо [-и биҳишт] гиромӣ дошта мешаванд
36Пас, [эй Паёмбар] кофиронро чи шудааст, ки ба сӯйи ту мешитобанд?
37[Ва] Аз росту чап гурӯҳ-гурӯҳ [ҳуҷум меоваранд?]
38Оё ҳар кадом аз онҳо [бо он аъмоли нописандашон] тамаъ доранд, ки дар биҳишти пурнеъмат [-и илоҳӣ] дароварда шаванд?
39Ҳаргиз чунин нест! Бе гумон, Мо онҳоро аз он чи [худ] медонанд, офаридаем
40Пас, ба Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳо савганд мехӯрам, ки Мо яқинан қодирем
41Бар ин ки [касони дигаре] беҳтар аз эшонро ҷойгузин кунем ва Мо [барои анҷоми ин кор] дармонда ва нотавон нестем
42Пас, [эй Паёмбар] ононро ба ҳоли худ вогузор, то дар ботили худ фуру раванд ва бозӣ кунанд, то ба рӯзе бирасанд, ки бад-эшон ваъда дода шудааст
43[Ҳамон] Рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо хориҷ мешаванд, гӯӣ ба сӯйи бутҳо медаванд
44[Дар ҳоле ки] Чашмҳояшон [аз шарму ваҳшат] ба зер афтода ва зиллат [-у хорӣ] ононро пӯшидааст. Ин ҳамон рӯзест, ки ба эшон ваъда дода мешавад