المؤمنون
The Believers • 118 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Ба ростӣ, ки муъминон растагор шуданд
2Ҳамон касоне, ки дар намозашон фурӯтан ҳастанд
3Ва онон, ки аз [гуфтору рафтори] беҳуда рӯйгардонанд
4Ва онон, ки закот мепардозанд
5Ва онон, ки шармгоҳашонро ҳифз мекунанд
6Магар дар мавриди ҳамсарон ё канизонашон, ки [дар баҳрагирии ҷинсӣ аз онҳо] накуҳише бар онон нест
7Пас, ҳар ки фаротар аз ин бихоҳад, ононанд, ки аз ҳад даргузаштаанд
8Ва [дар зумраи муъминонанд] касоне, ки амонатҳо ва аҳди худро риоят мекунанд
9Ва касоне, ки бар [адои] намозҳояшон муроқибат мекунанд
10Инонанд, ки ворисон ҳастанд
11[Ҳамон] Касоне, ки биҳишти баринро ба ирс мебаранд [ва] дар он ҷовидонанд
12Ва дар ҳақиқат, инсонро аз чакидае аз гил офаридем
13Сипас ӯро ба шакли нутфае дар қароргоҳе устувор [раҳим] ниҳодем
14Сипас нутфаро [Ба шакли] хуни баста сохтем ва он гоҳ хуни бастаро [ба сурати] порагӯште сохтем, сипас порагӯштро [ба шакли] устухон даровардем ва он гоҳ бар устухонҳо гӯшт пӯшонидем. Сипас он [ҷанин]-ро офаринише дигар бахшидем. Пас, [пурбаракату] бузургвор аст Аллоҳ таоло, ки накутарин офаринанда аст
15Сипас шумо [пас аз тайи мароҳили зиндагӣ] ҳатман, хоҳед мурд
16Он гоҳ бе тардид, дар рӯзи қиёмат барангехта мешавед
17Ва ба яқин Мо бар фарозатон ҳафт осмон офаридем ва [ҳаргиз] аз офариниш ғофил набудаем
18Ва аз осмон ба андозае муайян [барои ниёзи махлуқот] обе фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва ҳатман, барои аз байн бурданаш [низ] комилан тавоноем
19Сипас тавассути он [об] бароятон боғҳое аз дарахтони хурмо ва ангур падид овардем, ки дар он [боғҳо] барои шумо меваҳое бисёре аст ва аз он [маҳсулот] мехӯред
20Ва дарахте [офаридем], ки аз Тӯри Сино бармеояд ва равғани [зайтун] медиҳад ва хӯрише барои хӯрандагон аст
21Ва бе тардид, барои шумо дар [вуҷуди] чаҳорпоён ибрате [аз қудрати Аллоҳ таоло] аст: аз он чи дар шиками онҳост ба шумо [шир] менӯшонем ва дар [вуҷуди] онҳо бароятон судҳои бисёре вуҷуд дорад ва аз [гӯшти] онҳо мехӯред
22[Дар хушкӣ] Бар онҳо савор мешавед ва [дар об] бар киштиҳо
23Ва бе тардид, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем, пас, [ба онон] гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед [ки] ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред. Оё парво намекунед?»
24Пас, ашроф ва бузургони қавмаш, ки куфр варзида буданд, гуфтанд: «Ин [мард касе] нест, магар башаре ҳамчун шумо, [ки] мехоҳад бар шумо бартарӣ ҷӯяд. Агар Аллоҳ таоло мехост, фариштагоне [ба сӯятон] нозил мекард. Мо инро [ки Нуҳ мегӯяд] дар миёни ниёгони худ нашнидаем
25Ӯ марди девонае беш нест. Пас, то муддате мунтазир бошед [ки ё дурӯғаш ошкор гардад ва даст аз даъваташ бардорад ё маргаш фаро расад]
26[Нуҳ] Гуфт: «Парвардигоро, маро дар баробари такзиби онон ёрӣ кун»
27Пас, ба ӯ ваҳй кардем: «Киштиро таҳти назари Мо ва ба ваҳйи Мо бисоз ва ҳангоме ки фармони [азоби] Мо фаро расад ва [ба нишонаи расидани тӯфон об аз] танӯр ҷӯшад, аз ҳар навъи [ҳайвон] як ҷуфти [нару мода] дар киштӣ савор кун ва хонаводаатро [низ ҳамроҳи худ бубар], магар касоне, ки пештар ваъда [-и ҳалок] бар онон муқаррар шудааст ва дар бораи [наҷоти] касоне, ки ситам кардаанд, бо Ман сухан нагӯ, [чаро ки] онон ҳатман, ғарқ хоҳанд шуд
28Пас, ҳангоме ки ту ва ҳамроҳонат бар киштӣ савор шудед, бигӯ: «Сипос махсуси Аллоҳ таоло аст, ки моро аз [чанги] гурӯҳи ситамгор наҷот дод»
29Ва [низ] бигӯ: «Парвардигоро, моро дар манзилгоҳе пурбаракат фуруд овар, ки Ту беҳтарин фурудоварандаӣ»
30Бе тардид, дар ин [моҷаро] нишонаҳое [аз қудрати Аллоҳ таоло дар наҷоти муъминон ва азоби кофирон] аст ва яқинан, Мо озмоишгар [-и имон ва куфри мардум] будаем
31Он гоҳ гурӯҳи дигареро пас аз онон падид овардем
32Ва аз худашон паёмбаре дар [миёни] онон фиристодем [то бигӯяд]: «Аллоҳро бипарастед, [ки] ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред. Оё парво намекунед?»
33Гурӯҳе аз ашроф ва бузургони қавмаш, ки куфр варзида буданд ва дидори охиратро дурӯғ меангоштанд ва дар зиндагии дунё ба онон неъмату осоиш дода будем, гуфтанд: «Ин [мард касе] нест, магар башаре ҳамчун шумо. Аз он чи [шумо] мехӯред, [ӯ низ] мехӯрад ва аз он чи ки шумо менӯшед, [ӯ низ] менӯшад [пас, бартарие надорад, ки паёмбар бошад]
34Ва агар аз башаре ҳамчун худ итоат кунед, дар он сурат яқинан, зиёнкоред
35Оё ӯ ба шумо ваъда медиҳад, ки вақте мурдед ва хоку устухон шудед, [дар қиёмат аз гӯр] берун оварда мешавед?
36Он чи ба шумо ваъда медиҳад, чи дур аст, чи дур!
37[Зиндагонӣ] Ҷуз ҳамин зиндагии дунёии мо нест. [Гурӯҳе] Мемирем [ва гурӯҳе ба ҷойи онҳо] зинда мешавем ва ҳаргиз [пас аз марг] барангехта нахоҳем шуд
38Ӯ [касе] нест, магар мардест, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ва мо ба ӯ имон намеоварем»
39Паёмбарашон] Гуфт: «Парвардигоро, маро дар баробари такзиби онон ёрӣ кун»
40[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Пас аз андак замоне, [аз кори худ] сахт пушаймон мешаванд»
41Пас, бонг [-и маргбор]-е ононро ба ҳақ фуру гирифт ва [ҳамчун] хору хошокашон намудем. Пас, қавми ситамгор [аз раҳмати Аллоҳ таоло] дур бод!
42Сипас баъд аз онон наслҳое дигар падид овардем
43Ҳеҷ уммате на аз аҷали худ пешӣ мегирад ва на таъхир мекунад
44Сипас паёмбарони худро паёпай фиристодем. Ҳар гоҳ паёмбаре барои [ҳидояти] уммате меомад, ӯро дурӯғгӯ меангоштанд, пас, [Мо низ] ононро яке пас аз дигаре ҳалок кардем ва ононро достонҳо [-и ибратомӯзе барои ояндагон] қарор додем. Пас, нобуд бод, қавме, ки имон намеоваранд!
45Сипас Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти [нуҳгонаи] хеш ва далоили ошкор фиристодем
46Ба сӯйи Фиръавн ва ашрофи [қавми] ӯ, вале онон гарданкашӣ карданд ва гурӯҳе бартарихоҳ буданд
47Ва гуфтанд: «Оё ба ду инсони монанди худ имон биёварем, ҳол он ки қавмашон бардагони мо ҳастанд?»
48Пас он дуро дурӯғгӯ ангоштанд, [ва] саранҷом ҳалок шуданд
49Ва бе тардид, ба Мӯсо китоби [Таврот] додем, бошад, ки [Бани Исроил] ҳидоят шаванд
50Ва писари Марям ва модарашро нишонае [аз қудрати илоҳӣ] карор додем ва ононро дар маконе баланд ва ҳамворе, ки дорои амният ва обе [зулолу] ҷорӣ буд, ҷой додем
51Эй паёмбарон, аз [ғизоҳои] покиза бихӯред ва кори шоиста анҷом диҳед. Яқинан, ман ба он чи мекунед, огоҳам
52Ва дар ҳақиқат, ин дини шумо дини воҳид [ба номи ислом] аст ва ман Парвардигоратон ҳастам. Пас, аз ман парво кунед [битарсед]
53Аммо [пайравонашон ихтилоф карданд ва] дар кори динашон миёни худ фирқа-фирқа ва пароканда гаштанд ва ҳар гурӯҳе ба он чи наздашон аст, дилхушанд [чаро ки худро бар ҳақ медонанд]
54Пас, [эй Паёмбар] ононро то вақте [ки азоб фаро мерасад] дар ҷаҳлу нодонишон раҳо кун
55Оё гумон мекунанд, он чи аз сарвату фарзандон, ки ба онон медиҳем,
56[барои ин аст, ки] шитобон некиҳоро ба эшон бирасонем? [На, ҳаргиз чунин нест] Балки онон [ҳақиқатро] дарнамеёбанд
57Касоне, ки аз бими Парвардигорашон тарсонанд
58Ва касоне, ки ба оёти Парвардигорашон имон меоваранд
59Ва касоне, ки ба Парвардигорашон ширк намеварзанд
60Ва касоне, ки дар анҷоми корҳои хайр мекӯшанд ва аз ин ки ба сӯйи Парвардигори хеш бозмегарданд, [ва аз ин ки корҳои некашон мақбули даргоҳи ҳақ воқеъ нашавад] дилҳояшон ҳаросон аст
61Инон дар некиҳо шитоб мекунанд ва дар анҷоми он [аз якдигар] пешӣ мегиранд
62Ва [Мо] ба ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф намекунем ва назди Мо китобест, ки [дар бораи аъмоли бандагон] ба ҳақ сухан мегӯяд ва ба онон ситам намешавад
63[На] Балки дилҳояшон аз ин [китоб] дар ғафлат аст ва онон ба ҷуз ин [гуноҳи куфр] корҳое [дигар низ] анҷом медиҳанд
64То ҳангоме ки сарватмандонашонро ба азоб гирифтор кунем, ногаҳон фарёди зорӣ сар медиҳанд
65[Ба онон гуфта мешавад] «Имрӯз нола ва зорӣ накунед, [ки] ҳаргиз аз сӯйи мо ёрӣ нахоҳед шуд
66Бе тардид, оёти Ман пайваста бар шумо хонда мешуд, вале [аз ҳақ] рӯй мегардонед
67Дар ҳоле ки дар баробараш такаббур мекардед [ва дар маҷолиси шабонаи худ] ба бадгӯӣ мепардохтед
68Оё онон дар ин гуфтор [Қуръон] наяндешидаанд ё [магар] чизе барояшон омада, ки барои ниёгонашон наёмадааст?
69Ё паёмбарашонро нашинохтаанд ва [аз ин рӯст, ки] инкораш мекунанд
70Ё мегӯянд, ӯ ҷунун дорад? [На, чунин нест] Балки [ӯ дини] ҳақро барояшон овардааст, вале бештарашон аз [пазириши] ҳақ нохушнуданд
71Агар Аллоҳ таоло аз ҳавасҳои онон пайравӣ кунад [ва умури ҳастӣ ба майли кофирон идора шавад], осмонҳо ва замин ва ҳар ки дар онҳост, табоҳ мегардад, балки барои онон пандашон [Қуръон]-ро овардаем [ки мояи иззату шарафашон аст], вале онон аз пандашон рӯйгардонанд
72[Эй Паёмбар] Оё ту аз онон [барои таблиғи дин] подоше металабӣ? Ва ҳол он ки подоши Парвардигорат [басе] беҳтар аст ва Ӯ беҳтарин рӯзидиҳанда аст
73Ва бе тардид, ту ононро ба роҳе рост даъват мекунӣ
74Касоне, ки ба охират имон надоранд, ҳатман аз ин роҳи [рост] мунҳариф шудаанд
75Агар ба онон раҳм кунем ва балову ранҷеро, ки [аз қаҳтӣ ва гуруснагӣ] дидаанд, аз эшон бартараф созем, бар саркашӣ [ва гумроҳии] хеш пофишорӣ мекунанд [ва ҳамчунон] ба бероҳа мераванд
76Дар ҳақиқат, [Мо] ононро ба азоб [-у бало] гирифтор сохтем [то бедор шаванд], аммо дар баробари Парвардигорашон фурӯтанӣ нанамуданд ва [ба даргоҳаш тазарруъ ва] зорӣ накарданд
77[Онон пайваста чунин ҳастанд] То он гоҳ ки даре аз азоби сахт бар онон мекушоем [ва чунон гирифтор шаванд], ки [аз ҳама ҷо] маъюс гарданд
78[Эй мункирони қиёмат] Аллоҳ таоло аст, ки барои шумо гӯшу чашм ва дил падид овард. Чи андак сипос мегузоред!
79Ва Ӯст, ки шуморо дар замин [офарид ва] пароканда кард ва [рӯзи қиёмат] ба сӯйи Ӯ ҷамъ мешавед
80Ва Ӯст, ки зинда мекунад ва мемиронад ва ихтилофи шабу рӯз аз тадбири Ӯст. Оё намеандешед?
81[Чунин накарданд] Балки онон низ ҳамон [суханонеро] гуфтанд, ки пешиниён мегуфтанд
82Гуфтанд: «Оё ҳангоме ки мурдему хоку устухон шудем, барангехта хоҳем шуд?
83Бе тардид, ин ваъдаро пеш аз ин низ ба мо ва ниёгонамон додаанд. Ин [сухан чизе] нест, магар [дурӯғҳо ва] афсонаҳои пешиниён»
84[Эй Паёмбар, ба мункирони меод] бигӯ: «Агар медонед, [бигӯед], замин ва ҳар ки дар он аст, аз они кист?»
85Хоҳанд гуфт: «[Ҳама] Аз они Аллоҳ таоло аст». Бигӯ: «Пас, оё панд намегиред?»
86Бигӯ: «Парвардигори ҳафт осмон ва Парвардигори Арши бузург кист?»
87Хоҳанд гуфт: «[Ҳама] Аз они Аллоҳ таоло аст». Бигӯ: «Пас, оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?»
88Бигӯ: «Агар медонед, [бигӯед] фармонравоии ҳама чиз ба дасти кист? Ва [кист, ки] паноҳ медиҳад ва касе дар баробари [азоби] ӯ паноҳ надорад?»
89Хоҳанд гуфт: «[Фармонравоии ҳама чиз] Аз они Аллоҳ таоло аст». Бигӯ: «Пас, чи гуна афсун мешавед [ва намеандешед]?»
90[Чунин нест, ки кофирон гумон мекунанд] Балки Мо ҳақро барояшон овардем ва яқинан, онон дурӯғгӯ ҳастанд
91Аллоҳ таоло ҳаргиз фарзанде барнагузидааст ва ҳеҷ маъбуде бо Ӯ нест. [Агар чунин буд] Он гоҳ ҳар маъбуде он чиро офарида буд, [бо худ] мебурд ва мусалламан, бархе бар бархе дигар бартарӣ меҷустанд [ва низоми ҳастӣ табоҳ мегашт]. Аллоҳ таоло аз он чи [мушрикон] тавсиф мекунанд, муназзаҳ аст
92Ӯ донои ниҳону ошкор аст ва аз он чи бо Вай шарик месозанд, бартар аст
93Бигӯ: «Парвардигоро, агар он [азобе]-ро, ки ба онон ваъда дода мешавад, ба ман нишон медиҳӣ [ки шоҳидаш бошам],
94Пас, Парвардигоро маро дар [ҳангоми азоб дар канори ин] гурӯҳи ситамгор қарор мадеҳ»
95Ва ҳатман, Мо тавоноем, ки он чиро ба онон ваъда медиҳем, ба ту нишон диҳем
96[Эй Паёмбар] бадиро ба шевае, ки беҳтар аст, дафъ кун [ва бубахшу шикебо бош]. Мо ба он чи [мушрикон дар бораи ту] тавсиф мекунанд, донотарем
97Ва бигӯ: «Парвардигоро, ман аз васвасаҳои шаётин ба Ту паноҳ мебарам
98Ва Парвардигоро, аз ин ки онҳо назди ман ҳозир шаванд, [низ] ба Ту паноҳ мебарам»
99[Кофирон пайваста бар ақидаи ботилашон ҳастанд] То ҳангоме ки марги яке аз онон фаро расад, [он гоҳ дар ҳоле ки] назди Парвардигори [худ нолаву зорӣ мекунад, ба фариштагон] мегӯяд: «Маро [ба дунё] бозгардонед
100Шояд дар он чи [кӯтоҳӣ намуда ва] тарк кардам, кори шоистае анҷом диҳам». Ҳаргиз чунин нест. Бе тардид, ин фақат сухане аст, ки ӯ ба забон мегӯяд [ва ҳаргиз рафтораш тағйир намекунад] ва рӯзе, ки барангехта шаванд, пушти сарашон барзахест
101Рӯзе, ки дар сур дамида мешавад, ҳеҷ як аз [ ифтихороти хонаводагӣ ва] пайвандҳои хешовандӣ миёнашон [барқарор] нахоҳад буд ва [аз ваҳшати азоб] аз [ҳоли] якдигар намепурсанд
102Ва ҳар ки вазнаи аъмолаш сангин бошад, ононанд, ки растагоранд
103Ва ҳар ки вазнаи аъмолаш сабук бошад, ононанд, ки ба хеш зиён задаанд ва дар дузах ҷовидонанд
104Оташ чеҳраҳояшонро месӯзонад ва дар он ҷо рӯйтурш ва зиштманзаранд
105[Ба онон гуфта мешавад] «Магар на ин буд, ки оётам бар шумо хонда мешуд ва онҳоро дурӯғ меангоштед?»
106[Дар посух] Мегӯянд: «Парвардигоро, бадбахтӣ бар мо чира шуд ва гурӯҳе гумроҳ будем
107Парвардигоро, моро аз ин [дузах] берун овар. Пас, агар [ба куфру нофармонӣ] бозгаштем, ҳатман, ситамгорем»
108[Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Дар он [оташ] гум шавед ва бо Ман сухан нагӯед
109Гурӯҳе аз бандагонам мегуфтанд: «Парвардигоро, имон овардем, пас, моро бибахшо ва бар мо раҳм кун, [ки] бе тардид, Ту беҳтарин бахшояндаӣ»
110Вале шумо ононро масхара мекардед, то ҷойе, ки [саргарм шудан ба тамасхури эшон] зикр [-у ибодати] Маро аз ёдатон бурд ва ҳамчунон ба онон механдидед
111Имрӯз Ман ононро аз он ҷиҳате, ки шикебоӣ карданд, подош медиҳам. Оре, эшонанд, ки растагоранд»
112[Аллоҳ таоло ба дузахиён] Мегӯяд: «Чанд сол дар замин ба сар бурдед»?
113Мегӯянд: «Як рӯз ё бахше аз як рӯзро ба сар бурдем. Аз ҳисобгарон [ки ҳисоби рӯзу солро нигаҳ медоранд] бипурс»
114Ӯ мегӯяд: «[Оре] Агар медонистед, ҷуз андаке [дар дунё] ба сар набурдед
115Оё пиндоштаед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва ба сӯйи Мо бозгардонида намешавед?
116Пас, баландмартаба [ва бузург] аст Аллоҳ таоло [ки] фармонравои ҳақ аст. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест [ва] Парвардигори Арши гаронқадр аст
117Ва ҳар ки бо Аллоҳ таоло маъбуди дигареро бихонад, яқинан, ҳеҷ далеле бар [ҳаққонияти] он нахоҳад дошт ва ҳисоби ӯ бо Парвардигораш хоҳад буд. Бе тардид, кофирон растагор намешаванд
118Ва [эй Паёмбар] бигӯ: «Парвардигоро, [гуноҳонамро] бибахшой ва раҳм кун ва Ту беҳтарин бахшандаӣ»