Nuh

نوح

Noah28 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

إِنَّآ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦٓ أَنۡ أَنذِرۡ قَوۡمَكَ مِن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ﴿١

1Бе гумон, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем [ва гуфтем]: «Қавми худро – пеш аз он ки азоби дарднок ба суроғашон ояд – ҳушдор деҳ [ва битарсон]

قَالَ يَٰقَوۡمِ إِنِّي لَكُمۡ نَذِيرٞ مُّبِينٌ﴿٢

2[Нуҳ] Гуфт: «Эй қавм, ман барои шумо бимдиҳандае ошкор ҳастам

أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱتَّقُوهُ وَأَطِيعُونِ﴿٣

3Ки Аллоҳро бипарастед ва аз Ӯ парво намоед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед

يَغۡفِرۡ لَكُم مِّن ذُنُوبِكُمۡ وَيُؤَخِّرۡكُمۡ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمًّىۚ إِنَّ أَجَلَ ٱللَّهِ إِذَا جَآءَ لَا يُؤَخَّرُۚ لَوۡ كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ﴿٤

4[Пас, агар чунин кардед, Аллоҳ таоло] гуноҳони шуморо меомурзад ва шуморо то замони муайяне муҳлат медиҳад, зеро ҳангоме ки аҷали илоҳӣ фаро расад, таъхир нахоҳад дошт, агар медонистед»

قَالَ رَبِّ إِنِّي دَعَوۡتُ قَوۡمِي لَيۡلٗا وَنَهَارٗا﴿٥

5Ва Нуҳ [пас аз насиҳату даъват] гуфт: «Парвардигоро, ба ростӣ, ки ман қавми худро шабу рӯз [ба имон] даъват кардам

فَلَمۡ يَزِدۡهُمۡ دُعَآءِيٓ إِلَّا فِرَارٗا﴿٦

6Вале даъвати ман ҷуз ба гурезашон [аз ҳақ] наафзуд

وَإِنِّي كُلَّمَا دَعَوۡتُهُمۡ لِتَغۡفِرَ لَهُمۡ جَعَلُوٓاْ أَصَٰبِعَهُمۡ فِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَٱسۡتَغۡشَوۡاْ ثِيَابَهُمۡ وَأَصَرُّواْ وَٱسۡتَكۡبَرُواْ ٱسۡتِكۡبَارٗا﴿٧

7Ва ман ҳар чи даъваташон кардам, то саранҷоми ононро биёмурзӣ, ангуштони худро дар гӯшҳояшон фурӯ карданд ва либосҳояшонро [ба худ] печиданд ва [дар мухолифат] исрор [-у пофишорӣ] карданд ва ба шиддат гарданкашӣ ва такаббур намуданд

ثُمَّ إِنِّي دَعَوۡتُهُمۡ جِهَارٗا﴿٨

8Он гоҳ онҳоро бо садои баланд [ва ошкор] даъват кардам

ثُمَّ إِنِّيٓ أَعۡلَنتُ لَهُمۡ وَأَسۡرَرۡتُ لَهُمۡ إِسۡرَارٗا﴿٩

9Он гоҳ ошкоро барояшон гуфтам ва дар ниҳон барои [ҳар кадом аз] онон баён кардам

فَقُلۡتُ ٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ إِنَّهُۥ كَانَ غَفَّارٗا﴿١٠

10Пас, гуфтам: «Аз Парвардигори хеш омурзиш бихоҳед [ки] бе гумон, Ӯ бисёр омурзанда аст

يُرۡسِلِ ٱلسَّمَآءَ عَلَيۡكُم مِّدۡرَارٗا﴿١١

11То аз осмон [борони] паёпай бар шумо бифиристад

وَيُمۡدِدۡكُم بِأَمۡوَٰلٖ وَبَنِينَ وَيَجۡعَل لَّكُمۡ جَنَّٰتٖ وَيَجۡعَل لَّكُمۡ أَنۡهَٰرٗا﴿١٢

12Ва шуморо бо амволу фарзандони бисёр ёрӣ кунад, ба шумо боғҳои [сарсабз] бидиҳад ва бароятон ҷӯйборҳо[-и ҷорӣ] қарор диҳад

مَّا لَكُمۡ لَا تَرۡجُونَ لِلَّهِ وَقَارٗا﴿١٣

13Шуморо чи шудааст, ки барои Аллоҳ таоло азамат [-у шукӯҳ] қоил нестед?

وَقَدۡ خَلَقَكُمۡ أَطۡوَارًا﴿١٤

14Дар ҳоле ки шуморо дар мароҳили гуногун офарид

أَلَمۡ تَرَوۡاْ كَيۡفَ خَلَقَ ٱللَّهُ سَبۡعَ سَمَٰوَٰتٖ طِبَاقٗا﴿١٥

15Оё намебинед, чи гуна Аллоҳ таоло ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид?

وَجَعَلَ ٱلۡقَمَرَ فِيهِنَّ نُورٗا وَجَعَلَ ٱلشَّمۡسَ سِرَاجٗا﴿١٦

16Ва моҳро дар миёни осмонҳо мояи рӯшноӣ қарор дод ва хуршедро чароғи [фурӯзоне] гардонид?

وَٱللَّهُ أَنۢبَتَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ نَبَاتٗا﴿١٧

17Ва Аллоҳ таоло шуморо ҳамчун гиёҳе аз замин рӯёнид

ثُمَّ يُعِيدُكُمۡ فِيهَا وَيُخۡرِجُكُمۡ إِخۡرَاجٗا﴿١٨

18Сипас шуморо ба он [замин] бозмегардонад ва бори дигар шуморо берун меоварад

وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ بِسَاطٗا﴿١٩

19Ва Аллоҳ таоло заминро барои шумо густурда сохт

لِّتَسۡلُكُواْ مِنۡهَا سُبُلٗا فِجَاجٗا﴿٢٠

20То аз роҳҳои паҳновари он [ба сӯйи мақсади худ] рафтуомад кунед»

قَالَ نُوحٞ رَّبِّ إِنَّهُمۡ عَصَوۡنِي وَٱتَّبَعُواْ مَن لَّمۡ يَزِدۡهُ مَالُهُۥ وَوَلَدُهُۥٓ إِلَّا خَسَارٗا﴿٢١

21Нуҳ гуфт: «Парвардигоро, онҳо аз ман нофармонӣ намуданд ва аз касе пайравӣ карданд, ки молу фарзандаш чизе ҷуз зиёнкорӣ бар ӯ наафзудааст

وَمَكَرُواْ مَكۡرٗا كُبَّارٗا﴿٢٢

22Ва [он пешвоёни гумроҳ] найранги бузурге ба кор бурданд

وَقَالُواْ لَا تَذَرُنَّ ءَالِهَتَكُمۡ وَلَا تَذَرُنَّ وَدّٗا وَلَا سُوَاعٗا وَلَا يَغُوثَ وَيَعُوقَ وَنَسۡرٗا﴿٢٣

23Ва гуфтанд: «Маъбудони худро раҳо накунед ва [ба хусус] «Вадда» ва «Сувоъ» ва «Яғус» ва «Яъуқ» ва «Наср»-ро [раҳо накунед]

وَقَدۡ أَضَلُّواْ كَثِيرٗاۖ وَلَا تَزِدِ ٱلظَّٰلِمِينَ إِلَّا ضَلَٰلٗا﴿٢٤

24Ба ростӣ, онҳо бисёреро гумроҳ карданд ва [ту эй Парвардигор] ситамгоронро ҷуз гумроҳӣ маафзой»

مِّمَّا خَطِيٓـَٰٔتِهِمۡ أُغۡرِقُواْ فَأُدۡخِلُواْ نَارٗا فَلَمۡ يَجِدُواْ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ أَنصَارٗا﴿٢٥

25[Саранҷом онон] Ба кайфари гуноҳонашон [ҳамагӣ] ғарқ шуданд, пас, дар оташ [-и дузах] дароварда шуданд ва дар баробари [азоби] илоҳӣ ёвар [-у мададгоре] барои худ наёфтанд

وَقَالَ نُوحٞ رَّبِّ لَا تَذَرۡ عَلَى ٱلۡأَرۡضِ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ دَيَّارًا﴿٢٦

26Нуҳ гуфт: «Парвардигоро, ҳеҷ як аз кофиронро бар рӯйи замин боқӣ магузор

إِنَّكَ إِن تَذَرۡهُمۡ يُضِلُّواْ عِبَادَكَ وَلَا يَلِدُوٓاْ إِلَّا فَاجِرٗا كَفَّارٗا﴿٢٧

27Чаро ки агар онҳоро боқӣ гузорӣ, бандагонатро гумроҳ мекунанд ва ҷуз [насле] бадкор ва кофир ба вуҷуд намеоваранд

رَّبِّ ٱغۡفِرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيَّ وَلِمَن دَخَلَ بَيۡتِيَ مُؤۡمِنٗا وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِۖ وَلَا تَزِدِ ٱلظَّٰلِمِينَ إِلَّا تَبَارَۢا﴿٢٨

28Парвардигоро, маро ва падару модарам ва ҳар он касеро, ки бо имон вориди хонаи ман мешавад ва [тамоми] мардони муъмин ва занони муъминро биёмурз ва ситамгоронро ҷуз ҳалокат [ва нобудӣ] маафзо»

RELATED SURAHS