الواقعة
The Event • 96 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Ҳангоме ки воқеаи қиёмат рух диҳад
2[Хоҳед дид, ки] Дар вуқуи он дурӯғе нест
3[Гурӯҳеро] Хор мекунад ва [гурӯҳеро] рафъати мақом мебахшад
4Он гоҳ ки замин ба сахтӣ ларзонда шавад
5Ва кӯҳҳо ба тамомӣ муталошӣ гардад
6Ва [ҳамчун] ғуборе пароканда шавад
7Ва шумо ба се гурӯҳ тақсим шавед
8[Нахуст] Саодатмандон [ҳастанд]; чи саодатмандоне [ва чи наку ҷойгоҳе]!
9Ва [гурӯҳи дигар] тирабахтон [ҳастанд]; чи тирабахтоне [ва чи бад ҷойгоҳе]!
10Ва [савумин гурӯҳ] пешгомон, ки [дар некиҳо] сабқат гирифтанд
11Онон муқаррабони [даргоҳи илоҳӣ] ҳастанд
12Дар боғҳои пурнеъмат [-и биҳишт ҷой доранд]
13Гурӯҳи бисёре аз онон дар зумраи пешиниён ҳастанд [хоҳ аз уммати ислом ё аз умматҳои гузашта];
14ва андаке аз ояндагон [ва мутааххирон] ҳастанд
15Ки бар тахтҳои гавҳарнишон
16рӯбарӯи ҳам такя задаанд
17Навҷавононе ҳамвора шодоб гирди онон [ба хидмат] мегарданд
18Бо ҷомҳо ва кӯзаҳо ва қадаҳҳое аз шароби ҷорӣ
19[Шаробе] Ки аз нӯшиданаш сардард намегарданд ва дастхуши мастӣ намешаванд
20Ва аз ҳар мева [дар ихтиёр доранд]
21ва гӯшти паранда, ки бихоҳанд
22Ва ҳуроне ғизолчашм
23Ҳамчун марвориди пинҳон дар садаф
24[Инҳо ҳама] Подоши аъмолашон аст
25Дар он ҷо [сухани] ёва ва гуноҳолуд нахоҳанд шунид
26Дар он ҷо сухане ҷуз салом ва дуруд [-и фариштагон ва биҳиштиён] нест
27Ва [аммо] саодатмандон; чи саодатмандоне!
28Дар канори дарахтони бехори сидр [ҳастанд]
29Ва дарахтони мавз бо хушаҳои барҳамнишаста
30Бо сояе густурда
31Ва оби ҳамвора равон
32Ва меваҳое фаровон,
33ки на тамом шавад ва на мамнуъ гардад
34Ва бистарҳои барафрошта [ва арзишманд]
35Ва ҳамсароне, ки бо офаринише вижа падид овардем [ки зебоӣ ва ҷавонии ҷовидон доранд]
36Ҳамвора душизаанд
37ва шавҳардӯстоне ҳамсиннусол ҳастанд
38[Ҳамаи ин неъматҳо] Барои саодатмандон аст,
39Дар боғҳои пурнеъмат [-и биҳишт ҷой доранд]
40ки бархе аз онон дар зумраи пешиниён ва бархе дигар дар зумраи мутааххирон ҳастанд
41Ва [аммо] тирабахтон; чи тирабахтоне!
42Дар миёни боди заҳрогин ва оби ҷӯшон қарор доранд
43Ва сояҳое аз дуди сиёҳ,
44ки на хунук аст ва на хуш
45Онон дар дунё сарватманду саркаш буданд
46Ва бар гуноҳи бузург [-и ширк] исрор меварзиданд
47Ва мегуфтанд: «Оё ҳангоме ки мурдем ва хоку устухон шудем, барангехта хоҳем шуд?
48Оё ниёкони мо низ [барангехта мешаванд]?»
49[Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Бе тардид, гузаштагон ва ояндагон
50ҳама дар ваъдагоҳи қиёмат ҷамъ хоҳанд шуд»
51Он гоҳ шумо, эй гумроҳони такзибкунанда
52Ҳатман, аз [меваи] дарахти зақум хоҳед хӯрд
53Ва шикамҳоро аз он анбошта мекунед
54Он гоҳ рӯйи он оби ҷӯшон менӯшед
55Ҳамчун шутурони ташна
56Ин пазироии онон дар рӯзи ҷазост
57Моем, ки шуморо [аз ҳеҷ] офаридаем; пас, чаро [офариниши дубораро] бовар надоред?
58Оё ба нутфае, ки [дар раҳими ҳамсаронатон] мерезед, таваҷҷуҳ кардаед?
59Оё шумо онро меофаринед ё мо офаринандааш ҳастем?
60Мо дар миёни шумо маргро муқаддар кардем ва нотавон нестем,
61ки амсоли шуморо ҷойгузин [-и худатон] кунем ва шуморо ба гунае ки аз он бехабаред, [дар офаринише нав] падид оварем
62Шумо, ки аз офариниши нахустин ба равшанӣ огоҳ шудаед, чаро [ба ёди охират намеафтед ва] панд намегиред?
63Оё ба донаҳое, ки мекоред, таваҷҷуҳ кардаед?
64Оё шумо ҳастед, ки онро мерӯёнед ё Мо рӯёнандаем?
65Агар мехостем, хошокаш мекардем; чунон ки шигифтзада шавед
66[Ва чунон нобудаш мекардем, ки бигӯед] «Мо зиён кардаем,
67балки ҳама чизро аз даст додаем
68Оё ба обе, ки менӯшед, таваҷҷуҳ кардаед?
69Оё шумо онро аз абр фуру боридед ё Мо фуруборандаи он ҳастем
70Агар мехостем, онро шӯру талх мекардем, пас, чаро сипос намегузоред?
71Оё ба оташе, ки меафрӯзед, таваҷҷуҳ кардаед?
72Оё шумо дарахташро офаридаед Мо офаридаем?
73Мо ин оташро василаи ёдоварии [азоби дузах] ва мояи бархӯрдорӣ [ва роҳатии] мусофирон қарор додаем
74Пас, [эй Паёмбар,] ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯ [ва Ӯро ба покӣ ёд кун]
75Савганд ба ҷойгоҳи ситорагон
76Ки агар бидонед, савганди бузурге аст
77Ки ин [гуфтор] Қуръоне гаронқадр аст
78Дар лавҳи маҳфуз қарор дорад
79Ҷуз фариштагони поксират касе [онро намебинад] ба он дастрасӣ надорад
80Аз сӯйи Парвардигори ҷаҳониён нозил шудааст
81Оё ин суханро сабук мешуморед?
82Ва ба ҷойи шукри рӯзиҳое, ки ба шумо дода шудааст, онро дурӯғ мепиндоред?
83Он гоҳ ки [ҷони наздиконатон] ба гулугоҳ мерасад
84Ва шумо дар он ҳангом наззора мекунед
85Ва Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале намебинед
86Агар рост мегӯед ва ҳаргиз дар баробари аъмолатон ҷазо дода намешавед [ва қиёмате нест],
87пас, чаро ҷонашро бознамегардонед?
88Аммо агар ӯ дар зумраи муқаррабон бошад
89Дар оромишу кушоиш ва биҳишти пурнеъмат аст
90Ва агар дар зумраи саодатмандон бошад,
91[ба ӯ гуфта мешавад] «Саломат ва амният бар ту бод, ки аз саодатмандон ҳастӣ»
92Аммо агар аз такзибкунандагони гумроҳ [ва дар зумраи тирабахтон] бошад
93бо оби ҷӯшон [аз ӯ] пазироӣ мешавад
94ва ба [оташи] дузах дармеояд
95Ин [ваъдаи подош ва азоб] яқинан ҳақиқат дорад [ва тардиде дар он нест]
96Пас, [эй Паёмбар] бо [зикри] номи Парвардигори бузургат [ӯро] тасбеҳ гӯй