الزمر
The Groups • 75 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Нузули ин китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири ҳаким аст
2Ин китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, пас, Аллоҳро бо хулуси эътиқод парастиш кун
3Огоҳ бошед, ки дини холис [ва холӣ аз ширк] аз они Аллоҳ таоло аст ва афроде, ки ғайри Аллоҳро [дӯст ва] корсози худ интихоб кардаанд [пиндорашон ин аст, ки]: «Онҳоро фақат ба ин далел мепарастем, ки моро ба Аллоҳ таоло наздик гардонанд [ва манзалатамонро бештар кунанд]». Аллоҳ таоло дар мавориди ихтилофашон миёни онон [ва муваҳҳидони ростин] доварӣ хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ таоло касеро, ки дурӯғгӯи носипос бошад, ҳидоят нахоҳад кард
4Агар Аллоҳ таоло мехост фарзанде баргузинад, аз миёни офаридагони худ ҳар чи мехост, бармегузид. Ӯ муназзаҳ [аз ин нисбатҳо] аст ва Ӯст Аллоҳи ягонаи пирӯзманд
5Осмонҳо ва заминро ба ҳақ [ва бо ҳадаф] офарид. Шабро бар рӯз мегустуронад ва рӯзро бар шаб ва хуршеду моҳро дар хидмат [-и шумо] гумошт, ки ҳар як то саромади муайяне равон аст. Огоҳ бошед! Ӯ шикастнопазири омурзгор аст
6Ӯ шуморо аз як тан офарид, он гоҳ ҳамсарашро низ аз вай падид овард ва барои [истифодаи] шумо ҳашт навъ аз чаҳорпоён [нару модаи шутур, гов, гӯсфанд ва буз]-ро офарид. Шуморо дар шиками модаратон тайи мароҳили мухталиф дар ниҳонгоҳҳои сегона меофаринад. Ин аст Аллоҳ таоло, Парвардигори шумо, ки фармонравоӣ хоси Ӯст. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, пас, чи гуна ба бероҳа меравед?
7Агар носипосӣ кунед, [бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз шумо бениёз аст ва ҳаргиз носипосии бандагонашро намеписандад ва агар шукри Ӯро ба ҷой оваред, ин корро бароятон меписандад ва ҳеҷ гунаҳгоре бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад, пас, бозгаштатон ба сӯйи Парвардигоратон аст. Он гоҳ Ӯ шуморо аз он чи анҷом медодед, огоҳ мекунад. Яқинан, Ӯ аз рози дилҳо огоҳ аст
8Ҳаргоҳ инсон дучори [ранҷу] зиёне мешавад, Парвардигорашро [бо тазарруъ ва зорӣ] мехонад ва ба даргоҳаш бозмегардад. Аммо ҳангоме ки неъмате аз ҷониби худ ба вай мебахшем, мушкилеро, ки қаблан барояш дуо мекард, аз ёд мебарад ва барои Аллоҳ таоло [дар қудрат] ҳамтоёне қоил мешавад, то [дигаронро низ] аз роҳи Ӯ гумроҳ кунад. [Эй паёмбар, ба чунин касе] Бигӯ: «Андак замоне бо носипосӣ [аз неъматҳои дунё] баҳраманд шав, ки қатъан дузахӣ хоҳӣ буд»
9Оё [чунин мушрике беҳтар аст ё] он ки дар тӯли шаб дар ҳоли саҷда ва қиём ба ибодат машғул аст ва аз [азоби] охират тарсон аст ва ба раҳмати Парвардигораш умед дорад? Бигӯ: «Оё касоне, ки [ҳаққи бандагии Парвардигорро] медонанд ва касоне, ки намедонанд, яксонанд? Танҳо хирадмандон панд мепазиранд»
10[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй бандагони боимони ман, аз Парвардигоратон парво кунед. Афроде, ки некуӣ мекунанд [илова бар охират дар ин дунё низ] подоши неку доранд. Замини Аллоҳ таоло густурдааст [пас, агар барои ҳифзи ақидаи худ дучори мушкил шудед, ҳиҷрат кунед]. Қатъан, подоши пойдорон комилу бедареғ ато хоҳад шуд»
11Бигӯ: «Ман маъмурам бо хулуси эътиқод Аллоҳро бипарастам
12Ва маъмур шудаам нахустин касе [дар ин уммат] бошам, ки таслим [маҳз дар муқобили Парвардигор] аст»
13Бигӯ: «Агар дар баробари Парвардигорам нофармон бошам, аз азоби рӯзи бузург [қиёмат] метарсам»
14[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ман Аллоҳро бо хулуси эътиқоди худ мепарастам
15Шумо низ ғайр аз Аллоҳ таоло ҳар чиро мехоҳед, бипарастед». Бигӯ: «Зиёнкорон [-и воқеӣ] касоне ҳастанд, ки [ба тамаъи дунё] худ ва хонаводаашонро дар растохез ба зиён андохтаанд. Огоҳ бошед, ки ин ҳамон зиёни ошкор аст
16Бар болои сар ва зери пояшон табақоте аз оташ аст. Ин аст он чи Аллоҳ таоло бандагонашро аз он метарсонад. Эй бандагони Ман, аз [нофармонии] Ман парво кунед
17Башорат барои касонест, ки аз парастиши тоғут [бутҳо] иҷтиноб варзиданд ва [тавбакунон] ба даргоҳи илоҳӣ бозгаштанд. Пас, [эй паёмбар] ба бандагонам [биҳиштро] башорат бидеҳ
18[Ҳамон] Касоне, ки сухан [-ҳои мухталиф]-ро мешунаванд ва аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд. Онон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло ҳидояташон карда ва хирадманданд
19Оё касеро, ки фармони муҷозот бар ӯ қатъӣ шудааст [метавон ҳидоят намуд]? Оё ту метавонӣ касеро, ки дар оташ аст, наҷот диҳӣ?
20Аммо касоне, ки аз Парвардигорашон парво доранд, [дар биҳишт] ғурфаҳое доранд, ки бар фарози онҳо ғурфаҳое [дигар] сохта шудааст [ва] аз зери онҳо ҷӯйборҳо ҷорист. Аллоҳ таоло [ба дурустӣ] ваъда додааст ва ваъдахилофӣ намекунад
21Оё надидаӣ, ки Аллоҳ таоло бороне аз осмон фиристод ва онро [ба сурати] чашмаҳое дар замин ҷорӣ сохт. Он гоҳ ба василаи он киштзоре бо рангҳои гуногун падид меоварад. Сипас пажмурда мегардад ва мебинӣ, ки зард шудааст. Он гоҳ онро хурду хошок месозад? Бе тардид, дар ин [дигаргуниҳо] панде барои хирадмандон аст
22Оё касе, ки Аллоҳ таоло дилашро пазирои Ислом карда ва аз ҷониби Парвардигораш аз нур [ҳидоят ва басират] бархӯрдор гашта [ҳаммонанди сахтдилон аст]? Вой бар онон дар баробари зикри Аллоҳ таоло сангдил шудаанд! Онон дар гумроҳии ошкоранд
23Аллоҳ таоло беҳтарин суханро дар сурати китобе нозил карда, ки [бархе аз оёташ] ҳаммонанди якдигар ва [бархе низ] мукаррар аст. Касоне, ки аз [муҷозоти] Парвардигорашон бим доранд, [бо шунидани ин оёт] мӯй бар танашон рост мешавад ва сипас дилу ҷонашон ба ёди Аллоҳ таоло ором мегирад. Ин ҳидояти Аллоҳ таоло аст, ки ҳар киро бихоҳад, ба он роҳ менамояд ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ созад, ҳеҷ ҳидоятгаре нахоҳад дошт
24Оё касе, ки дар рӯзи қиёмат [дастонаш баста аст ва ночор] бо рӯяш он азоби сахтро дафъ мекунад, [ҳамчун касест, ки дар осоиши биҳишт қарор дорад]? Ба ситамгорон [-и мушрик] гуфта шавад, [натиҷаи] дастовардатонро бичашед
25Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ [оёти Аллоҳро] дурӯғ шумурданд ва аз ҷойе, ки фикр намекарданд, азоб домангирашон шуд
26Пас, Аллоҳ таоло [таъми] расвоӣ ва хориро дар зиндагии дунё ба онон чашонд ва мусалламан, азоби охират бузургтар [ва сахттар] аст. Агар мушрикон медонистанд [ки рафторашон чи пайомаде дорад, ибрат мегирифтанд]
27Дар ин Қуръон аз ҳар [гуна] масале барои мардум овардаем, бошад, ки панд пазиранд
28Қуръоне ба забони фасеҳи арабӣ ва бидуни ҳеҷ гуна ибҳому инҳироф [нозил кардем], бошад, ки [таҳти таълимоташ аз Парвардигори якто] парво кунанд
29Аллоҳ таоло [барои муқоисаи мушрику муваҳҳид] мардеро мисол мезанад, ки чанд шарик дар бораи [моликияти] ӯ пайваста бо ҳам ихтилофу мушоҷара доранд ва дар муқобилаш марде, ки таҳти фармони як нафар қарор дорад. Оё ин ду нафар [аз назари мавқеият] яксонанд? Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст, вале бештарашон намедонанд
30[Эй Паёмбар] Қатъан, ту хоҳӣ мурд ва онон [низ] хоҳанд мурд
31Он гоҳ [шумо-мардум] дар рӯзи қиёмат назди Парвардигоратон [дар бораи масоили мавриди ихтилоф] муҷодала хоҳед кард
32Ва кист ситамгортар аз он ки ба Аллоҳ таоло, дурӯғ нисбат медиҳад ва сухани ростеро, ки ба вай расидааст, дурӯғ мешуморад? Оё дар дузах ҷойгоҳе барои кофирон нест?
33Аммо онон, ки паёми ростин биёваранд [ва дигаронро ба пазириши он даъват кунанд] ва худ низ онро тасдиқ намоянд, ба ростӣ, парҳезгоранд
34Ҳар чи бихоҳанд, назди Парвардигорашон доранд. Подоши некукорон ҳамин аст
35То Аллоҳ таоло бадтарин рафторашонро аз [корномаи] онон бизудояд ва бар асоси беҳтарин аъмолашон ба эшон подош диҳад
36Оё Аллоҳ таоло барои дифоъ аз бандааш кофӣ нест? Аммо мушрикон туро аз бутҳо ва маъбудонашон метарсонанд ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, ҳеҷ ҳидоятгаре нахоҳад дошт
37Ва ҳар киро, ки Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, ҳеҷ кас гумроҳаш нахоҳад сохт. Оё Аллоҳ таоло шикастнопазиру додситон нест?!
38[Эй Паёмбар] Агар аз мушрикон бипурсӣ: «Чи касе осмонҳо ва заминро офаридааст»? Мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Ба онон бигӯ: «Пас, ба назари шумо, агар Аллоҳ таоло нохушӣ ва ранҷе бароям бихоҳад, оё он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонед, метавонанд осебашро бартараф кунанд? Ё агар Аллоҳ таоло раҳмате барои ман бихоҳад, оё метавонанд монеаш шаванд?» Бигӯ: [Пуштибонии] Аллоҳ таоло бароям кофӣ аст. Аҳли таваккал танҳо бар Ӯ таваккал мекунанд»
39Бигӯ: «Эй қавми ман, шумо бар ҳол [ва вазъи ширкомез]-и худ бошед, ман низ [ба вазоифи худ] амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист,
40[Ба зудӣ хоҳед донист, ] ки кист он ки [дар дунё] гирифтори азоби расвогар мешавад ва [дар охират] азоби поянда бар сараш меборад»
41Ин китоби осмониро барои [ҳидояти] мардум, барҳақ бар ту нозил кардем. Ҳар ки ҳидоят шавад, ба суди худи ӯст ва ҳар ки гумроҳ гашт, ба зиёни хеш гумроҳ шудааст ва ту [нигаҳбон ва] корсозашон нестӣ [ки ононро ба ҳидоят иҷбор кунӣ]
42Аллоҳ таоло ҷонҳоро дар лаҳзаи марг мегирад ва[низ] ҷони касеро, ки намурдааст, ба ҳангоми хобаш [мегирад], он гоҳ ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо рондааст, нигаҳ медорад ва ҷони дигаронро бозпас мефиристад, то ҳангоми муайян [марг]. Дар ин [амр] барои ҳар ки биандешад, нишонаҳое [аз қиёмат] аст
43Оё мушрикон ғайр аз Аллоҳ таоло [барои худ аз миёни бутҳо] шафоаткунандагоне интихоб кардаанд? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ҳатто агар онҳо молики чизе набошанд ва [чизеро] дарк накунанд [боз ҳам онҳоро ба шафоат металабед]»?
44Бигӯ: «Шафоат ба тамомӣ аз они Аллоҳ таоло аст. Фармонравоии осмонҳо ва замин низ аз они Ӯст ва ниҳоятан [ҳамагӣ] ба пешгоҳи Ӯ бозгардонда мешавед»
45Ҳангоме ки Аллоҳ таоло ба яктоӣ [ва тавҳид] ёд мешавад, дилҳои касоне, ки ба охират имон надоранд, мутанаффир [ва безор] мегардад. Ва чун аз маъбудоне ғайр аз Аллоҳ таоло ёд шавад, он гоҳ аст, ки мушрикон шодмон мегарданд
46Бигӯ: «Бор илоҳо, [эй] офаринандаи осмонҳо ва замин, эй донои ниҳону ошкор, Ту дар миёни бандагонат дар мавориди ихтилофашон доварӣ хоҳӣ кард»
47Агар ду баробари он чи дар замин аст, дар ихтиёри ситамгорон [мушрикон] бошад, ҳамаро барои наҷоти худ аз сахтии азоби рӯзи қиёмат фидо мекунанд [Вале пазируфтанӣ нест]. Ва аз ҷониби Аллоҳ таоло умуре барояшон ошкор мегардад, ки тасаввурашро ҳам намекарданд
48[Дар он рӯз] Дастоварди зишташон бар онон ошкор мешавад ва азобе, ки масхара мекарданд, домангирашон хоҳад шуд
49Ҳар гоҳ инсон дучори [ранҷу] зиёне шавад, Моро [ба ниёиш] мехонад ва чун аз ҷониби хеш неъмате ба вай арзонӣ дорем, мегӯяд: "Фақат [лаёқат ва] доноии худам муҷиби ин неъмат шудааст. [На] балки ин озмоиш [-и илоҳӣ] аст, вале бештари мардум намедонанд
50Пешиниёнашон ҳам ҳамин суханро гуфтанд, вале [ба ҳангоми азоб] дастовардашон суде ба ҳолашон надошт
51Ва [уқубати] дастоварди зишташон домангирашон шуд. Ин ситамгорон [-и мушрик] низ ба уқубати дастовардашон гирифтор хоҳанд шуд ва [Парвардигори мутаолро] ба танг нахоҳанд овард
52Оё мушрикон намедонанд, ки Аллоҳ таоло [неъмат ва] рӯзиро бар ҳар касе, ки бихоҳад, густурда медорад ва ё танг мегирад? Бе гумон, дар ин амр барои муъминон нишонаҳое [аз тадбири илоҳӣ] аст
53[Эй Паёмбар] Ба бандагонам, ки [дар иртикоб ба ширку гуноҳ] зиёдаравӣ кардаанд, бигӯ: «Аз раҳмати илоҳӣ маъюс набошед, чаро ки [агар тавба кунед] Аллоҳ таоло ҳамаи гуноҳонатонро мебахшад. Ба ростӣ, ки Ӯ бисёр омурзанда ва меҳрубон аст
54Пеш аз он ки азоб ба суроғатон биёяд ва ҳеҷ кас натавонад ёриатон кунад, ба сӯйи Парвардигоратон бозгардед ва таслими [фармони] Ӯ гардед
55Ва пеш аз он ки ногаҳон, дар ҳоле ки ғофилед, азоб ба суроғатон биёяд, аз беҳтарин дастурҳое, ки аз ҷониби Парвардигоратон ба шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед
56[Ҳам акнун барҳазар бошед] то касе [дар рӯзи қиёмат] нагӯяд: «Эй дареғ бар ман, ки дар ҳаққи Аллоҳ таоло кӯтоҳӣ намудам ва [муъминонро] масхара мекардам»!
57Ё [гуноҳи худро бар гардани тақдир наандозад ва] нагӯяд: «Агар Аллоҳ таоло маро ҳидоят карда буд, қатъан, парҳезкор будам»
58Ё ҳангоме ки азобро мебинад, нагӯяд: «Эй кош, бозгаште [ба дунё] доштам, то дар зумраи некукорон қарор мегирифтам»
59[Аллоҳ таоло мефармояд] «Оёти Ман бароят омад ва ту онҳоро дурӯғ пиндоштӣ ва такаббур намудӣ ва куфр варзидӣ»
60Ва рӯзи қиёмат касонеро, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ бастаанд, сияҳрӯй мебинӣ. Оё дар дузах ҷойгоҳе барои мутакаббирон нест»?
61Аллоҳ таоло парҳезкоронро бо ворид кардан ба макони комёбиашон, [аз азоб] наҷот медиҳад. [Дар биҳишт] На ранҷе ба онон мерасад ва на андуҳгин мешаванд
62Аллоҳ таоло офаридгори ҳар чизест ва Ӯ бар ҳама чиз [нигаҳбону] корсоз аст
63Калиди ганҷинаҳои осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва касоне, ки ба оёти илоҳӣ кофир шуданд, қатъан, зиёнкоранд
64[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй бехабарон, оё ба ман фармон медиҳед, ки [маъбуде] ғайр аз Аллоҳро парастиш кунам?!»
65Ба ту ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки: «Агар ширк биварзӣ, [подоши] корҳоят, қатъан, барбод хоҳад рафт ва зиёнкор хоҳӣ шуд
66Балки танҳо Аллоҳро парастиш кун ва сипосгузор бош»
67Мушрикон Аллоҳро чунон ки сазовори Ӯст, арҷ наниҳоданд, ҳол он ки дар рӯзи қиёмат замин яксара дар қабзаи Ӯст ва осмонҳо ба дасти Вай дарҳампечида хоҳад шуд. Поку муназзаҳ аст Аллоҳ таоло ва аз он чи бо вай шарик месозанд, бартар аст
68[Дар остонаи қиёмат] Дар сур дамида мешавад. Пас, ҳар ки дар осмонҳо ва дар замин аст, мадҳуши марг хоҳад шуд, магар касе, ки Аллоҳ таоло бихоҳад, он гоҳ бори дигар дар он дамида мешавад ва ногаҳон [ҳама аз марг] бармехезанд ва чашм ба роҳ [-и фармони Парваридгор] ҳастанд
69[Дар рӯзи қиёмат] замин ба нури Парвардигораш равшан хоҳад шуд ва нома [-и аъмол] ниҳода мешавад ва паёмбарон ва гувоҳонро меоваранд ва миёни бандагон ба ҳақ ва адолат доварӣ мешавад ва ба ҳеҷ кас ситам нахоҳад шуд
70Ва ҷазои амалкарди ҳар кас ба тамомӣ дода мешавад. Ва Аллоҳ таоло нисбат ба аъмолашон донотар аст
71Кофирон гурӯҳ-гурӯҳ ба сӯйи дузах ронда мешаванд. Ҳамин ки ба он ҷо мерасанд, дарҳояш кушода мегардад ва нигаҳбононаш мегӯянд: «Оё паёмбароне аз миёни худи шумо ба суроғатон наомаданд, ки оёти Парвардигоратонро барои шумо мехонданд ва дар бораи дидори ин рӯз ҳушдор медоданд? Онон [дар посух] мегӯянд: Оре, вале [мо инкорашон кардем ва] фармони муҷозот сазои кофирон аст»
72[Ба онон] Гуфта мешавад: «Аз дарҳои дузах ворид шавед ва ҷовидона дар он ба сар баред. Ва [ба ростӣ] ҷойгоҳи мутакаббирон чи бад [ҷойгоҳе] аст!»
73Ва касоне, ки аз Парвардигорашон парво доштанд, гурӯҳ-гурӯҳ ба сӯйи биҳишт ҳидоят мешаванд. Ҳамин ки ба он ҷо мерасанд, дар ҳоле ки дарҳои биҳишт кушода шудааст, [бо иззату эҳтиром ворид мешаванд] ва нигаҳбонони он ҷо мегӯянд: «Салом бар шумо. Хуш омадед. Ҷовидона ба биҳишт дароед»
74Биҳиштиён мегӯянд: «Ситоиш ва сипос махсуси Аллоҳ таоло аст, ки ваъдаи хешро дар мавриди мо таҳаққуқ бахшид ва сарзамин [-и биҳишт]-ро ба мо мерос дод, ки дар ҳар ҷойи он бихоҳем, манзил мегирем. Ва [ба ростӣ] подоши аҳли амал чи некуст»
75[Дар он рӯз] Фариштагонро хоҳӣ дид, ки перомуни Арш ҳалқа задаанд ва Парвардигорашонро ба покӣ меситоянд. Ва миёни мардум ба ҳаққу адолат доварӣ хоҳад шуд ва гуфта мешавад: «Ситоишу сипос махсуси Аллоҳ таоло Парвардигори ҷаҳониён аст»