الفجر
The Dawn • 30 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Савганд ба субҳ
2Ва ба шабҳои даҳгона [-и оғози зулҳиҷҷа]
3Ва ба завҷ ва фард [-и ашё]
4Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки [ҳаракат мекунад ва] меравад
5Оё дар ин [чизҳо] савганде барои соҳибхирад нест [ки ӯро қонеъ намояд]?
6[Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Парвардигорат бо [қавми] Од чи кард?
7[Ҳамон қабилаи] Ирам, ки дорои [кохҳои бо] сутунҳои баланд буданд
8Ки ҳаммонанди он дар шаҳрҳо офарида нашуда буд?
9Ва [низ қавми] Самуд, онҳое, ки сахраҳои сахтро аз [канори] водӣ метарошиданд [ва барои худ хона месохтанд]?
10Ва Фиръавн соҳиби сипоҳи [бузург ва қудратманд]
11[Ҳамон] Касоне, ки дар шаҳрҳо туғён [ва саркашӣ] карданд
12Ва дар онҳо фасоди бисёр ба бор оварданд
13Он гоҳ Парвардигорат тозиёнаи азобро бар онон фуруд овард
14Яқинан Парвардигори ту дар камингоҳ аст
15Ва аммо инсон ҳангоме ки Парвардигораш ӯро биозмояд ва гиромӣ дорад ва ба ӯ неъмат бахшад, [мағрур мегардад ва] мегӯяд: «Парвардигорам маро гиромӣ доштааст»
16Ва аммо ҳангоме ки ӯро биозмояд ва рӯзиашро бар ӯ танг гирад, [дилсард шуда] мегӯяд: «Парвардигорам маро хор кардааст»
17Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; балки шумо ятимро гиромӣ намедоред
18Ва якдигарро бар итъоми мустамандон тарғиб намекунед
19Ва меросро ҳарисона мехӯред [ва ҳаққи заифонро намедиҳед]
20Ва молу сарват [-и дунё]-ро бисёр дӯст медоред
21Ҳаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; ҳангоме ки замин сахт дарҳам кӯбида шавад [ва ҳамвор гардад]
22Ва Парвардигорат [барои додрасӣ] биёяд ва [низ] фариштагон саф дар саф [биистанд]
23Ва дар он рӯз ҷаҳаннам оварда шавад, дар он рӯз инсони [кофир] панд мегирад [ва тавба мекунад]; ва [аммо] ин панд гирифтан чи суде барояш дорад?
24Вай мегӯяд: «Эй кош, [дар дунё] барои [ин] зиндагиам [чизе аз] пеш фиристода будам!
25Пас, дар он рӯз ҳеҷ кас ҳаммонанди азоби Ӯ [Аллоҳ таоло] азоб намекунад
26Ва ҳеҷ кас ҳамчун банд кашидани Ӯ [Аллоҳ таоло] касеро ба банд намекашад
27[Аммо ба муъмин нидо мешавад] «Эй рӯҳи оромёфта!
28Ба сӯйи Парвардигорат бозгард, дар ҳоле ки ту [аз подоши Аллоҳ таоло] хушнудӣ ва Ӯ аз [аъмоли] ту хушнуд аст
29Пас, дар зумраи бандагони [хосси] Ман даро
30Ва ба биҳишти Ман ворид шав»