Al-Ghashiyah

الغاشية

The Overwhelming26 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ ٱلۡغَٰشِيَةِ﴿١

1[Эй Паёмбар] Оё хабари қиёмати ҳавлноки фарогир ба ту расидааст?

وُجُوهٞ يَوۡمَئِذٍ خَٰشِعَةٌ﴿٢

2Дар он рӯз чеҳраҳое хору залил хоҳанд буд

عَامِلَةٞ نَّاصِبَةٞ﴿٣

3[Дар дунё] Пайваста талош карда [ва] хаста шуда [ва чун дар роҳи ҳақ набуда, натиҷае надидаанд]

تَصۡلَىٰ نَارًا حَامِيَةٗ﴿٤

4Дар оташи сӯзон дармеоянд

تُسۡقَىٰ مِنۡ عَيۡنٍ ءَانِيَةٖ﴿٥

5Аз чашмаи бисёр гарм ба онҳо нӯшонда мешаванд

لَّيۡسَ لَهُمۡ طَعَامٌ إِلَّا مِن ضَرِيعٖ﴿٦

6Ғизое ҷуз хори хушку талх надоранд

لَّا يُسۡمِنُ وَلَا يُغۡنِي مِن جُوعٖ﴿٧

7Ки на [ононро] фарбеҳ кунад ва на гуруснагиро дафъ менамояд

وُجُوهٞ يَوۡمَئِذٖ نَّاعِمَةٞ﴿٨

8Дар он рӯз чеҳраҳое шодобу тоза ҳастанд

لِّسَعۡيِهَا رَاضِيَةٞ﴿٩

9Ва аз саъй [-ю талош]-и худ хушнуданд

فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٖ﴿١٠

10Дар биҳишти барин ҳастанд

لَّا تَسۡمَعُ فِيهَا لَٰغِيَةٗ﴿١١

11Дар он ҷо ҳеҷ сухани беҳудае намешунаванд

فِيهَا عَيۡنٞ جَارِيَةٞ﴿١٢

12Дар он чашма [-ҳои об] равон бошад

فِيهَا سُرُرٞ مَّرۡفُوعَةٞ﴿١٣

13Дар он тахтҳои [зебои] баланд [поя] аст

وَأَكۡوَابٞ مَّوۡضُوعَةٞ﴿١٤

14Ва ҷомҳое [ки дар канори чашмаҳо] ниҳода шуда

وَنَمَارِقُ مَصۡفُوفَةٞ﴿١٥

15Ва болиштҳои [муназзам] чидашуда

وَزَرَابِيُّ مَبۡثُوثَةٌ﴿١٦

16Ва [низ] фаршҳои гаронбаҳо густурда шудааст

أَفَلَا يَنظُرُونَ إِلَى ٱلۡإِبِلِ كَيۡفَ خُلِقَتۡ﴿١٧

17Оё [кофирон] ба шутур наменигаранд, ки чи гуна офарида шудааст?

وَإِلَى ٱلسَّمَآءِ كَيۡفَ رُفِعَتۡ﴿١٨

18Ва ба осмон [наменигаранд], ки чи гуна барафрошта шудааст?

وَإِلَى ٱلۡجِبَالِ كَيۡفَ نُصِبَتۡ﴿١٩

19Ва ба кӯҳҳо [наменигаранд], ки чи гуна [муҳкам бар замин] насб шудааст?

وَإِلَى ٱلۡأَرۡضِ كَيۡفَ سُطِحَتۡ﴿٢٠

20Ва ба замин [наменигаранд], ки чи гуна густурда шудааст?

فَذَكِّرۡ إِنَّمَآ أَنتَ مُذَكِّرٞ﴿٢١

21Пас, [эй Паёмбар] панд бидеҳ, ки ту танҳо панддиҳандаӣ

لَّسۡتَ عَلَيۡهِم بِمُصَيۡطِرٍ﴿٢٢

22Ту бар онон мусаллат [-у чира] нестӣ [ки бар имон водорашон кунӣ]

إِلَّا مَن تَوَلَّىٰ وَكَفَرَ﴿٢٣

23Аммо касе, ки рӯй бигардонад ва кофир шавад

فَيُعَذِّبُهُ ٱللَّهُ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَكۡبَرَ﴿٢٤

24Сипас Аллоҳ таоло ӯро бо бузургтарин азоб муҷозот мекунад

إِنَّ إِلَيۡنَآ إِيَابَهُمۡ﴿٢٥

25Ҳамоно бозгашти онҳо ба сӯйи Мост

ثُمَّ إِنَّ عَلَيۡنَا حِسَابَهُم﴿٢٦

26Сипас бе гумон, ҳисобашон [низ] бо Мост

RELATED SURAHS