الأعلى
The Most High • 19 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Номи Парвардигори баландмартабаатро ба покӣ ёд кун
2[Ҳамон] ки [инсонро] офарид ва ҳамоҳанг ва мутаодил сохт
3Ва [ҳамон] касе, ки андозагирӣ кард ва [ба шоистагӣ офарид] ва сипас ҳидоят намуд
4Ва [он] касе, ки чарогоҳро [барои тағзияи ҷондорон] рӯёнид
5Сипас онро хушку сиёҳ гардонид
6Мо ба зудӣ [Қуръонро] бар ту мехонем; пас, ту ҳаргиз [онро] фаромӯш нахоҳӣ кард
7Магар он чиро, ки Аллоҳ таоло бихоҳад; ҳамоно Ӯ ошкору ниҳонро медонад
8Ва барои ту осонтарин [роҳ]-ро фароҳам мегардонем
9Пас, агар панди муфид бошад, [мардумро бо оёти Қуръон] панд деҳ
10Ба зудӣ, касе, ки [аз Аллоҳ таоло] метарсад, панд мепазирад
11Ва бадбахттарин [-и мардум] аз он дурӣ мегузинад
12[Ҳамон] Касе, ки дар оташи бузург [-и ҷаҳаннам] дархоҳад омад
13Ва дар он [оташ] на мемирад ва на зинда мемонад
14Яқинан, касе, ки худро [аз куфру гуноҳ] пок кунад, растагор хоҳад шуд
15Ва [низ касе, ки] номи Парвардигорашро ёд кунад ва намоз бигузорад
16Вале шумо [мардум] зиндагии дунёро [бар охират] тарҷеҳ медиҳед
17Дар ҳоле ки охират беҳтар ва пояндатар аст
18Ба ростӣ, ин [пандҳо] дар китобҳои осмонии пешин [низ] буд
19Китобҳои Иброҳим ва Мӯсо