At-Tariq

الطارق

The Night Comer17 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

وَٱلسَّمَآءِ وَٱلطَّارِقِ﴿١

1Савганд ба осмон ва савганд ба ситораи шабгард

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلطَّارِقُ﴿٢

2Ва чи медонӣ, ки ситораи шабгард чист?

ٱلنَّجۡمُ ٱلثَّاقِبُ﴿٣

3[Ҳамон] Ситораи фурӯзон аст

إِن كُلُّ نَفۡسٖ لَّمَّا عَلَيۡهَا حَافِظٞ﴿٤

4Ҳеҷ кас нест магар он ки бар ӯ нигаҳбоне [аз фариштагон гумошта шуда] аст

فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ مِمَّ خُلِقَ﴿٥

5Инсон бояд бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст

خُلِقَ مِن مَّآءٖ دَافِقٖ﴿٦

6Аз як оби ҷаҳанда офарида шудааст

يَخۡرُجُ مِنۢ بَيۡنِ ٱلصُّلۡبِ وَٱلتَّرَآئِبِ﴿٧

7Ки аз миёни [устухони] пушт [-и мард] ва сина [-и зан] берун меояд

إِنَّهُۥ عَلَىٰ رَجۡعِهِۦ لَقَادِرٞ﴿٨

8Бе гумон, Аллоҳ таоло бар бозгардондани ӯ [пас аз марг] тавоност

يَوۡمَ تُبۡلَى ٱلسَّرَآئِرُ﴿٩

9Рӯзе, ки розҳо ошкор гардад

فَمَا لَهُۥ مِن قُوَّةٖ وَلَا نَاصِرٖ﴿١٠

10[Дар он рӯз] Инсон ҳеҷ тавону ёваре надорад

وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلرَّجۡعِ﴿١١

11Савганд ба осмони пурборон

وَٱلۡأَرۡضِ ذَاتِ ٱلصَّدۡعِ﴿١٢

12Ва савганд ба замини пуршикоф [ки гиёҳон аз он сар бармеоваранд]

إِنَّهُۥ لَقَوۡلٞ فَصۡلٞ﴿١٣

13Бе гумон, ин Қуръон сухани ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст

وَمَا هُوَ بِٱلۡهَزۡلِ﴿١٤

14Ва [сухани] ҳазлу беҳуда нест

إِنَّهُمۡ يَكِيدُونَ كَيۡدٗا﴿١٥

15Онон [кофирон] пайваста ҳила ва найранг мекунанд

وَأَكِيدُ كَيۡدٗا﴿١٦

16Ва ман [низ] ҳила [ва тадбир] мекунам

فَمَهِّلِ ٱلۡكَٰفِرِينَ أَمۡهِلۡهُمۡ رُوَيۡدَۢا﴿١٧

17Пас, кофиронро муҳлат деҳ, [ва] андаке раҳояшон кун [то ғарқи гуноҳ бошанд]

RELATED SURAHS