البروج
The Great Stars • 22 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Савганд ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост
2Ва савганд ба рӯзи мавъуд [қиёмат]
3Ва савганд ба ҳар ки гувоҳӣ диҳад ва ба ҳар ки мавриди гувоҳӣ қарор гирад
4Марг бар одамсӯзони хандақ!
5[Ҳамон оташи] Афрӯхта аз ҳезумҳои бисёр [ки муъминонро дар он месӯзонданд];
6ҳангоме ки бар [канораи] он нишаста буданд
7Ва он чиро бо муъминон анҷом медоданд, тамошо мекарданд
8Ва ҳеҷ эроде аз онон нагирифтанд, ҷуз ин ки ба Аллоҳи пирӯзманди сутуда имон оварда буданд
9[Ҳамон] Касе, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ аст
10Ба ростӣ, касоне, ки мардону занони муъминро шиканҷа [ва озор] доданд ва пас [аз анҷоми он кор] тавба накарданд, пас, барои эшон азоби ҷаҳаннам [муҳайё] аст ва азоби оташ [дар пеш доранд]
11Ҳамоно барои касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, боғҳое [аз биҳишт] аст, ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ва ин аст комёбии бузург
12Бе гумон, [муҷозоту] сахтгирии Парвардигорат бисёр шадид аст
13Дар ҳақиқат, Ӯст, ки [офаринишро] оғоз мекунад ва дубора [баъд аз марг] бозмегардонад
14Ва ҳам Ӯ омурзанда [ва] дӯстор [-и муъминон] аст
15[Ӯ Аллоҳ таоло] Соҳиби Арш, [ва] баландмартаба [ва шукӯҳманд] аст
16[Ва] Он чиро бихоҳад, анҷом медиҳад
17[Эй Паёмбар] Оё достони лашкариён [-и ҳақситез] ба ту расидааст?
18[Лашкари] Фиръавн ва [қавми] Самуд
19Балки касоне, ки кофир шуданд, пайваста дар такзиб [-и ҳақ] ҳастанд
20Ва Аллоҳ таоло аз ҳар сӯ бар онон иҳота дорад
21Оре, ин [оёт шеъру сеҳр нест, балки] Қуръони шукӯҳманд аст
22Дар Лавҳи маҳфуз [аз ҳар гуна таҳрифу табдил дар амон] аст