الانشقاق
The Splitting Open • 25 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Он гоҳ ки осмон шикофта шавад
2Ва ба [фармони] Парвардигораш гӯш фаро диҳад [ва таслим шавад]; ва сазовор аст [ки чунин кунад]
3Ва он гоҳ ки замин густурда [ва ҳамвор] шавад
4Ва ҳар чиро даруни худ дорад, берун резад ва тиҳӣ гардад
5Ва ба [фармони] Парвардигораш гӯш фаро диҳад [ва таслим шавад]; ва сазовор аст [ки чунин кунад]
6Эй инсон, бе гумон, ту дар роҳи [расидан ба] Парвардигорат сахт талошу кӯшиш мекунӣ; пас, Ӯро мулоқот хоҳӣ кард
7Ва аммо касе, ки нома [-и аъмолаш] ба дасти росташ дода шавад
8Ба зудӣ ба ҳисобе осон муҳосиба мешавад
9Ва шодмон ба сӯйи хонаводааш бозмегардад
10Ва аммо касе, ки номаи [аъмолаш] аз пушти сараш ба ӯ дода шавад
11Пас, ҳалоки худро хоҳад талабид
12Ва ба [оташи] ҷаҳаннами шуълавар хоҳад даромад
13Бе гумон, ӯ дар [дунё ба хотири гуноҳонаш] миёни хонаводаи худ шодмон буд
14Ӯ гумон мекард, ки ҳаргиз [ба назди Аллоҳ таоло] бознахоҳад гашт
15Оре, ҳамоно Парвардигораш аз ҳоли вай огоҳ буд
16Пас, ба шафақ савганд мехӯрам
17Ва савганд ба шаб ва он чиро фуру мепӯшад
18Ва савганд ба моҳ чун [фурӯғаш] комил шавад
19Ҳатман, маротибу ҳолоти мухталиферо яке пас аз дигаре [дар масири зиндагии дунявӣ] тай хоҳед кард
20Пас, ононро чи шуда, ки имон намеоваранд?
21Ва [чаро] ҳангоме ки Қуръон бар онон тиловат шавад, саҷда намекунанд?
22Балки касоне, ки кофир шуданд, пайваста [оёти илоҳиро] такзиб мекунанд
23Ва Аллоҳ таоло ба он чи дар дил пинҳон медоранд, донотар аст
24Пас, [эй Паёмбар] ононро ба азоби дардноке башорат деҳ
25Магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ки барои онон подоше беминнат ва пайваста аст