التكوير
The Overthrowing • 29 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Он гоҳ ки хуршед дар ҳам печида [ва торик] гардад
2Ва он гоҳ ки ситорагон бефурӯғ шаванд
3Ва он гоҳ ки кӯҳҳо ба ҳаракат дароянд
4ва он гоҳ ки модашутурони бордор раҳо шаванд
5Ва он гоҳ ки ҳайвоноти ваҳшӣ [дар канори инсон] гирд оварда шаванд
6Ва он гоҳ ки дарёҳо [ҷӯшону] барафрӯхта шаванд
7Ва он гоҳ ки ҳар кас бо ҳамсони худ қарин гардад
8Ва он гоҳ ки аз духтари зиндабагуршуда пурсида шавад
9[Ки] Ба кадомин гуноҳ кушта шудааст
10Ва он гоҳ ки номаҳо [-и аъмол] кушода шавад
11Ва он гоҳ ки парда аз рӯи осмон баргирифта шавад
12Ва он гоҳ ки дузах афрӯхта [ва шуълавар] гардад
13Ва он гоҳ ки биҳишт [барои парҳезкорон] наздик оварда шавад
14[Дар он ҳангом] Ҳар кас хоҳад донист, ки чи чизе [барои охирати худ] омода кардааст
15Пас, савганд ба ситорагоне, ки [ба ҷойгоҳи худ] бозмегарданд
16[Шитобон] Ҳаракат мекунанд [ва аз назар] пинҳон мешаванд
17Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки [торикиаш коста шавад ва] пушт кунад
18Ва савганд ба субҳ, ҳангоме ки бидамад
19Бе тардид, ин [Қуръон сухани Аллоҳ таоло аст, ки иблоғаш ба Паёмбар ба уҳдаи] фиристодаи бузургвор [Ҷабраил] аст
20[Ҳамон фариштае] Ки [муқтадир ва] неруманд аст ва назди [Аллоҳи] соҳиби Арш мақоми волое дорад
21[Дар малакути аъло ва олами фариштагон] Аз ӯ фармон мебаранд ва амин [-и ваҳй] аст
22[Эй мардум] Ҳамнишини шумо [Муҳаммад] девона нест
23Ва бе тардид, [Муҳаммад] ӯ [Ҷабраил]-ро дар уфуқи равшан дидааст
24Ва ӯ бар [иблоғи он чи аз тариқи] ғайб [ба вай ваҳй мегардад] бахил нест
25Ва ин [Қуръон] гуфтаи шайтони рондашуда нест
26Пас, ба куҷо меравед?
27Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест
28Барои ҳар як аз шумо, ки бихоҳад роҳи рости [ҳақро] дар пеш гирад
29Ва шумо [чизеро] намехоҳед, магар он ки Парвардигори ҷаҳониён [ирода кунад ва] бихоҳад