Al-Infitar

الانفطار

The Cleaving19 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنفَطَرَتۡ﴿١

1Он гоҳ ки осмон шикофта шавад

وَإِذَا ٱلۡكَوَاكِبُ ٱنتَثَرَتۡ﴿٢

2Он гоҳ ки ситорагон пароканда шаванд [ва фуру резанд]

وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ فُجِّرَتۡ﴿٣

3Ва он гоҳ ки дарёҳо [ба ҳам омезанд ва] равон гарданд

وَإِذَا ٱلۡقُبُورُ بُعۡثِرَتۡ﴿٤

4Ва он гоҳ ки қабрҳо зеру рӯ шавад

عَلِمَتۡ نَفۡسٞ مَّا قَدَّمَتۡ وَأَخَّرَتۡ﴿٥

5[Дар он ҳангом] Ҳар кас медонад, чи чизҳоеро пешопеш фиристода ва чи чизҳоеро вопас ниҳода [ва бар ҷой гузоштааст]

يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ ٱلۡكَرِيمِ﴿٦

6Эй инсон, чи чизе туро [нисбат] ба Парвардигори каримат мағрур сохтааст?

ٱلَّذِي خَلَقَكَ فَسَوَّىٰكَ فَعَدَلَكَ﴿٧

7Он [Парвардигоре], ки туро офарид ва сипас сару сомонат дод ва он гоҳ мутаодил ва муносибат кардааст

فِيٓ أَيِّ صُورَةٖ مَّا شَآءَ رَكَّبَكَ﴿٨

8Ва ба ҳар шакле [ва сурате], ки хост, туро таркиб намуд

كَلَّا بَلۡ تُكَذِّبُونَ بِٱلدِّينِ﴿٩

9Ҳаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; балки шумо рӯзи ҷазоро такзиб мекунед

وَإِنَّ عَلَيۡكُمۡ لَحَٰفِظِينَ﴿١٠

10Ва бе гумон, нигоҳбононе [аз фариштагон] бар шумо гуморида шудаанд

كِرَامٗا كَٰتِبِينَ﴿١١

11Ки нависандагоне бузургворанд

يَعۡلَمُونَ مَا تَفۡعَلُونَ﴿١٢

12Он чиро анҷом медиҳед, медонанд [ва аъмоли неку бади шуморо сабт мекунанд]

إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٖ﴿١٣

13Мусалламан, накукорон дар неъмат [-ҳои биҳишт] ҳастанд

وَإِنَّ ٱلۡفُجَّارَ لَفِي جَحِيمٖ﴿١٤

14Ва яқинан бадкорон дар [оташи] ҷаҳаннаманд

يَصۡلَوۡنَهَا يَوۡمَ ٱلدِّينِ﴿١٥

15Рӯзи ҷазо ба он дароянд [ва бисӯзанд]

وَمَا هُمۡ عَنۡهَا بِغَآئِبِينَ﴿١٦

16Ва ҳаргиз онон аз он ҷо ба дур ва [дар амон] набошанд

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ﴿١٧

17Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷазо чист?

ثُمَّ مَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ﴿١٨

18Боз ту чи медонӣ, ки рӯзи ҷазо чист?

يَوۡمَ لَا تَمۡلِكُ نَفۡسٞ لِّنَفۡسٖ شَيۡـٔٗاۖ وَٱلۡأَمۡرُ يَوۡمَئِذٖ لِّلَّهِ﴿١٩

19Рӯзе, ки ҳеҷ кас қодир ба анҷоми коре барои дигаре нест; ва дар он рӯзи ҳукм [ва фармон] аз они Аллоҳ таоло аст

RELATED SURAHS