الزلزلة
The Earthquake • 8 ayahs • Medinan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Ҳангоме ки замин бо шадидтарин таконҳояш ба ларза дарояд
2Ва замин борҳои сангинашро берун резад
3Ва инсон мегӯяд: «Он [замин]-ро чӣ шудааст?»
4Дар он рӯз [замин] тамоми хабарҳояшро бозгӯ мекунад
5Зеро Парвардигорат ба ӯ [чунин] ваҳй [ва ҳукм] кардааст
6Дар он рӯз мардум гурӯҳ-гурӯҳ бозмегарданд, то [натиҷаи] аъмолашон ба онон нишон дода шавад
7Пас, ҳар кас ба андозаи заррае кори нек анҷом дода бошад, [подоши] онро мебинад
8Ва ҳар кас ба андозаи заррае кори бад карда бошад, [кайфари] онро мебинад