العاديات
The Chargers • 11 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Савганд ба аспҳои даванда, ки нафасзанон [ба сӯйи майдони ҷиҳод] пеш мерафтанд
2Ва савганд ба аспҳое, ки [бо бархӯрди сумҳояшон ба сангҳо] шарораи [оташ] эҷод карданд
3Боз савганд ба аспҳое, ки дар субҳгоҳон [бар душман] юриш баранд
4Пас, дар он ҳангом гарду ғубор барангезанд
5Он гоҳ ба миёни [сипоҳи душман] дароянд
6Яқинан, инсон дар баробари [неъматҳои] Парвардигораш бисёр носипос аст
7Ва бе гумон, ӯ бар ин [носипосӣ] гувоҳ аст
8Ва ҳамоно ӯ алоқаи фаровоне ба мол [-и дунё] дорад
9Оё ӯ намедонад, ки дар он рӯз он чи дар гурҳост, [ҳама зинда ва] барангехта шаванд?
10Ва он чи дар синаҳост, [ҳама] ошкор гардад
11Яқинан, дар он рӯз Парвардигорашон ба [вазъу ҳоли] эшон комилан огоҳ аст