القارعة
The Striking Calamity • 11 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1[Он] Фурукӯбанда
2[Он] Фурукӯбанда чист?
3Ва ту чи донӣ, ки [он] фурукӯбанда чист?
4Рӯзе, ки мардум монанди парвонаҳои пароканда [ҳайрону саргардон] хоҳанд буд
5Ва кӯҳҳо монанди пашми рангини ҳаллоҷишуда (задашуда) хоҳанд шуд
6Ва аммо ҳар касе, ки [дар он рӯз] паллаи мизонаш сангин бошад
7[Дар биҳишт] Дар зиндагии роҳатбахш хоҳад буд
8Ва аммо ҳар кас, ки паллаи мизонаш сабук бошад
9Пас, [маскану] паноҳгоҳаш «ҳовия» аст
10Ва ту чи донӣ, ки он [ҳовия] чист?
11Оташе аст сӯзон [ва шуълавар]