At-Takathur

التكاثر

The Rivalry in Worldly Increase8 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

أَلۡهَىٰكُمُ ٱلتَّكَاثُرُ﴿١

1Зиёдахоҳӣ шуморо ба худ машғул [ва аз ёди Парвардигор ғофил] сохт

حَتَّىٰ زُرۡتُمُ ٱلۡمَقَابِرَ﴿٢

2То [поёни] коратон ба гӯристон расид

كَلَّا سَوۡفَ تَعۡلَمُونَ﴿٣

3Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ба зудӣ хоҳед донист

ثُمَّ كَلَّا سَوۡفَ تَعۡلَمُونَ﴿٤

4Боз [ҳам] чунин нест; ба зудӣ хоҳед донист

كَلَّا لَوۡ تَعۡلَمُونَ عِلۡمَ ٱلۡيَقِينِ﴿٥

5Чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; агар ба дониши яқинӣ [ва тардиднопазир ҳақиқати қиёматро] медонистед, [аз зиёдахоҳӣ ва ифтихор ба амволу фарзандонатон даст бармедоштед]

لَتَرَوُنَّ ٱلۡجَحِيمَ﴿٦

6Савганд, ки дузахро хоҳед дид

ثُمَّ لَتَرَوُنَّهَا عَيۡنَ ٱلۡيَقِينِ﴿٧

7Боз ҳам савганд, ки онро бо чашми яқин хоҳед дид

ثُمَّ لَتُسۡـَٔلُنَّ يَوۡمَئِذٍ عَنِ ٱلنَّعِيمِ﴿٨

8Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд

RELATED SURAHS