'Abasa

عبس

He Frowned42 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

عَبَسَ وَتَوَلَّىٰٓ﴿١

1[Паёмбар] чеҳра дар ҳам кашид ва рӯй баргардонд

أَن جَآءَهُ ٱلۡأَعۡمَىٰ﴿٢

2Аз ин ки он нобино [Абдуллоҳ ибни Умми Мактум] наздаш омад

وَمَا يُدۡرِيكَ لَعَلَّهُۥ يَزَّكَّىٰٓ﴿٣

3Ва [эй Паёмбар] ту чи медонӣ? Чи басо ӯ [аз гуноҳонаш] пок шавад

أَوۡ يَذَّكَّرُ فَتَنفَعَهُ ٱلذِّكۡرَىٰٓ﴿٤

4Ё панд гирад ва ин панд ба судаш бошад

أَمَّا مَنِ ٱسۡتَغۡنَىٰ﴿٥

5Аммо он ки [аз имон] бениёзӣ меварзад

فَأَنتَ لَهُۥ تَصَدَّىٰ﴿٦

6Пас, ту ба ӯ рӯ меоварӣ

وَمَا عَلَيۡكَ أَلَّا يَزَّكَّىٰ﴿٧

7Дар ҳоле ки агар ӯ худро [аз куфр] пок насозад, эроде бар ту нест

وَأَمَّا مَن جَآءَكَ يَسۡعَىٰ﴿٨

8Аммо касе, ки шитобон ба суроғи ту меояд

وَهُوَ يَخۡشَىٰ﴿٩

9Ва [аз Аллоҳ таоло] метарсад

فَأَنتَ عَنۡهُ تَلَهَّىٰ﴿١٠

10Пас, ту аз ӯ ғофил мешавӣ [ва ба дигарон мепардозӣ]

كَلَّآ إِنَّهَا تَذۡكِرَةٞ﴿١١

11Ҳаргиз чунин нест; бе гумон, ин [оёт барои] тазаккур ва ёдоварӣ аст

فَمَن شَآءَ ذَكَرَهُۥ﴿١٢

12Пас, ҳар ки бихоҳад, аз он панд гирад

فِي صُحُفٖ مُّكَرَّمَةٖ﴿١٣

13Дар саҳифаҳои арҷманде [сабт] аст

مَّرۡفُوعَةٖ مُّطَهَّرَةِۭ﴿١٤

14[Дар ҷойгоҳе] Баландпоя ва покиза [аз палидӣ]

بِأَيۡدِي سَفَرَةٖ﴿١٥

15Дар дасти сафирон [-и ваҳй] аст

كِرَامِۭ بَرَرَةٖ﴿١٦

16[Ки] бузургвору накукоранд

قُتِلَ ٱلۡإِنسَٰنُ مَآ أَكۡفَرَهُۥ﴿١٧

17Марг бар инсон [-и кофир, ки] чи қадар носипос аст!

مِنۡ أَيِّ شَيۡءٍ خَلَقَهُۥ﴿١٨

18[Аллоҳ таоло] Ӯро аз чи чиз офаридааст?

مِن نُّطۡفَةٍ خَلَقَهُۥ فَقَدَّرَهُۥ﴿١٩

19Ӯро аз нутфа [-и ночизе] офарид ва сипас мавзунаш сохт

ثُمَّ ٱلسَّبِيلَ يَسَّرَهُۥ﴿٢٠

20Он гоҳ роҳро барояш осон намуд

ثُمَّ أَمَاتَهُۥ فَأَقۡبَرَهُۥ﴿٢١

21Он гоҳ [пас аз поёни умр] ӯро миронд ва дар қабр [пинҳон] намуд

ثُمَّ إِذَا شَآءَ أَنشَرَهُۥ﴿٢٢

22Сипас ҳар гоҳ бихоҳад, ӯро [зинда мекунад ва] бармеангезад

كَلَّا لَمَّا يَقۡضِ مَآ أَمَرَهُۥ﴿٢٣

23Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ мепиндорад]. Ӯ ҳанӯз он чиро, ки [Аллоҳ таоло] фармон дода, ба ҷой наовардааст

فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ إِلَىٰ طَعَامِهِۦٓ﴿٢٤

24Пас, инсон бояд ба ғизои хеш [ва офариниши он] бингарад

أَنَّا صَبَبۡنَا ٱلۡمَآءَ صَبّٗا﴿٢٥

25Мо оби фаровон [аз осмон] фуру рехтем

ثُمَّ شَقَقۡنَا ٱلۡأَرۡضَ شَقّٗا﴿٢٦

26Сипас заминро аз ҳам шикофтем

فَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا حَبّٗا﴿٢٧

27Он гоҳ дар он дона [-ҳои фаровон] рӯёнидем

وَعِنَبٗا وَقَضۡبٗا﴿٢٨

28Ва ангуру сабзӣ [хӯрокии бисёр]

وَزَيۡتُونٗا وَنَخۡلٗا﴿٢٩

29Ва зайтуну нахл

وَحَدَآئِقَ غُلۡبٗا﴿٣٠

30Ва боғҳое [анбуҳ ва] пурдарахт

وَفَٰكِهَةٗ وَأَبّٗا﴿٣١

31Ва [анвои] мева ва алаф [падид овардем]

مَّتَٰعٗا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَٰمِكُمۡ﴿٣٢

32[Ҳамаи инҳо] Барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст

فَإِذَا جَآءَتِ ٱلصَّآخَّةُ﴿٣٣

33Пас, ҳангоме ки [он] садои боҳайбати [-и қиёмат] фаро расад

يَوۡمَ يَفِرُّ ٱلۡمَرۡءُ مِنۡ أَخِيهِ﴿٣٤

34Рӯзе, ки инсон аз бародараш мегурезад

وَأُمِّهِۦ وَأَبِيهِ﴿٣٥

35Ва аз модараш ва аз падараш

وَصَٰحِبَتِهِۦ وَبَنِيهِ﴿٣٦

36Ва аз занаш ва писаронаш [низ мегурезад]

لِكُلِّ ٱمۡرِيٕٖ مِّنۡهُمۡ يَوۡمَئِذٖ شَأۡنٞ يُغۡنِيهِ﴿٣٧

37Дар он рӯз ҳар касро корест, ки ӯро ба худ машғул медорад

وُجُوهٞ يَوۡمَئِذٖ مُّسۡفِرَةٞ﴿٣٨

38Чеҳраҳое дар он рӯз кушода ва равшан аст

ضَاحِكَةٞ مُّسۡتَبۡشِرَةٞ﴿٣٩

39[Ба хотири неъмату раҳмати Аллоҳ таоло] хандону шод аст

وَوُجُوهٞ يَوۡمَئِذٍ عَلَيۡهَا غَبَرَةٞ﴿٤٠

40Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуд аст

تَرۡهَقُهَا قَتَرَةٌ﴿٤١

41Сиёҳӣ [ва торикӣ] онҳоро пӯшонидааст

أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَفَرَةُ ٱلۡفَجَرَةُ﴿٤٢

42Инон ҳамон кофирони бадкирдоранд

RELATED SURAHS