النازعات
Those Who Drag Forth • 46 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и кофирон]-ро ба шиддат берун мекашанд
2Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и муъминон]-ро ба нармӣ ва осонӣ мегиранд
3Ва савганд ба фариштагоне, ки [ба амри Аллоҳ таоло аз осмон ба сӯйи замин] шиноваранд
4Ва савганд ба фариштагоне, ки [дар иҷрои авомири илоҳӣ] бар якдигар сабқат мегиранд
5Ва савганд ба фариштагоне [ки ба амри илоҳӣ] корҳоро тадбир мекунанд
6Рӯзе, ки [пас аз аввалин дамидан дар сур] замин [ва кӯҳҳо ва ҳама чиз] ба ларза дарояд
7[Ва] Дар пайи он [дамидани дувуми ҳашр] биёяд
8Дар он рӯз дилҳое сахт музтариб [ва тарсон] аст
9Ва чашмҳои онон [аз тарсу шармсорӣ] фуру афтодааст
10[Кофирон дар дунё] Мегӯянд: «Оё мо [пас аз марг дубора] ба ҳоли аввали худ бозгардонда мешавем?
11Оё ҳангоме ки устухонҳои пӯсида шудем [ва ба хок табдил гаштем, боз ҳам зинда мешавем]?»
12Гӯянд: «[Агар чунин ваъдае дуруст бошад] он гоҳ он бозгаште зиёнбор аст»
13Пас он [бозгашт] танҳо бо як бонги боҳайбат аст
14Ва ногаҳон ҳамагӣ бар арсаи замин [-и маҳшар] зоҳир] мешаванд
15[Эй Паёмбар] Оё достони Мӯсо ба ту расидааст?
16Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар сарзамини муқаддаси «Туво» нидо дод [ва фармуд]
17«Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ туғён кардааст
18Ва ба ӯ бигӯ: «Оё мехоҳӣ [аз куфру гуноҳ] пок шавӣ?
19Ва ман туро ба сӯйи Парвардигорат ҳидоят кунам, то [аз Ӯ] битарсӣ [ва фармонбардор шавӣ]?
20Пас, [Мусо] муъҷизаи бузургро ба ӯ нишон дод
21Аммо ӯ такзибу саркашӣ кард
22Сипас пушт кард ва ба кӯшишу талош [алайҳи ӯ] пардохт
23Пас, [қавмашро] ҷамъ карду нидо дод
24Ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам»
25Пас, Аллоҳ таоло ӯро ба азоби охират ва дунё гирифтор кард
26Бе гумон, дар ин [воқеа] барои ҳар кас, ки [аз Аллоҳ таоло] метарсад, ибрате ҳаст
27Оё офариниши шумо [баъд аз марг] сахттар аст ё осмоне, ки [Аллоҳ таоло] онро бино кард?
28Сақфи онро барафрошту ба он шаклу назм дод
29Ва шабашро торик ва рӯзашро равшан гардонид
30Ва заминро баъд аз он густаронид
31Ва аз он об [чашмаҳо ва чоҳҳо ва] чарогоҳашро берун овард
32Ва кӯҳҳоро муҳкам ва устувор [бар рӯйи замин] қарор дод
33[Ҳамаи инҳо] барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст
34Пас, ҳангоме ки [он] ҳодисаи бузург [-и қиёмат] фаро расад
35Дар он рӯз инсон [тамоми аъмолу] талошҳои худро ба ёд меоварад
36Ва ҷаҳаннам барои ҳар бинандае ошкор мешавад
37Пас, он кас, ки туғён [ва саркашӣ] карда бошад
38Ва зиндагии дунёро [бар охират] тарҷеҳ дода бошад
39Бе тардид, ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст
40Ва аммо касе, ки аз истодан дар ҳузури Парвардигораш бимнок буда ва нафсро аз ҳаво [ва ҳавас] боздошта бошад
41Ҳатман, биҳишт ҷойгоҳи ӯст
42[Эй Паёмбар] Дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд, ки дар чи замоне воқеъ мешавад?
43Туро бо ёдоварии ин сухан чи кор аст?
44[Саранҷом ва] Мунтаҳои [илми] он назди Парвардигори туст
45Ту, ҳатман, бимдиҳандаи касоне ҳастӣ, ки аз он метарсанд
46Рӯзе, ки [кофирон қиёматро] бубинанд, [чунин эҳсос мекунанд, ки] гӯӣ [дар дунё] ҷуз як шомгоҳ ё бомдод ба сар набурдаанд