An-Naba

النبأ

The Tidings40 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

عَمَّ يَتَسَآءَلُونَ﴿١

1[Кофирон] Дар бораи чи чиз аз якдигар суол мекунанд?

عَنِ ٱلنَّبَإِ ٱلۡعَظِيمِ﴿٢

2Аз хабаре бузург

ٱلَّذِي هُمۡ فِيهِ مُخۡتَلِفُونَ﴿٣

3Ҳамон [хабаре] ки онҳо дар он ихтилоф доранд

كَلَّا سَيَعۡلَمُونَ﴿٤

4Чунин нест [ки онҳо меандешанд] ба зудӣ хоҳанд донист

ثُمَّ كَلَّا سَيَعۡلَمُونَ﴿٥

5Боз ҳам чунин нест; ба зудӣ хоҳанд донист

أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ مِهَٰدٗا﴿٦

6Оё заминро бистаре [барои осоиши шумо] қарор надодем?

وَٱلۡجِبَالَ أَوۡتَادٗا﴿٧

7Ва кӯҳҳоро мехҳо [-и он] қарор надодем?

وَخَلَقۡنَٰكُمۡ أَزۡوَٰجٗا﴿٨

8Ва шуморо ҷуфт [нару мода] офаридем.

وَجَعَلۡنَا نَوۡمَكُمۡ سُبَاتٗا﴿٩

9Ва хоби шуморо [мояи] оромишатон қарор додем

وَجَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ لِبَاسٗا﴿١٠

10Ва шабро пӯшише [бароятон] қарор додем

وَجَعَلۡنَا ٱلنَّهَارَ مَعَاشٗا﴿١١

11Ва рӯзро [василаи] зиндагӣ ва [касби маош] қарор додем

وَبَنَيۡنَا فَوۡقَكُمۡ سَبۡعٗا شِدَادٗا﴿١٢

12Ва бар фарози шумо ҳафт [осмон] муҳкам бино кардем

وَجَعَلۡنَا سِرَاجٗا وَهَّاجٗا﴿١٣

13Ва [хуршедро] чароғе дурахшон офаридем

وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلۡمُعۡصِرَٰتِ مَآءٗ ثَجَّاجٗا﴿١٤

14Ва аз абрҳои боронзо обе фаровон фурӯ фиристодем

لِّنُخۡرِجَ بِهِۦ حَبّٗا وَنَبَاتٗا﴿١٥

15То бад-он дона ва гиёҳ бисёр бирӯёнем

وَجَنَّٰتٍ أَلۡفَافًا﴿١٦

16Ва боғҳое пурдарахт [бо он парвариш диҳем]

إِنَّ يَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ كَانَ مِيقَٰتٗا﴿١٧

17Бе гумон, рӯзи доварӣ ваъдагоҳ [-и Мо бо шумо] аст

يَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِ فَتَأۡتُونَ أَفۡوَاجٗا﴿١٨

18Рӯзе, ки дар «сур» дамида мешавад ва шумо гурӯҳ-гурӯҳ [ба маҳшар] меоед

وَفُتِحَتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ أَبۡوَٰبٗا﴿١٩

19Ва осмон кушуда мешавад ва ба сурати дарҳои мутааддид дармеояд

وَسُيِّرَتِ ٱلۡجِبَالُ فَكَانَتۡ سَرَابًا﴿٢٠

20Ва кӯҳҳо ба ҳаракат дармеояд ва ба сурати саробе мешавад

إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتۡ مِرۡصَادٗا﴿٢١

21Ва бе гумон, ҷаҳаннам камингоҳест

لِّلطَّٰغِينَ مَـَٔابٗا﴿٢٢

22Ва маҳалли бозгаште барои туғёнгарон

لَّٰبِثِينَ فِيهَآ أَحۡقَابٗا﴿٢٣

23Муддати замоне дароз дар он ҷо бимонанд

لَّا يَذُوقُونَ فِيهَا بَرۡدٗا وَلَا شَرَابًا﴿٢٤

24Дар он ҷо [чизи] хунуке намечашанд ва на ошомиданӣ [-и гуворое хоҳанд дошт]

إِلَّا حَمِيمٗا وَغَسَّاقٗا﴿٢٥

25Ҷуз обе сӯзон ва [моеъе, ки] чирку хун [аст]

جَزَآءٗ وِفَاقًا﴿٢٦

26[Ин] Кайфаре аст муносиб ва дархӯр [-и аъмолашон]

إِنَّهُمۡ كَانُواْ لَا يَرۡجُونَ حِسَابٗا﴿٢٧

27Чаро ки онҳо ҳеҷ умеде ба [рӯзи] ҳисоб надоштанд

وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا كِذَّابٗا﴿٢٨

28Ва оёти Моро ба шиддат такзиб карданд

وَكُلَّ شَيۡءٍ أَحۡصَيۡنَٰهُ كِتَٰبٗا﴿٢٩

29Ва Мо ҳама чизро [дар Лавҳи маҳфуз] шуморишу сабт кардаем

فَذُوقُواْ فَلَن نَّزِيدَكُمۡ إِلَّا عَذَابًا﴿٣٠

30Пас, [кайфари аъмоли худро] бичашед, ки чизе ҷуз азоб бар шумо намеафзоем

إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ مَفَازًا﴿٣١

31Бе гумон, барои парҳезкорон комёбӣ [-и бузурге] аст

حَدَآئِقَ وَأَعۡنَٰبٗا﴿٣٢

32Боғҳои [мева] ва токзорҳо

وَكَوَاعِبَ أَتۡرَابٗا﴿٣٣

33Ва ҳуроне ҷавон ва ҳамсиннусол

وَكَأۡسٗا دِهَاقٗا﴿٣٤

34Ва ҷомҳое лабрез ва паёпай [аз шароби покизаи биҳишт]

لَّا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوٗا وَلَا كِذَّٰبٗا﴿٣٥

35Дар он ҷо на сухани беҳудае мешунаванд ва на дурӯғе

جَزَآءٗ مِّن رَّبِّكَ عَطَآءً حِسَابٗا﴿٣٦

36[Ин] Подош аз ҷониби Парвардигори туст ва атое аз рӯйи ҳисоб

رَّبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا ٱلرَّحۡمَٰنِۖ لَا يَمۡلِكُونَ مِنۡهُ خِطَابٗا﴿٣٧

37[Ҳамон] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи дар миёни онҳост; [ҳамон Аллоҳи] Раҳмон [ки] ҳеҷ кас [дар он рӯз] ёрои сухан гуфтан бо ӯро надорад

يَوۡمَ يَقُومُ ٱلرُّوحُ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ صَفّٗاۖ لَّا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَقَالَ صَوَابٗا﴿٣٨

38Рӯзе, ки Руҳ [Ҷабраил] ва фариштагон ба саф биистанд, ҳеҷ кас сухан нагӯяд, ҷуз касе, ки Аллоҳи раҳмон ба ӯ иҷозат дода бошад ва [ӯ] сухани дуруст [ва савоб] гӯяд

ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمُ ٱلۡحَقُّۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ مَـَٔابًا﴿٣٩

39Он [рӯз] рӯзи ҳақ аст; пас, ҳар ки хоҳад, роҳи бозгаште ба сӯи Парвардигори худ биҷӯяд

إِنَّآ أَنذَرۡنَٰكُمۡ عَذَابٗا قَرِيبٗا يَوۡمَ يَنظُرُ ٱلۡمَرۡءُ مَا قَدَّمَتۡ يَدَاهُ وَيَقُولُ ٱلۡكَافِرُ يَٰلَيۡتَنِي كُنتُ تُرَٰبَۢا﴿٤٠

40Ба ростӣ, Мо шуморо аз азобе наздик бим додем: рӯзе, ки инсон он чиро аз қабл бо дастҳои худ фиристодааст, мебинад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок будам [ва барои ҳисоб барангехта намешудам!»

RELATED SURAHS