المرسلات
Those Sent Forth • 50 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Савганд ба фариштагоне, ки паёпай фиристода мешаванд
2Ҳамчун тундбод мераванд
3Ва савганд ба фариштагоне, ки [абрҳоро] пароканда мекунанд
4Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаи [ҳақ аз ботил] ҳастанд
5Ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳй [-и илоҳӣ]-ро [ба паёмбарон] илқо мекунанд
6Барои итмоми ҳуҷҷат, барои бим ва ҳушдор
7Бе гумон, он чи ба шумо ваъда дода мешавад, воқеъ хоҳад шуд
8Пас, он гоҳ ки ситорагон тира [ва маҳв] шавад
9Ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад
10Ва он гоҳ ки кӯҳҳо [аз ҷо канда ва] пароканда шавад
11Ва он гоҳ ки барои паёмбарон [ҷиҳати гувоҳӣ додан дар мавриди умматҳо] вақт таъйин шавад
12Ин [амр] барои чи рӯзе ба таъхир афтодааст?
13Барои рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ]
14Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] чист?
15Дар он рӯз [қиёмат] вой бар такзибкунандагон!
16Оё мо пешиниён[-и муҷрим]-ро нобуд накардем?
17Сипас дигаронро дар пайи онҳо хоҳем овард
18Ин чунин бо гунаҳгорон рафтор мекунем
19Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
20Оё шуморо аз обе паст [-у ночиз] наофаридем?
21Ки сипас онро дар қароргоҳе маҳфуз [раҳим] қарор додем
22То замоне муайян
23Пас, мо [бар ин кор] тавоно будем ва чи нек тавоно [ва қудратманд] ҳастем
24Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
25Оё заминро ҷойгоҳи [таҷаммуи мардум] қарор надодем?
26Ҳам дар ҳоли ҳаёт ва ҳам маргашон?
27Ва дар он кӯҳҳои бисёр баланд [ва устувор] қарор додем ва обе ширин [ва гуворо] ба шумо нӯшонидем
28Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
29[Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба сӯйи ҳамон чизе биравед, ки пайваста такзибаш мекардед.
30Биравед ба сӯйи сояи [дудҳои оташи] сешоха
31На сояафкан [ва хунук] аст ва на аз [гармии] шуълаҳои оташ ҷилавгирӣ мекунад»
32Ҳамоно он [дузах] шарораҳое чун кохе [баланд] меафканад.
33Гӯӣ, ки он [шарораҳо] шутурони зардранг ҳастанд
34Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
35Ин [ҳамон] рӯзест, ки сухан намегӯянд
36Ва ба онҳо иҷозат дода намешавад, то узрхоҳӣ кунанд
37Дар он рӯз, вой бар такзибкунандагон!
38Ин [ҳамон] рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] аст, ки шумо ва гузаштагонро гирд овардаем
39Пас, агар [ҳила ва] найранге доред, онро дар ҳаққи ман ба кор гиред
40Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
41Ба ростӣ, ки [дар он рӯз] парҳезкорон дар сояҳо ва [канори] чашмаҳо қарор доранд
42Ва меваҳое, ки майл дошта бошанд
43[Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба подоши он чи мекардед, гуворо бихӯред ва биёшомед»
44Мо ин гуна накукоронро подош медиҳем»
45Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
46«[Эй кофирон, дар ин дунё] андаке бихӯред ва баҳра гиред, зеро шумо гунаҳгоред»
47Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
48Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «[Намоз бигузоред ва] рукуъ кунед, [намоз намегузоранд ва] рукуъ намекунанд
49Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
50[Агар мардум ба ин Қуръон имон намеоваранд] Пас, баъд аз он ба кадом сухан имон меоваранд?