Al-Insan

الإنسان

Man31 ayahsMedinan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

هَلۡ أَتَىٰ عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ حِينٞ مِّنَ ٱلدَّهۡرِ لَمۡ يَكُن شَيۡـٔٗا مَّذۡكُورًا﴿١

1Яқинан, замони тӯлоние бар инсон гузашт, ки чизе [муҳимму] қобили зикр набуд

إِنَّا خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن نُّطۡفَةٍ أَمۡشَاجٖ نَّبۡتَلِيهِ فَجَعَلۡنَٰهُ سَمِيعَۢا بَصِيرًا﴿٢

2Ба ростӣ, Мо инсонро аз нутфаи мухталит [омехта]-е офаридем, ӯро меозмоем. Пас, ӯро шунавову бино қарор додем

إِنَّا هَدَيۡنَٰهُ ٱلسَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرٗا وَإِمَّا كَفُورًا﴿٣

3Ҳамоно Мо роҳро ба ӯ нишон додем, хоҳ сипосгузор бошад ё носипос

إِنَّآ أَعۡتَدۡنَا لِلۡكَٰفِرِينَ سَلَٰسِلَاْ وَأَغۡلَٰلٗا وَسَعِيرًا﴿٤

4Ба ростӣ, Мо барои кофирон занҷирҳо ва бандҳо ва оташи сӯзон муҳайё кардаем

إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ يَشۡرَبُونَ مِن كَأۡسٖ كَانَ مِزَاجُهَا كَافُورًا﴿٥

5Бе гумон, накукорон [дар биҳишт] аз ҷоме менӯшанд, ки омехта ба кофур аст

عَيۡنٗا يَشۡرَبُ بِهَا عِبَادُ ٱللَّهِ يُفَجِّرُونَهَا تَفۡجِيرٗا﴿٦

6[Аз] Чашмае, ки бандагони [хоси] Аллоҳ таоло аз он менӯшанд, [ҳар вақту] ҳар ҷо бихоҳанд он [чашма]-ро ҷорӣ месозанд

يُوفُونَ بِٱلنَّذۡرِ وَيَخَافُونَ يَوۡمٗا كَانَ شَرُّهُۥ مُسۡتَطِيرٗا﴿٧

7[Бандагони накукор] Ба назр вафо мекунанд ва аз рӯзе метарсанд, ки [азобу] шарри он фарогир аст

وَيُطۡعِمُونَ ٱلطَّعَامَ عَلَىٰ حُبِّهِۦ مِسۡكِينٗا وَيَتِيمٗا وَأَسِيرًا﴿٨

8Ва ғизоро бо ин ки [ниёз ва] дӯст доранд, ба мустаманду ятим ва асир мебахшанд

إِنَّمَا نُطۡعِمُكُمۡ لِوَجۡهِ ٱللَّهِ لَا نُرِيدُ مِنكُمۡ جَزَآءٗ وَلَا شُكُورًا﴿٩

9[Ва дар дил мегӯянд] «Мо фақат ба хотири Аллоҳ таоло ба шумо ғизо медиҳем, на аз шумо подоше мехоҳем ва на сипосе

إِنَّا نَخَافُ مِن رَّبِّنَا يَوۡمًا عَبُوسٗا قَمۡطَرِيرٗا﴿١٠

10Ҳамоно мо аз Парвардигорамон метарсем, [аз азоби] рӯзе, ки туршрӯ ва душвор аст»

فَوَقَىٰهُمُ ٱللَّهُ شَرَّ ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمِ وَلَقَّىٰهُمۡ نَضۡرَةٗ وَسُرُورٗا﴿١١

11Пас, Аллоҳ таоло ононро аз [сахтӣ ва] шарри он рӯз нигаҳ дошт ва ба эшон хуррамӣ ва шодмонӣ бахшид

وَجَزَىٰهُم بِمَا صَبَرُواْ جَنَّةٗ وَحَرِيرٗا﴿١٢

12Ва ба [шукронаи] сабре, ки карданд, биҳишт ва [либосҳои] ҳарир [-и биҳиштӣ] ба эшон подош дод

مُّتَّكِـِٔينَ فِيهَا عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِۖ لَا يَرَوۡنَ فِيهَا شَمۡسٗا وَلَا زَمۡهَرِيرٗا﴿١٣

13Дар он ҷо бар тахтҳо [-и зебо] такя кардаанд, на [ҳарорати] офтобе дар он ҷо мебинед ва на [сӯзи] сармое

وَدَانِيَةً عَلَيۡهِمۡ ظِلَٰلُهَا وَذُلِّلَتۡ قُطُوفُهَا تَذۡلِيلٗا﴿١٤

14Ва сояҳояш бар онон фурӯ афтода ва меваҳояш [барои чидан] дар дастрас аст

وَيُطَافُ عَلَيۡهِم بِـَٔانِيَةٖ مِّن فِضَّةٖ وَأَكۡوَابٖ كَانَتۡ قَوَارِيرَا۠﴿١٥

15Ва дар гирдогирди эшон зарфҳои симин [-и ғизо] ва косаҳои булурин [-и нӯшиданӣ] гардонида мешавад

قَوَارِيرَاْ مِن فِضَّةٖ قَدَّرُوهَا تَقۡدِيرٗا﴿١٦

16[Косаҳои] Булурине аз нуқра, ки онҳоро ба андозаи муносиб [лабрез ва] омода кардаанд

وَيُسۡقَوۡنَ فِيهَا كَأۡسٗا كَانَ مِزَاجُهَا زَنجَبِيلًا﴿١٧

17Ва дар он ҷо ҷомҳое сероб мешаванд, ки омезааш занҷабил аст

عَيۡنٗا فِيهَا تُسَمَّىٰ سَلۡسَبِيلٗا﴿١٨

18[Ин ҷомҳо аз] Чашмае пур мегардад, ки дар он ҷо Салсабил номида мешавад

۞ وَيَطُوفُ عَلَيۡهِمۡ وِلۡدَٰنٞ مُّخَلَّدُونَ إِذَا رَأَيۡتَهُمۡ حَسِبۡتَهُمۡ لُؤۡلُؤٗا مَّنثُورٗا﴿١٩

19Ва ҳамвора навҷавононе ҷовидона бар гирдашон мечарханд, ки ҳар гоҳ онҳоро бубинӣ, гумон мекунӣ, ки марвориди пароканда ҳастанд

وَإِذَا رَأَيۡتَ ثَمَّ رَأَيۡتَ نَعِيمٗا وَمُلۡكٗا كَبِيرًا﴿٢٠

20Ва чун [ба ҳар самте] бингарӣ, он ҷо неъмати бисёр ва фармонравоии азиме мебинӣ

عَٰلِيَهُمۡ ثِيَابُ سُندُسٍ خُضۡرٞ وَإِسۡتَبۡرَقٞۖ وَحُلُّوٓاْ أَسَاوِرَ مِن فِضَّةٖ وَسَقَىٰهُمۡ رَبُّهُمۡ شَرَابٗا طَهُورًا﴿٢١

21Бар онон [биҳиштиён] либосҳое сабзранг аз дебои нозук ва дебои захим [пӯшонида шуда]- аст ва бо дастбандҳое аз нуқра ороста шудаанд ва Парвардигорашон шароби пок ба эшон менӯшонад

إِنَّ هَٰذَا كَانَ لَكُمۡ جَزَآءٗ وَكَانَ سَعۡيُكُم مَّشۡكُورًا﴿٢٢

22[Ва ба онҳо гуфта мешавад] «Ин [неъматҳо] подоши шумост ва [бидонед, ки] аз саъю кӯшиши шумо қадрдонӣ шудааст»

إِنَّا نَحۡنُ نَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡقُرۡءَانَ تَنزِيلٗا﴿٢٣

23[Эй Паёмбар] Яқинан, Мо Қуръонро бар ту тадриҷан нозил кардем

فَٱصۡبِرۡ لِحُكۡمِ رَبِّكَ وَلَا تُطِعۡ مِنۡهُمۡ ءَاثِمًا أَوۡ كَفُورٗا﴿٢٤

24Пас, бар ҳукми Парвардигорат шикебо бош ва аз ҳеҷ кадом аз гунаҳгорон ва бединонашон фармон мабар

وَٱذۡكُرِ ٱسۡمَ رَبِّكَ بُكۡرَةٗ وَأَصِيلٗا﴿٢٥

25Ва субҳу шом номи Парвардигоратро ёд кун

وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَٱسۡجُدۡ لَهُۥ وَسَبِّحۡهُ لَيۡلٗا طَوِيلًا﴿٢٦

26Ва [низ] бахше аз шаб барояш саҷда кун [ва намоз бигузор] ва дар бахши баланде аз шаб [қисмати дарози шаб, ки ҳама дар хобанд] Ӯро тасбеҳ гӯй

إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ يُحِبُّونَ ٱلۡعَاجِلَةَ وَيَذَرُونَ وَرَآءَهُمۡ يَوۡمٗا ثَقِيلٗا﴿٢٧

27Бе гумон, инон [кофирон] дунёи зудгузарро дӯст медоранд ва рӯзи сахте [-ро, ки дар пеш доранд] пушти сари худ раҳо мекунанд [ва ба он аҳамият намедиҳанд]

نَّحۡنُ خَلَقۡنَٰهُمۡ وَشَدَدۡنَآ أَسۡرَهُمۡۖ وَإِذَا شِئۡنَا بَدَّلۡنَآ أَمۡثَٰلَهُمۡ تَبۡدِيلًا﴿٢٨

28Мо онҳоро офаридем ва пайванди вуҷудашонро муҳкам кардем ва ҳар замон, ки бихоҳем, ҷойи ононро ба [гурӯҳи дигаре] монандашон медиҳем

إِنَّ هَٰذِهِۦ تَذۡكِرَةٞۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ سَبِيلٗا﴿٢٩

29Бе гумон, ин ёдоварӣ [ва панд] аст, пас, ҳар кас, ки бихоҳад, роҳе ба сӯйи Парвардигораш баргузинад

وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمٗا﴿٣٠

30Ва шумо чизеро намехоҳед, магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад. Бе гумон, Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

يُدۡخِلُ مَن يَشَآءُ فِي رَحۡمَتِهِۦۚ وَٱلظَّٰلِمِينَ أَعَدَّ لَهُمۡ عَذَابًا أَلِيمَۢا﴿٣١

31Ҳар касро, ки бихоҳад, дар раҳмати худ ворид мекунад ва барои ситамгорон азоби дардноке омода кардааст

RELATED SURAHS