القيامة
The Resurrection • 40 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Ба рӯзи қиёмат савганд мехӯрам
2Ва ба нафси маломатгар савганд мехӯрам
3Оё инсон мепиндорад, ки [пас аз марг] ҳаргиз устухонҳояшро ҷамъ нахоҳем кард?
4Оре, Мо қодирем, ки [ҳатто хутути сари] ангуштонашро яксону мураттаб кунем.
5Балки инсон мехоҳад, ки [озодона ва бидуни тарс аз охират] дар гуноҳу бадкорӣ мудовимат кунад
6[Аз ин рӯ] Мепурсад: «Рӯзи қиёмат кай хоҳад буд?»
7Пас, ҳангоме ки чашм хира шавад
8Ва моҳ тира [ва бе нур] гардад
9Ва хуршеду моҳ як ҷо ҷамъ шаванд
10Он рӯз инсон мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»
11Ҳаргиз! Ҳеҷ гурезгоҳе нест
12Он рӯз қароргоҳ [-и ниҳоне] ба сӯйи Парвардигори туст
13Ва дар он рӯз инсонро аз тамоми корҳое, ки аз пеш ё пас фиристода, огоҳ мекунанд
14Балки инсон ба хубӣ бар хештан огоҳ аст
15Агарчи [дар дифоъ аз худ] узрҳояшро дар миён оварад
16[Эй паёмбар, ҳангоми нузули Қуръон] забонатро барои [такрор ва хондани] он шитобзада ҳаракат мадеҳ
17Мусалламан, ҷамъоварӣ ва хондани он бар [уҳдаи] Мост
18Пас, ҳар гоҳ [тавассути Ҷабраил] онро [бар ту] хондем, аз хондани ӯ пайравӣ кун
19Сипас баён карданаш бар [уҳдаи] Мост
20Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мушрикон мепиндоред]! Балки дунё [-и зудгузар]-ро дӯст медоред
21Ва охиратро раҳо мекунед
22Он рӯз чеҳраҳое тоза [ва шодоб] аст
23Ба сӯйи Парвардигораш менигарад
24Ва дар он рӯз чеҳраҳое абус [ва дарҳамкашида] аст
25Яқин дорад, ки осебе камаршикан ба ӯ мерасад
26Оре, чун [ҷон] ба гулугоҳаш бирасад
27Ва гуфта шавад: «Чи касест, ки афсун бихонад? [Ва ӯро наҷот диҳад]
28Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ [аз дунё] аст.
29Ва [кор боло гирад ва] соқҳо[-и пояш аз сахтии ҷон додан] ба ҳам печад.
30Дар он рӯз масири ҳама ба сӯйи Парвардигорат хоҳад буд
31Пас, [мункири меод] на тасдиқ карда ва на намоз гузоридааст
32Балки [Қуръонро] такзиб кард ва [аз имон] рӯ гардонд
33Сипас хиромон ба сӯйи хонаводааш бозгашт
34Вой бар ту! Пас, вой бар ту!
35Боз ҳам вой бар ту! Пас, вой бар ту!
36Оё инсон гумон мекунад, ки [бе ҳадаф ва бидуни ҳисоб ва ҷазо] ба худ раҳо мешавад?
37Оё [ӯ] нутфае аз манӣ набуд, ки [дар раҳим] рехта мешавад?
38Он гоҳ ба сурати хуни баста даромад ва [Аллоҳ таоло ӯро] офарид ва дурусту устувор сохт
39Сипас аз ӯ ду завҷи нару мода падид овард
40Оё [чунин Офаридгоре] қодир нест, ки мурдагонро [дубора] зинда кунад?