السجدة
The Prostration • 30 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Алиф, лом, мим.[1]
2Нузули ин китоб, ки дар [ҳаққонияти] он ҳеҷ шакке нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст
3[Кофирон] Мегӯянд: «[Муҳаммад] Онро ба дурӯғ [ба Парвардигораш] нисбат медиҳад». [Ҳаргиз чунин нест] Балки он [оёт сухани] ҳаққе аз ҷониби Парвардигори туст, то ба қавме, ки пеш аз ту барояшон [ҳеҷ] бимдиҳандае наомадааст, ҳушдор диҳӣ, бошад, ки ҳидоят шаванд
4Аллоҳ таоло аст, ки осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, дар шаш рӯз офарид, он гоҳ, [ки шоистаи шукӯҳи Ӯст] бар Арш қарор гирифт. Шумо ба ҷуз Ӯ ҳеҷ корсозу шафоатгаре надоред. Оё панд намегиред?
5Кор [-и ҷаҳони ҳастӣ]-ро аз осмон то замин тадбир мекунад. Он гоҳ дар рӯзе, ки миқдори он барои шумо [инсонҳо] ҳазор сол аст, [ин корҳо] ба сӯи Ӯ боло меравад
6Ин [Парвардигори шумост] донои пинҳону ошкор, шикастнопазири меҳрубон
7[Ҳамон] Касе, ки ҳар чи офарид, ба накутарин [шакл] офарид ва офариниши [нахустини] инсонро аз гил оғоз кард
8Сипас насли ӯро аз чакидаи оби беарзиш падид овард
9Он гоҳ [андоми] ӯро сомон дод ва аз руҳи хеш [руҳе, ки худ офарид] дар вай дамид ва барои шумо [неъмати] гӯшу чашм ва дил қарор дод. Чи андак сипос мегузоред!
10[Мушрикон] Мегӯянд: «Оё вақте [мурдем ва] дар замин нопадид шудем, офариниши ҷадиде хоҳем ёфт»? Балки онон дидори Парвардигорашонро мункиранд
11[Эй паёмбар] бигӯ: «Фариштаи марг, ки бар шумо гумошта шудааст, ҷонатонро мегирад, он гоҳ ба сӯйи Парвардигоратон бозгардонда мешавед»
12Ва чун [дар қиёмат] гунаҳгоронро дар пешгоҳи Парвардигорашон бубинӣ, сар ба зер афкандаанд [ва мегӯянд] «Парвардигоро, [акнун ҳақиқатро] дидем ва шунидем, пас, моро бозгардон, то кори шоистае анҷом диҳем. Бе тардид, мо [ба қиёмат] яқин дорем»
13Агар мехостем, ба ҳар касе [тавфиқ ва] ҳидояташро арзонӣ медоштем, вале ин сухан [-у ваъдаи] ман ҳақ аст, ки: «Дузахро аз ҳамаи ҷинниён ва одамиён [-и кофир] анбошта хоҳам кард»
14[Ба онон гуфта мешавад] «Ба сазои он ки дидори имрӯзатонро фаромӯш кардед, [азоби сӯзонро] бичашед. Яқинан, мо [низ] шуморо [дар оташ] раҳо кардаем ва [акнун] ба сазои он чи мекардед, азоби ҷовидонро бичашед
15Фақат касоне ба оёти Мо имон меоваранд, ки чун ба онҳо панд дода шавад, ба саҷда меафтанд ва Парвардигорашонро ба покӣ меситоянд ва такаббур намекунанд
16[Дар дили шаб] Аз бистарҳо бармехезанд ва Парвардигорашонро бо биму умед [ба ниёиш] мехонанд ва аз он чи ба онон рӯзӣ додаем, инфоқ мекунанд
17Пас, ҳеҷ кас намедонад, ба [поси] он чи [ин муъминон дар дунё] анҷом медиҳанд, чи [бисёр мояи] равшании чашмҳо барояшон нуҳуфта аст
18Оё [подоши] касе, ки муъмин аст, ҳамчун касест, ки нофармон аст? Ҳаргиз баробар нестанд
19Аммо касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ҷойгоҳашон боғҳо [-и биҳишт] аст. Подошест ба [поси] он чи мекарданд
20Ва аммо касоне, ки нофармонӣ карданд, ҷойгоҳашон оташ [-и дузах] аст. Ҳар гоҳ бихоҳанд аз он хориҷ шаванд, ба дарунаш бозгардонда мешаванд ва ба онон гуфта мешавад: «Бичашед азоби оташеро, ки ҳамвора дурӯғаш меангоштед»
21Яқинан пеш аз азоби бузурги [охират] аз азоби наздик [ва сахтиҳои ин дунё] ба онон мечашонем, бошад, ки [ба даргоҳи илоҳӣ] бозгарданд
22Кист ситамгортар аз он ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд дода мешавад, сипас аз он рӯй мегардонад? Бе тардид, Мо аз гунаҳгорон интиқом мегирем
23Мо ба Мӯсо китоб [Таврот] додем – пас, [эй паёмбар] аз дидори Ӯ дар тардид набош – ва онро раҳнамуди Бани Исроил гардонидем
24ва чун онон [бар ибодат ва дурӣ аз гуноҳ] шикебоӣ мекарданд ва ба оёти Мо яқин доштанд, аз миёнашон пешвоёне баргумоштем, ки ба фармони Мо [мардумро] ҳидоят мекарданд
25Мусалламан, Парвардигори туст, ки рӯзи қиёмат дар мавриди он чи ихтилоф доштанд, миёнашон доварӣ мекунад
26Оё барояшон равшан нашудааст, ки чи бисёр наслҳоеро пеш аз онон нобуд кардем, ки [акнун ин кофирон] дар хонаҳои онҳо роҳ мераванд? Ба ростӣ, ки дар ин [азобу нобудӣ] ибратҳост. Оё [боз ҳам сухани ҳақро] намешунаванд?
27Оё надиданд, ки Мо боронро ба сӯйи замини хушк [ва бегиёҳ] мефиристем ва ба василаи он киштзоре падид меоварем, ки худ ва чаҳорпоёнашон аз он мехӯранд? Оё [нишонаҳои қудрати Аллоҳ таоло бар растохезро] намебинанд?
28Ва [кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин доварӣ [миёни мо ва шумо] кай фаро мерасад»?
29Бигӯ: «Дар рӯзи доварӣ [ки ҷудоии ҳақ ва ботил аст] имон овардани касоне, ки куфр варзиданд, суде надорад ва ба онон муҳлат [-и тавба] дода намешавад»
30Пас, [эй Паёмбар, акнун ки бар ширк пофишорӣ мекунанд] аз эшон рӯй бигардон ва мунтазири [азобашон] бош [ки] бе тардид, онон [низ] мунтазиранд