Al-Layl

الليل

The Night21 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَغۡشَىٰ﴿١

1Савганд ба шаб, ҳангоме ки [ҳама чизро] бипӯшонад

وَٱلنَّهَارِ إِذَا تَجَلَّىٰ﴿٢

2Ва савганд ба рӯз, ҳангоме ки ошкор шавад

وَمَا خَلَقَ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰٓ﴿٣

3Ва савганд ба он ки нару модаро офарид

إِنَّ سَعۡيَكُمۡ لَشَتَّىٰ﴿٤

4Ки, яқинан, саъй [-ю талош]-и шумо мухталиф [ва неку бад] аст

فَأَمَّا مَنۡ أَعۡطَىٰ وَٱتَّقَىٰ﴿٥

5Ва аммо касе, ки [дар роҳи Аллоҳ таоло] бахшид ва парҳезкорӣ кард

وَصَدَّقَ بِٱلۡحُسۡنَىٰ﴿٦

6Ва [ваъдаи Аллоҳ таоло ва суханони] некро тасдиқ кард

فَسَنُيَسِّرُهُۥ لِلۡيُسۡرَىٰ﴿٧

7Пас, Мо [анҷоми аъмоли наку ва инфоқ дар роҳи Аллоҳро] барояш осон месозем

وَأَمَّا مَنۢ بَخِلَ وَٱسۡتَغۡنَىٰ﴿٨

8Ва аммо касе, ки бухл варзид ва бениёзӣ талабид

وَكَذَّبَ بِٱلۡحُسۡنَىٰ﴿٩

9Ва [ваъдаи Аллоҳ таоло ва суханони] некро такзиб кард

فَسَنُيَسِّرُهُۥ لِلۡعُسۡرَىٰ﴿١٠

10Пас, Мо [анҷоми аъмоли шарру палидро] барояш осон месозем

وَمَا يُغۡنِي عَنۡهُ مَالُهُۥٓ إِذَا تَرَدَّىٰٓ﴿١١

11Ва дар ҳангом [-и маргу] вуруд ба дузах дороияш ба ҳоли ӯ суде нахоҳад дошт

إِنَّ عَلَيۡنَا لَلۡهُدَىٰ﴿١٢

12Мусалламан, ҳидоят [-и бандагон] бар [уҳдаи] Мост

وَإِنَّ لَنَا لَلۡأٓخِرَةَ وَٱلۡأُولَىٰ﴿١٣

13Ва қатъан охират ва дунё [низ] аз они Мост

فَأَنذَرۡتُكُمۡ نَارٗا تَلَظَّىٰ﴿١٤

14Пас, ман шуморо аз оташе шуълавар бим додам

لَا يَصۡلَىٰهَآ إِلَّا ٱلۡأَشۡقَى﴿١٥

15Ки ҷуз бадбахттарин [-и мардум] дар он наафтад

ٱلَّذِي كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ﴿١٦

16[Ҳамон] Касе, ки [оёти Моро] такзиб кард ва рӯ гардонид

وَسَيُجَنَّبُهَا ٱلۡأَتۡقَى﴿١٧

17Ва ба зудӣ парҳезкортарин [-и мардум] аз он дур нигаҳ дошта мешавад

ٱلَّذِي يُؤۡتِي مَالَهُۥ يَتَزَكَّىٰ﴿١٨

18[Ҳамон] Касе, ки моли худро [дар роҳи Аллоҳ таоло] мебахшад, то [аз гуноҳ] пок шавад

وَمَا لِأَحَدٍ عِندَهُۥ مِن نِّعۡمَةٖ تُجۡزَىٰٓ﴿١٩

19Ва ҳеҷ касро ба қасди подош ёфтани неъмат намебахшад

إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ وَجۡهِ رَبِّهِ ٱلۡأَعۡلَىٰ﴿٢٠

20Магар [барои] касби ризо [ва хушнудии] Парвардигори бартараш

وَلَسَوۡفَ يَرۡضَىٰ﴿٢١

21Ва ба ростӣ, ки [бо подоши Аллоҳ таоло] хушнуд хоҳад шуд

RELATED SURAHS