الضحى
The Morning Hours • 11 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Савганд ба оғози рӯз
2Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки ором гирад
3[Ки] Парвардигорат туро во нагузошта ва [бар ту] хашм нагирифтааст
4Ва мусалламан охират барои ту аз дунё беҳтар аст
5Ва ба зудӣ Парвардигорат ба ту [ва уммати ту он қадр] ато хоҳад кард, ки хушнуд гардӣ
6Оё туро ятим наёфт, пас, паноҳ дод?
7Ва туро [гумроҳ ва] саргашта ёфт, пас, ҳидоят кард
8Ва туро фақир ёфт, пас, бениёз намуд
9Пас, [ту низ] ятимро маёзор
10Ва [мустаманди] ниёзхоҳро марон [ва бо ӯ дуруштӣ макун]
11Ва неъматҳои Парвардигоратро бозгӯ кун [ва сипос гузор]