Ash-Sharh

الشرح

The Relief8 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

أَلَمۡ نَشۡرَحۡ لَكَ صَدۡرَكَ﴿١

1[Эй Паёмбар] Оё Мо синаатро [барои нузули ваҳй] бароят накушудем?

وَوَضَعۡنَا عَنكَ وِزۡرَكَ﴿٢

2Ва сангини [-и бори гуноҳ ва душвории рисолат]-ро аз [дӯши] ту барнадоштем?

ٱلَّذِيٓ أَنقَضَ ظَهۡرَكَ﴿٣

3Ҳамон [боре], ки бар пуштат сангинӣ мекард

وَرَفَعۡنَا لَكَ ذِكۡرَكَ﴿٤

4Ва [ному] овозаи туро баланд сохтем

فَإِنَّ مَعَ ٱلۡعُسۡرِ يُسۡرًا﴿٥

5Пас, мусалламан, бо [ҳар] душворӣ осонӣ аст

إِنَّ مَعَ ٱلۡعُسۡرِ يُسۡرٗا﴿٦

6[Оре] Мусалламан, бо [ҳар] душворӣ осонӣ аст

فَإِذَا فَرَغۡتَ فَٱنصَبۡ﴿٧

7Пас, ҳангоме ки [аз кору умури дунё] фориғ шудӣ, [ба ибодати Парвардигорат] бикӯш

وَإِلَىٰ رَبِّكَ فَٱرۡغَب﴿٨

8Ва ба сӯйи Парвардигорат роғиб [ва муштоқ] шав

RELATED SURAHS