Al-Muzzammil

المزمل

The Enshrouded One20 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمُزَّمِّلُ﴿١

1Эй ҷомабахудпечида!

قُمِ ٱلَّيۡلَ إِلَّا قَلِيلٗا﴿٢

2Шабро – ҷуз андаке – ба по хез [ва ибодат кун]

نِّصۡفَهُۥٓ أَوِ ٱنقُصۡ مِنۡهُ قَلِيلًا﴿٣

3Нимае аз онро ё андаке аз он кам кун

أَوۡ زِدۡ عَلَيۡهِ وَرَتِّلِ ٱلۡقُرۡءَانَ تَرۡتِيلًا﴿٤

4Ё андаке бар [нисфи] он биафзо ва Қуръонро бо тартил [-у тааммул] бихон

إِنَّا سَنُلۡقِي عَلَيۡكَ قَوۡلٗا ثَقِيلًا﴿٥

5Яқинан Мо ба зудӣ сухане сангин бар ту нозил хоҳем кард

إِنَّ نَاشِئَةَ ٱلَّيۡلِ هِيَ أَشَدُّ وَطۡـٔٗا وَأَقۡوَمُ قِيلًا﴿٦

6Бе гумон, шабзиндадорӣ [бар нафс] душвор аст ва барои гуфтор [ва ниёиш] муносибтар ва устувортар аст

إِنَّ لَكَ فِي ٱلنَّهَارِ سَبۡحٗا طَوِيلٗا﴿٧

7Ва яқинан ту дар рӯз машғулияти бисёр дорӣ

وَٱذۡكُرِ ٱسۡمَ رَبِّكَ وَتَبَتَّلۡ إِلَيۡهِ تَبۡتِيلٗا﴿٨

8Ва номи Парвардигоратро ёд кун ва танҳо ба Ӯ дил бибанд

رَّبُّ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ فَٱتَّخِذۡهُ وَكِيلٗا﴿٩

9[Ҳамон] Парвардигори машриқу мағриб, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Пас, Ӯро корсоз [-у нигаҳбони худ] баргузин

وَٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَٱهۡجُرۡهُمۡ هَجۡرٗا جَمِيلٗا﴿١٠

10Ва бар он чи [мушрикон] мегӯянд, шикебо бош ва ба шеваи наку [ва шоиста] аз онон дурӣ кун

وَذَرۡنِي وَٱلۡمُكَذِّبِينَ أُوْلِي ٱلنَّعۡمَةِ وَمَهِّلۡهُمۡ قَلِيلًا﴿١١

11Ва маро бо ин такзибкунандагони бархурдор аз неъмат вогузор ва ба онон каме муҳлат деҳ

إِنَّ لَدَيۡنَآ أَنكَالٗا وَجَحِيمٗا﴿١٢

12Бе гумон, назди Мо қайд [-у бандҳо]-и сангин ва [оташи] дузах аст

وَطَعَامٗا ذَا غُصَّةٖ وَعَذَابًا أَلِيمٗا﴿١٣

13Ва таоме гулугир ва азобе дарднок

يَوۡمَ تَرۡجُفُ ٱلۡأَرۡضُ وَٱلۡجِبَالُ وَكَانَتِ ٱلۡجِبَالُ كَثِيبٗا مَّهِيلًا﴿١٤

14Рӯзе, ки замину кӯҳҳо ба ларза дарояд ва кӯҳҳо [муталошӣ шаванд ва] ҳамчун тӯдаи реги нарм [равон] гарданд

إِنَّآ أَرۡسَلۡنَآ إِلَيۡكُمۡ رَسُولٗا شَٰهِدًا عَلَيۡكُمۡ كَمَآ أَرۡسَلۡنَآ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ رَسُولٗا﴿١٥

15Яқинан, Мо Паёмбаре ба сӯйи шумо фиристодем, ки бар шумо шоҳид [ва гувоҳ] аст, ҳамон гуна ки ба сӯйи Фиръавн паёмбаре фиристодем

فَعَصَىٰ فِرۡعَوۡنُ ٱلرَّسُولَ فَأَخَذۡنَٰهُ أَخۡذٗا وَبِيلٗا﴿١٦

16Он гоҳ Фиръавн аз он паёмбар нофармонӣ [ва бо ӯ мухолифат] кард ва Мо ӯро ба сахтӣ муҷозот кардем

فَكَيۡفَ تَتَّقُونَ إِن كَفَرۡتُمۡ يَوۡمٗا يَجۡعَلُ ٱلۡوِلۡدَٰنَ شِيبًا﴿١٧

17Пас, агар кофир шавед, чи гуна худро [аз азоб] дар амон медоред, [дар] рӯзе, ки кӯдаконро пир мекунад?

ٱلسَّمَآءُ مُنفَطِرُۢ بِهِۦۚ كَانَ وَعۡدُهُۥ مَفۡعُولًا﴿١٨

18[Дар он рӯз] Осмон шикофта мешавад [ва] ваъдаи Ӯ, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад.

إِنَّ هَٰذِهِۦ تَذۡكِرَةٞۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ سَبِيلًا﴿١٩

19Бе гумон, ин [оёт] панд [-у ҳушдоре] аст, то ҳар ки бихоҳад, ба сӯи Парвардигори худ роҳе дар пеш гирад

۞ إِنَّ رَبَّكَ يَعۡلَمُ أَنَّكَ تَقُومُ أَدۡنَىٰ مِن ثُلُثَيِ ٱلَّيۡلِ وَنِصۡفَهُۥ وَثُلُثَهُۥ وَطَآئِفَةٞ مِّنَ ٱلَّذِينَ مَعَكَۚ وَٱللَّهُ يُقَدِّرُ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَۚ عَلِمَ أَن لَّن تُحۡصُوهُ فَتَابَ عَلَيۡكُمۡۖ فَٱقۡرَءُواْ مَا تَيَسَّرَ مِنَ ٱلۡقُرۡءَانِۚ عَلِمَ أَن سَيَكُونُ مِنكُم مَّرۡضَىٰ وَءَاخَرُونَ يَضۡرِبُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ يَبۡتَغُونَ مِن فَضۡلِ ٱللَّهِ وَءَاخَرُونَ يُقَٰتِلُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۖ فَٱقۡرَءُواْ مَا تَيَسَّرَ مِنۡهُۚ وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَقۡرِضُواْ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗاۚ وَمَا تُقَدِّمُواْ لِأَنفُسِكُم مِّنۡ خَيۡرٖ تَجِدُوهُ عِندَ ٱللَّهِ هُوَ خَيۡرٗا وَأَعۡظَمَ أَجۡرٗاۚ وَٱسۡتَغۡفِرُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمُۢ﴿٢٠

20[Эй Паёмбар] Яқинан Парвардигорат медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онҳо, ки бо ту ҳастанд, наздики ду савуми шаб [аз cе ду ҳиссаи шаб] ва [ё] нисф [ё] як савум [сеяк]-и онро ба [намоз] бармехезед. Ва Аллоҳ таоло шабу рӯзро андозагирӣ мекунад. [Ӯ] Медонад, ки шумо наметавонед шумориши онро [дақиқ] муҳосиба кунед, пас, шуморо бахшид. Пас, акнун ҳар чи [барои шумо] муяссар бошад, аз Қуръон бихонед. [Аллоҳ таоло] Медонад, ки бархе аз шумо бемор хоҳанд шуд ва гурӯҳе [дигар] барои ба даст овардани фазлу неъмати Аллоҳ таоло дар замин сафар мекунанд ва гурӯҳе [низ] дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод мекунанд, пас, он чи муяссар бошад, аз он бихонед ва намоз барпо доред ва закот диҳед ва ба Аллоҳ таоло қарзи наку диҳед ва [бидонед, ки] он чи аз корҳои хайр пешопеш барои худ мефиристед, [онро] назди Аллоҳ таоло ба беҳтарин ваҷҳ ва бузургтарин подош хоҳед ёфт ва аз Аллоҳ таоло омурзиш бихоҳед, ки ҳамоно Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

RELATED SURAHS