الفلق
The Daybreak • 5 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам
2Аз шарри тамоми он чи офаридааст
3Ва аз шарри торикии шаб он гоҳ ки ҳама ҷоро фаро гирад
4Ва аз шар [-и занони ҷодугар], ки бо афсун дар гиреҳҳо медаманд
5Ва аз шарри ҳасуд он гоҳ ки ҳасад варзад»