Al-'Alaq

العلق

The Clot19 ayahsMeccan

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

ٱقۡرَأۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلَّذِي خَلَقَ﴿١

1[Эй Паёмбар] Бихон ба номи Парвардигорат, ки [ҳастиро] офарид

خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِنۡ عَلَقٍ﴿٢

2[Ҳамон Парвардигоре, ки] Инсонро аз хуни баста офарид

ٱقۡرَأۡ وَرَبُّكَ ٱلۡأَكۡرَمُ﴿٣

3Бихон ва Парвардигорат [аз ҳама] бузургвортар аст

ٱلَّذِي عَلَّمَ بِٱلۡقَلَمِ﴿٤

4[Ҳамон] Касе, ки ба василаи қалам [навиштан] омӯхт

عَلَّمَ ٱلۡإِنسَٰنَ مَا لَمۡ يَعۡلَمۡ﴿٥

5Ба инсон он чиро, ки намедонист, омӯхт

كَلَّآ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَيَطۡغَىٰٓ﴿٦

6Чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ҳаққо, ки инсон туғён [ва саркашӣ] мекунад

أَن رَّءَاهُ ٱسۡتَغۡنَىٰٓ﴿٧

7[Баъд] Аз ин ки худро бениёз [ва тавонгар] бубинад

إِنَّ إِلَىٰ رَبِّكَ ٱلرُّجۡعَىٰٓ﴿٨

8Яқинан, бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Парвардигори туст

أَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي يَنۡهَىٰ﴿٩

9[Эй Паёмбар] Оё дидаӣ он касе, ки [аз ибодати Аллоҳ таоло] бозмедорад

عَبۡدًا إِذَا صَلَّىٰٓ﴿١٠

10Бандаеро, ҳангоме ки намоз мехонад

أَرَءَيۡتَ إِن كَانَ عَلَى ٱلۡهُدَىٰٓ﴿١١

11Ба ман хабар бидеҳ, агар ин [банда] бар [роҳи] ҳидоят бошад

أَوۡ أَمَرَ بِٱلتَّقۡوَىٰٓ﴿١٢

12[Мардумро] Ба парҳезкорӣ фармон диҳад [пас, сазои касе, ки чунин бандаеро биёзорад чист?]

أَرَءَيۡتَ إِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰٓ﴿١٣

13Ба ман хабар деҳ, агар ин [шахси саркаш ҳақро] такзиб кард ва рӯйгардон шуд [оё сазовори азоб нест?]

أَلَمۡ يَعۡلَم بِأَنَّ ٱللَّهَ يَرَىٰ﴿١٤

14Оё намедонад, ки бе тардид, Аллоҳ таоло [ҳама аъмолашро] мебинад?

كَلَّا لَئِن لَّمۡ يَنتَهِ لَنَسۡفَعَۢا بِٱلنَّاصِيَةِ﴿١٥

15Чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; агар боз наояд [ва даст аз шарорат барнадорад], ҳатман, мӯйи пешониашро ба сахтӣ хоҳем гирифт [ва ба сӯйи дузах хоҳем кашонид]

نَاصِيَةٖ كَٰذِبَةٍ خَاطِئَةٖ﴿١٦

16Мӯйи пешонии [ҳамон] дурӯғгӯи хатокорро

فَلۡيَدۡعُ نَادِيَهُۥ﴿١٧

17Пас, бояд ҳаммаҷлисонашро [ба кумак] бихонад

سَنَدۡعُ ٱلزَّبَانِيَةَ﴿١٨

18Мо [низ] оташбонони [дузах]-ро фаро хоҳем хонд

كَلَّا لَا تُطِعۡهُ وَٱسۡجُدۡۤ وَٱقۡتَرِب۩﴿١٩

19Чунин нест [ки ӯ мепиндорад]; ҳаргиз ӯро итоат макун ва саҷда кун ва [ба Аллоҳ таоло] тақарруб ҷӯй

RELATED SURAHS