الدخان
The Smoke • 59 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1Ҳо, мим.[1]
2Савганд ба китоби равшангар
3Мо Қуръонро дар шаби муборак [ва фархундаи қадр] нозил кардем, [зеро] ки Мо [ҳамвора] ҳушдордиҳанда будаем
4Дар он [шаб] ҳар амри муҳимме файсала меёбад [ва тадбир мешавад]
5[Ин] корест [ки] аз ҷониби Мо [сурат мегирад] бе гумон, Мо фиристандаи [паёмбарон] будаем
6Ба унвони раҳмате аз Парвардигорат. Бе тардид, Ӯ шунавои доност
7Парвардигори осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост. Агар [ба ин ҳақиқат] яқин доред [ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон биёваред]
8Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, зиндагӣ мебахшад ва мемиронад. Парвардигори шумо ва ниёгони шумост
9Вале мушрикон тардид доранд ва саргарми [лаззатҳои дунё] ва бозӣ ҳастанд
10Пас, [эй Паёмбар] мунтазири рӯзе бош, ки осмон, дуде ошкор [падид] оварад
11Ки [тамоми] мардумро фаро мегирад. Ин азобе дарднок аст
12[Он гоҳ кофирон мегӯянд] «Парвардигоро, [ин] азобро аз мо бартараф кун, ки имон овардаем»
13Чи гуна [ва аз куҷо] панд мепазиранд, дар ҳоле ки [пештар] паёмбари равшангар ба сӯяшон омада буд?
14Аммо аз ӯ рӯй гардониданд ва гуфтанд: «[Ӯ] омӯзишёфтаи девона аст»
15[Барои озмоиши шумо] Замоне андак азобро бармедорем, ва [-ле] шумо [ба куфри хеш] бозмегардед
16Рӯзе сахт бар онон метозем. [Оре] Мо [аз кофирон ба хотири куфру такзибашон] интиқом мегирем
17Пеш аз онон низ қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбари бузургвор ба сӯяшон омад
18[Ва ба онон гуфт] Ки «[кори Бани Исроил ин] бандагони Аллоҳро ба ман вогузоред, ки ман барои шумо паёмбари аминам
19Ва [низ] бар Аллоҳ таоло бартарӣ маҷӯед, ки ман бароятон далели равшане овардаам
20Ва аз ин ки сангсорам кунед, ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам
21Агар ба ман имон намеоваред, пас, аз ман канора бигиред [ва раҳоям кунед]
22Он гоҳ ба даргоҳи Парвардигораш дуо кард, ки: «[Бор илоҳо] Инон гурӯҳе табоҳкоранд»
23[Ба Мӯсо ваҳй кардем, ки] «Бандагонамро шабона [аз Миср] берун бибар, зеро [сипоҳи Фиръавн] шуморо таъқиб хоҳад кард
24Ва дарёро ором пушти сар бигузор, ки онон сипоҳе ҳастанд ки ғарқ хоҳанд шуд
25Чи бисёр боғҳову чашмасорҳоро, ки раҳо карданд [ва рафтанд]
26Ва киштзорҳову қасрҳои наку [ва зебо]
27Ва неъмате, ки дар он [шодмон] буданд
28[Сарнавишташон] Ин гуна [буд] ва [тамомии] он неъматҳоро ба гурӯҳе дигар вогузоштем
29Осмону замин бар [нобудии] онон қатраи ашке нарехт ва муҳлате [барои тавба] низ наёфтанд
30Бе тардид, Бани Исроилро аз азоби хоркунанда наҷот додем
31Аз Фиръавн, ки [роҳбари] саркаше дар зумраи исрофкорон буд
32Мо бо дониши Худ Бани Исроилро бар мардуми замона бартарӣ додем
33Ва нишонаҳое [аз қудрати хеш] дар ихтиёрашон гузоштем, ки озмоише равшан дар он буд
34Ин мушрикон мегӯянд:
35«Ҷуз марги нахустини мо ҳеҷ [зиндагии дигаре] нест ва ҳаргиз барангехта нахоҳем шуд
36Ва агар рост мегӯед, ниёгонамонро [зинда кунед ва] биёваред»
37Оё эшон беҳтаранд ё қавми [неруманди] Туббаъ ва пешиниёни онҳо, ки чун базаҳкор буданд, ҳалокашон кардем?
38Ва Мо осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост ба бозича наёфаридаем
39Онҳоро ба ҳақ [ва бо ҳадаф] офаридаем, вале бештарашон намедонанд
40Бе тардид, рӯзи доварӣ [қиёмат] ваъдагоҳи ҳамаи онон аст
41Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте барои дӯсти худ судманд нест ва [аз ҳеҷ сӯ] ёрӣ намешаванд
42Магар касе, ки Аллоҳ таоло [бар ӯ] раҳм кунад, ки Ӯ шикастнопазири меҳрубон аст
43Бе гумон, дарахти Заққум
44ғизои гунаҳкорон аст
45[Мевааш аз шиддати ҳарорат] ҳамчун миси гудохта дар шикамҳо меҷӯшад
46Монанди ҷӯшиши оби гарм [ҷӯшидаистода]
47[Хитоб мерасад] «Он [ситамгор]-ро бигиред ва ба миёни дузах дарафканед
48Он гоҳ аз азоби оби доғ бар сараш фурӯ резед»
49[Дар он ҳол ба ӯ гуфта мешавад] «Бичаш, ки ту [дар миёни қавми худ] иззатманд ва бузургворӣ
50Ин ҳамон [сарнавишти дардноке] аст, ки дар мавридаш тардид доштед»
51Яқинан парҳезкорон дар ҷойгоҳи амне ҳастанд
52дар [миёни] боғҳо ва [канори] чашмасорҳои биҳишт
53Либосҳое аз дебои нозук ва дебои захим мепӯшанд, дар ҳоле ки рӯёрӯи якдигар [ба суҳбат] нишастаанд
54Чунин аст [вазъи онон] ва ҳуриёни ғизолчашм [-и биҳиштӣ]-ро ба ҳамсарии онон дармеоварем
55Дар он ҷо ҳар мевае, ки ирода кунанд, бе дағдаға дар ихтиёрашон аст
56Дар биҳишт таъми маргро нахоҳанд чашид, ҷуз ҳамон марги нахустин ва [Парвардигори меҳрубон] аз муҷозоти дузах барканорашон доштааст
57[Ин] Бахшишест аз [ҷониби] Парвардигорат ва ин ҳамон комёбии бузург аст
58[Эй Паёмбар] Мо Қуръонро ба забони ту равон [ва осон] сохтем, бошад, ки [мушрикон] панд гиранд
59Пас, дар интизори [ваъдаҳои илоҳӣ] бош, ки бе гумон, онон [низ] мунтазиранд