القصص
The Stories • 88 ayahs • Meccan
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1То, син, мим.[1]
2Ин оёти китоби равшангар аст
3[бахшҳое] аз достони Мӯсо ва Фиръавнро барои касоне, ки имон овардаанд, ба дурустӣ бар ту тиловат мекунем
4Бе тардид, Фиръавн дар сарзамини [Миср] бартарихоҳӣ кард ва мардумашро ба гурӯҳҳо тақсим намуд. Гурӯҳе аз ононро ба нотавонӣ [ва хорӣ] мекашонд, [чунон ки] писаронашонро мекушт ва занонашонро [барои канизӣ] зинда нигаҳ медошт. Ба ростӣ, ки ӯ аз табаҳкорон буд
5Ва мехостем бар Бани Исроил, ки дар он сарзамин ба нотавонӣ кашида шуда буданд, [бо нобуд кардани душманашон] миннат бигузорем ва пешвоён [-и мардум] қарорашон диҳем ва [пас аз нобудии Фиръавн] ононро ворисон [-и сарзамини Шом] намоем
6Ва дар он сарзамин ҳукумат ба эшон диҳем ва он чиро Фиръавн ва [вазираш] Ҳомон ва сипоҳиёнашон ҳамвора аз он метарсиданд [суқути ҳукумат], ба онон нишон диҳем
7Ва ба модари Мӯсо илҳом кардем, ки: «Ӯро шир бидеҳ ва ҳангоме ки [аз осеби фиръавниён] бар ӯ тарсидӣ, [кӯдакро дар сандуқе бигзор ва] ба рӯд [-и Нил] биандозаш ва натарс ва андуҳгин нашав [зеро] ҳатман, ӯро ба ту бозмегардонем ва аз паёмбарон қарораш медиҳем»
8Пас, [чун модари Мӯсо чунин кард] хонадони Фиръавн ӯро [аз об] гирифтанд, то саранҷом [солҳо баъд ин фарзанди Бани Исроил] душман ва [мояи] андуҳашон гардад. Ба ростӣ, ки Фиръавн ва Ҳомон ва сипоҳиёнашон гунаҳгор буданд
9Ва [чун Фиръавн дастури қатли Мӯсоро дод, Осия] ҳамсари Фиръавн гуфт: «[Ин писар] Нури чашми ману туст. Ӯро накушед. Чи басо ба мо суде бибахшад, ё ӯро ба фарзандӣ бигирем», ҳол он ки [оқибати корро] намедонистанд
10Ва дили модари Мӯсо [аз ҳама чиз ҷуз ёди писараш] тиҳӣ гашт ва агар қалбашро қавӣ накарда будем, ки [ба ваъдаи Мо] имон дошта бошад, наздик буд он розро фош кунад
11Ва [модари Мӯсо пас аз он ки ӯро дар Нил раҳо кард] ба хоҳари ӯ гуфт: «Ба дунболаш бирав», пас, [хоҳараш] аз дур ба ӯ менигарист, дар ҳоле ки онон намедонистанд [ки он духтар, хоҳари ин кӯдак аст]
12Ва Мо [шири] ҳамаи занони ширдеҳро аз қабл бар ӯ ҳаром кардем [чунон ки синаи ҳеҷ якро напазируфт]. Он гоҳ [хоҳараш] гуфт: «Мехоҳед хонаводаеро нишонатон диҳам, ки ӯро бароятон нигаҳ доранд ва хайрхоҳаш бошанд?»
13Пас, [онон пазируфтанд ва бад-ин сурат] ӯро ба модараш бозгардонидем, то чашмаш равшан гардад ва ғамгин набошад ва то бидонад, ки ваъдаи Аллоҳ таоло ҳақ аст, вале бештарашон намедонанд
14Ва чун Мӯсо ба рушду камоли хеш расид ва баруманд шуд, ба ӯ ҳикмату дониш [-и оини Бани Исроилро] ато кардем ва накукоронро инчунин подош медиҳем
15Ҳангоме ки мардум [машғули истироҳат ва] бехабар буданд, Мӯсо [махфиёна] вориди шаҳр шуд ва ду мардро дид, ки бо якдигар даргир шудаанд. Яке аз онон [аз қавми Бани Исроил ва] аз дӯстони Мӯсо буд ва дигаре [қибтӣ буд ва] аз душманонаш. Пас, он ки аз дӯстони ӯ буд, алайҳи душманаш аз Мӯсо ёрӣ хост, пас, [Мӯсо] мушт [-и маҳкам]-е ба вай заду ӯро аз пой даровард [он гоҳ] гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ҳаққо, ки ӯ душман [-и инсон ва] гумроҳкунандаи ошкоре аст»
16[Сипас] Гуфт: «Парвардигоро, ман ба худ ситам кардаам, пас, маро бибахш» ва [Аллоҳ таоло] ӯро бахшид. Бе тардид, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст
17[Он гоҳ] Гуфт: «Парвардигоро, ба шукронаи он ки бар ман неъмат [-и қудрату дониш] арзонӣ доштаӣ, ҳаргиз пуштибони муҷримон нахоҳам буд»
18[Мӯсо] Шабро бо тарсу нигаронӣ дар шаҳр ба субҳ расонд, ки ногоҳ марде, ки дирӯз аз ӯ ёрӣ хоста буд, боз ба фарёд аз ӯ ёрӣ хост. Мӯсо ба ӯ гуфт: «Воқеан, ошкор аст, ки ту [моҷароҷӯ ва] гумроҳӣ»
19Пас, ҳангоме ки [Мӯсо] хост, ба касе, ки душмани ҳар дуи онон буд, ҳамла кунад, [он марди қибтӣ] гуфт: «Эй Мӯсо, оё мехоҳӣ ҳамон гуна ки дирӯз касеро куштӣ, [имрӯз низ] маро бикушӣ? Қасди ту фақат зӯргӯӣ дар ин сарзамин аст ва намехоҳӣ аз ислоҳгарон [байни афрод] бошӣ»
20Ва [дар ин ҳангом] марде [ки аз дӯстони Мӯсо буд] аз дуртарин нуқтаи шаҳр шитобон омад [ва] гуфт: «Эй Мӯсо, бузургон [-и қавми Фиръавн] дар бораи куштанат ба машварат нишастаанд, пас, бедиранг [аз шаҳр] хориҷ шав, [ки] ман ҳатман, хайрхоҳат ҳастам»
21Пас, Мӯсо бо тарсу нигаронӣ аз шаҳр берун рафт ва гуфт: «Парвардигоро, маро аз [осеби] ситамгорон наҷот бидеҳ»
22Ва чун ба шаҳри Мадян рӯ овард, гуфт: «Умед аст, Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят кунад»
23Ва ҳангоме ки ба [чоҳи] оби Мадян расид, бар сари чоҳ гурӯҳе аз мардумро дид, ки [чаҳорпоёни худро] об медиҳанд ва наздики онон ду занро дид, ки [гӯсфандонашонро] канор мекашиданд [ва аз дигарон фосила мегирифтанд. Мӯсо] гуфт: «Шумо чи мекунед? [Чаро гӯсфандони худро об намедиҳед.] Онон гуфтанд: «Мо [ба рамаи худ] об намедиҳем, то ин чӯпонҳо бозгарданд [ва музоҳимамон набошанд]. Падарамон пирамарде куҳансол аст [ва тавоноии ин корро надорад]»
24Мӯсо барои он ду нафар [гӯсфандонашонро] об дод, он гоҳ сӯйи соя бозгашт ва гуфт: «Парвардигоро, ба ҳар хайре, ки бароям бифиристӣ, сахт ниёзмандам»
25Он гоҳ яке аз он ду [зан], дар ҳоле ки бо шарму ҳаё гом бармедошт, наздаш омаду гуфт: «Падарам даъватат мекунад [ки наздаш биравӣ], то музди он ки [гӯсфандон]-ро бароямон об додӣ, ба ту пардохт кунад». Чун [Мӯсо] назди ӯ рафту саргузашташро барои ӯ ҳикоят кард, вай гуфт: «Натарс, ки аз гурӯҳи ситамгор наҷот ёфтаӣ»
26Яке аз он ду [духтар] гуфт: «Падарҷон, ӯро истихдом кун, [зеро] бе тардид, беҳтарин касе, ки метавонӣ ба кор бигирӣ он аст, ки неруманду амонатдор бошад [ва ӯ чунин аст]»
27[Пирамард ба Мӯсо] Гуфт: «Мехоҳам яке аз ду духтарамро ба ҳамсариат дароварам, ба ин [шарт] ки ҳашт сол бароям кор кунӣ ва агар [ин корро] то даҳ сол идома диҳӣ, лутфу муҳаббате аз сӯйи туст. Ман намехоҳам бар ту сахтгирӣ кунам. Ин шоал-л-лоҳ маро шоиста [ва накукор] хоҳӣ ёфт»
28[Мӯсо] Гуфт: «Ин [қарордод] миёни ману ту бошад, ки ҳар кадом аз ин ду муддат [ҳашт ё даҳ сол]-ро, ки анҷом додам, [ба аҳди худ вафо кардаам], пас, ситаме бар ман набошад [ва нахоҳӣ, ки бештар бимонам] ва Аллоҳ таоло бар он чи мегӯем, гувоҳ аст»
29Ҳангоме ки Мӯсо [он] муддат [-и муайян]-ро ба поён расонд ва ҳамроҳи хонаводааш [аз Мадян ба сӯйи Миср] ҳаракат кард, [ногаҳон дар торикии шаб] аз сӯйи [кӯҳи] Тӯр оташе дид, ба хонаводааш гуфт: «Биистед, ки ман оташе [аз дур] дидам. Шояд хабаре аз он бароятон биёварам ё шуълаи оташе [биёварам], то гарм шавед»
30Пас, вақте ба он оташ наздик шуд, дар канораи рости он сарзамини дар минтақаи пурбаракат [-и Тӯр] аз [миёни] як дарахт нидо дода шуд, ки: «Эй Мӯсо, бе тардид, ман Аллоҳ таоло–Парвардигори ҷаҳониёнам
31Ва асоятро биафкан». Пас, чун [Мӯсо чунин карду] онро дид, ки ҳамчун море [босуръат] мехазад, [аз тарс] пушт карду гурехт ва бознагашт. [Нидо омад] «Эй Мӯсо, пеш о ва натарс. Ҳатман, ту аз [осеби хатарҳо] эмин шудаӣ
32Ва дастро дар гиребонат фурӯ бар [то] сапеду бидуни айб [ва бемории песӣ] хориҷ шавад ва [барои раҳоӣ] аз ин тарс дастонатро ба самти худ ҷамъ кун [ва ба синаат бичаспон]. Ин ду [муъҷизаи асо ва яди байзо] ду далели [равшан] аз сӯи Парвардигорат барои Фиръавн ва бузургони [қавми] ӯст. Ба ростӣ, ки онон гурӯҳе нофармонанд»
33[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, ман яке аз ононро [бидуни амд] куштаам, метарсам, ки [ба қасоси он қатл] маро бикушанд
34Ва бародарам – Ҳорун – забонаш аз ман шевотар аст, пас, ӯро ҳамроҳам бифирист, то ёварам бошад ва ростгӯиямро таъйид кунад, зеро метарсам, маро дурӯғгӯ ангоранд»
35[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Туро бо [пайвастани] бародарат тақвият хоҳем намуд ва бароятон тасаллуте қарор медиҳем, ки [фиръавниён ҳаргиз] ба шумо даст наёбанд ва ба [баракати] муъҷизотамон [ки дар ихтиёр доред] шумо ва ҳар ки аз шумо пайравӣ кунад, пирӯзед»
36Пас, чун Мӯсо бо муъҷизоти равшани Мо ба сӯяшон омад, гуфтанд: «Ин [чизе] нест, магар ҷодуе сохта ва мо ҳаргиз ин [иддаои яктопарастӣ]-ро аз падаронамон нашнидаем»
37Ва Мӯсо гуфт: «Парвардигорам беҳтар медонад, чи касе ҳидоятро аз назди Ӯ овардааст ва [огоҳтар аст, ки] оқибати неки он саро барои кист. Бе тардид, ситамгорон росткор намешаванд»
38Фиръавн гуфт: «Эй бузургон, маъбуде ба ҷуз худ бароятон намешиносам, пас, эй Ҳомон, бароям оташе бар гил барафрӯз [ва хишт бипаз], он гоҳ бурҷи баланде бисоз, бошад, ки аз маъбуди Мӯсо бохабар шавам. Ҳар чанд ки ҳатман, ӯро дурӯғгӯ мепиндорам»
39Ва ӯ [Фиръавн] ва лашкариёнаш ба ноҳақ дар сарзамин [-и Миср] саркашӣ карданд ва пиндоштанд, ки ба сӯйи Мо бозгардонда намешаванд
40Пас, [мо] ӯ ва лашкариёнашро [ба азоб] фурӯ гирифтем ва ононро ба дарё андохтем. Пас, бингар, ки оқибати ситамгорон чи гуна буд
41Ва ононро пешвоёне қарор додем, ки [пайравонашонро] ба оташи [дузах] даъват мекарданд ва рӯзи қиёмат ёрӣ намешаванд
42Дар ин дунё ба дунболашон лаънат равон кардем ва рӯзи қиёмат [низ] зиштманзаранд
43Ва ба ростӣ, пас аз он ки умматҳои пешинро нобуд намудем, ба Мӯсо китоб [Таврот] додем, ки [муштамил бар] равшангариҳо ва ҳидоят ва раҳмате барои мардум буд, бошад, ки панд пазиранд
44Ва ту [эй Паёмбар] он гоҳ ки фармони [нубувват]-ро ба Мӯсо медодем, дар доманаи ғарбӣ [-и кӯҳи Тӯр] ҳузур надоштӣ ва аз гувоҳон [низ] набудӣ
45Ва [Мо пас аз Мӯсо] наслҳое офаридем ва солҳои тӯлонӣ бар онон гузашт [ва паймони илоҳиро фаромӯш карданд]. Ва ту дар миёни аҳли Мадян иқомат надоштӣ [ки аз достони Мӯсо бохабар бошӣ ва] оёти Моро бар онон [мардуми Макка] бихонӣ, балки Мо будем, ки [ин оётро ба сӯят] мефиристодем
46Ва он гоҳ ки [ба Мӯсо] нидо додем, ту дар канори кӯҳи Тӯр набудӣ, вале ба унвони раҳмате аз сӯйи Парвадигорат [ба ту ваҳй намудем], то гурӯҳеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае ба суроғашон наомадааст, [бо ин оёт] бим диҳӣ, бошад, ки панд пазиранд
47[Бо кофирон итмоми ҳуҷҷат кардем] То вақте ба кайфари корҳое, ки дар гузашта муртакиб шудаанд, мусибате ба онҳо мерасад, нагӯянд: «Парвардигоро, чаро паёмбаре бар мо нафиристодӣ, то аз оётат пайравӣ кунем ва аз муъминон бошем»?
48Вале ҳангоме ки [Паёмбари] ҳақ аз ҷониби Мо ба суроғашон омад, [яҳудиён аз сари лаҷоҷат] гуфтанд: «Чаро муъҷизоте ҳаммонанд Мӯсо ба ӯ дода нашудааст»? [Дар посухашон бигӯ] «Магар [яҳудиён] дар гузашта муъҷизоти Мӯсоро инкор накарданд»? Онон гуфтанд: «[Қуръону Таврот] ду ҷоду ҳастанд, ки якдигарро таъйид мекунанд» ва гуфтанд: «Мо тамоми [матолиби] онҳоро инкор мекунем»
49Бигӯ: «Агар ростгӯед, аз ҷониби Аллоҳ таоло китобе ҳидоятбахштар аз ин ду [китоб] биёваред, то ман низ аз он пайравӣ кунам»
50Пас, агар [Қурайш] ба дархостат посухе надоданд, бидон, ки онон фақат аз ҳавои нафсашон пайравӣ мекунанд ва кист гумроҳтар аз он ки бидуни раҳнамуде аз сӯи Аллоҳ таоло аз ҳавои нафсаш пайравӣ мекунад? Бе тардид, Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгорро ҳидоят намекунад
51Ва ба ростӣ, Мо ин оёт [ва ҳикоёт]-ро яке пас аз дигаре барои онон [мушрикону яҳудиён] нозил кардем, бошад, ки панд гиранд
52Касоне, ки пеш аз ин [оёти илоҳӣ] ба онон китоб [Таврот] додаем, ба ин [Қуръон] низ имон меоваранд
53Ва чун [оёташ] бар онон хонда мешавад, мегӯянд: «Ба он имон овардем. Яқинан, сухани ҳаққе аст аз ҷониби Парвардигорамон. Ба ростӣ, ки Мо пеш аз [нузули] он низ таслим [-и фармони Парвардигор] будаем»
54Инонанд, ки ба поси он ки шикебоӣ карданд, подошашонро ду бор мегиранд ва бо корҳои нек [гуноҳон ва] бадиҳоро дафъ мекунанд ва аз он чи ба онон рӯзӣ додаем, инфоқ менамоянд
55Ва ҳар гоҳ сухане беҳуда [ва ношоиста аз аҳли китоб] мешунаванд, [бо бетаваҷҷуҳӣ] аз он рӯй мегардонанд ва мегӯянд: «[Подоши] Корҳои мо барои мост ва [кайфари] корҳои шумо аз они шумост, [шумо аз озору носозии мо] дар амонед. Мо ба дунболи [ҳамсуҳбатӣ бо] ҷоҳилон нестем»
56[Эй Паёмбар] Бе тардид, ту ҳар киро дӯст дошта бошӣ, наметавонӣ [ба иҷбор ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ, балки Аллоҳ таоло аст, ки ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва ٕӮ ба [ҳоли] роҳёфтагон донотар аст
57Ва [мушрикон] гуфтанд: «Агар ҳамроҳи ту аз ҳидоят пайравӣ кунем, моро аз сарзаминамон мерабоянд». Оё мо ононро дар ҳарами амне ҷой надодем, ки анвои маҳсулот – ба унвони рӯзие аз ҷониби Мо – ба сӯяшон сарозер мегардад? Вале бештарашон [қадри неъматҳои илоҳиро] намедонанд
58Ва чи бисёр [мардуми] шаҳрҳоеро нобуд сохтем, ки дар ҳаққи неъматҳои илоҳӣ носипосӣ карда буданд. Ин хонаҳои [вайроншудаи] онон аст, ки пас аз эшон ҷуз андаке - [касе] дар онҳо сукунат накардааст ва Мо вориси онон будем
59Ва Парвардигорат ҳаргиз [мардуми] шаҳрҳоро нобуд намекунад, магар он ки дар шаҳри бузурге аз онҳо [ҳамчун Макка] паёмбаре бифиристад, ки оёти Моро бар онон бихонад. Ва Мо ҳаргиз шаҳрҳоро нобуд накардем, магар он ки сокинонаш [кофиру] ситамгор будаанд
60Ва он чи ба шумо дода шудааст, баҳра [-и гузаро] ва зинати зиндагии дунёст ва он чи назди Аллоҳ таоло аст, беҳтар ва пойдортар аст. Оё намеандешед?
61Оё касе, ки ба ӯ ваъдаи наку додаем ва ба он хоҳад расид, ҳамчун касест, ки ӯро аз баҳраи зиндагии дунё бархӯрдор сохтаем ва рӯзи қиёмат аз [ҷумлаи] эҳзоршудагон [дар оташи дузах] аст?
62Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло ба онон нидо медиҳад ва мегӯяд: «Афроде, ки шарикони ман [дар парастиш] мепиндоштед, куҷо ҳастанд?»
63Касоне [аз сарони кофирон], ки азоб барояшон ҳатмӣ аст, мегӯянд: «Парвардигоро, инҳо касоне ҳастанд, ки мо гумроҳашон кардем. [Оре] Ононро гумроҳ кардем, чунон ки [худ низ] гумроҳ шудем. Аз [ширку тавассули] эшон ба сӯят безорӣ меҷӯем. [Дар ҳақиқат] Онон моро намепарастиданд [балки шайтонро парастиш мекарданд]»
64Ва [ба мушрикон] гуфта мешавад: «Шариконатонро [ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастидед] фаро бихонед [то ёриатон кунанд]». Пас, ононро мехонанд, вале посухе ба эшон намедиҳанд ва азоби [дузах]-ро мебинанд [ва орзу мекунанд], кош ҳидоятёфта буданд
65Ва рӯзе, ки [Аллоҳ таоло] ононро нидо медиҳад ва мефармояд: «Ба [даъвати] паёмбарон чи посухе додед?»
66Дар он рӯз ҳамаи далоил [ва баҳонаҳое, ки барои тавҷеҳ доранд] аз онон пинҳон мегардад ва аз [шиддати азоб аз ҳоли] якдигар намепурсанд
67Аммо касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, умед аст, ки аз растагорон бошад
68Ва Парвардигорат ҳар чи бихоҳад, меофаринад ва [ҳар киро бихоҳад ба парастиш ва паёмбарӣ] бармегузинад. Мушрикон ихтиёре надоранд [ки дар ин маврид эътироз кунанд]. Аллоҳ таоло муназзаҳ ва бартар аст аз он чи бо Ӯ шарик медонанд
69Ва Парвардигорат он чи дар синаҳояшон пинҳон мекунанд ва он чи ошкор месозанд, [ҳамаро] медонад
70Ва Ӯ Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Ситоиш дар дунёву охират барои Ӯст ва ҳукм [-у фармонравоӣ низ] аз они Ӯст ва [ҳамагӣ] ба сӯйи Ӯ бозгарданда мешавед
71[Ба мушрикон] бигӯ: «Ба ман бигӯед, агар Аллоҳ таоло [торикии] шабро то рӯзи қиёмат бар шумо поянда гардонад, кадом маъбуд ба ҷуз Аллоҳ таоло бароятон равшанӣ меоварад? Оё [сухани ҳақро] намешунавед?
72Бигӯ “Ба ман бигӯед, агар Аллоҳ таоло [рӯшноии] рӯзро то рӯзи қиёмат бар шумо поянда гардонад, кадом маъбуд ба ҷуз Аллоҳ таоло бароятон шабе меоварад, ки дар он ором бигиред? Оё [ин нишонаҳои қудрати илоҳиро] намебинед?
73Ва Аллоҳ таоло аз раҳмати хеш шабу рӯзро бароятон қарор дод, то дар шаб ором гиред ва дар рӯз [талош кунед ва] аз бахшиши Ӯ [рӯзӣ] биҷӯед ва бошад, ки сипос гузоред
74Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло ба онон нидо медиҳад ва мегӯяд: «Афроде, ки шарикони ман [дар парастиш] мепиндоштед, куҷо ҳастанд?»
75Ва аз ҳар уммате гувоҳе бармегузинем [ки паёмбари онон аст ва дар мавриди куфрашон шаҳодат медиҳад]. Сипас ба онон мегӯем: «Далели [куфру ширки] хешро биёваред», пас, медонанд, ки ҳақ аз они Аллоҳ таоло аст ва дурӯғҳое, ки мебофтанд [ва он чи мушрикона мепарастиданд], маҳву нобуд гаштааст
76Қорун аз қавми Мӯсо буд, аммо бар онон фахрфурӯшӣ намуд ва аз ганҷина он қадар ба вай дода будем, ки [ҳатто] ҳамли калидҳояш барои гурӯҳе неруманд мушкил буд. Ҳангоме ки [мардуми] қавмаш ба ӯ гуфтанд: «[Ба хотири сарватат чунин мағруру] сармаст набош. Бе тардид, Аллоҳ таоло сармастонро дӯст намедорад
77Ва бо он чи Аллоҳ таоло ба ту бахшидааст, [савоби] сарои охиратро биҷӯй ва [дар айни ҳол] баҳраатро аз [зиндагии] дунё низ фаромӯш накун ва чунон ки Аллоҳ таоло ба ту некӣ кардааст, ту низ [ба бандагонаш] некӣ кун ва ҳаргиз дар пайи табаҳкорӣ [ва фасод] дар замин набош. Бе тардид, Аллоҳ таоло муфсидонро дӯст намедорад»
78[Қорун] гуфт: «Он чи ба ман дода шуда, дар натиҷаи [қудрату] донишест, ки назди ман аст». Оё намедонист, ки Аллоҳ таоло наслҳоеро пеш аз вай нобуд карда буд, ки аз ӯ нерумандтар ва сарватмандтар буданд? Ва [рӯзи қиёмат] аз муҷримон дар бораи гуноҳонашон суол намешавад [зеро Аллоҳ таоло ҳамаро медонад]
79Он гоҳ Қорун бо [таҷаммулоту] зинатҳояш дар баробари қавмаш зоҳир шуд. Афроде [аз атрофиёни ӯ], ки хостори зиндагии дунё буданд, гуфтанд: «Эй кош, ҳаммонанди он чи ба Қорун дода шудааст, мо низ доштем. Воқеан, ӯ баҳраи бузурге [аз моли дунё] дорад»
80Аммо касоне, ки дониш [-и ҳақиқӣ] ёфта буданд, гуфтанд: «Вой бар шумо! Барои касе, ки имон овардааст ва корҳои шоиста мекунад, савоби илоҳӣ беҳтар аст ва ин [сухан]-ро касоне ба ҷуз шикебоён намепазиранд»
81Он гоҳ Қорунро ҳамроҳи [хонааш дар замин фуру бурдем, пас, ҳеҷ гурӯҳе надошт, ки дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ёриаш кунанд ва [худ низ] натавонист ба хештан ёрӣ расонад
82Ва касоне, ки дирӯз орзу мекарданд, ба ҷойи ӯ бошанд, бомдод [-и рӯзи баъд] мегуфтанд: «Вой бар мо! Гӯӣ Аллоҳ таоло аст, ки [неъмату] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад густурда медорад ва [ё] танг мегирад. Агар Аллоҳ таоло бар мо миннат наниҳода буд, ҳатман, моро [низ ба сазои суханонамон ба жарфои замин] фурӯ мебурд. Эй вой! Гӯӣ кофирон ҳаргиз растагор намешаванд
83Ин сарои охиратро [фақат] барои касоне қарор медиҳем, ки хоҳони гарданкашӣ ва фасод дар замин нестанд ва саранҷоми нек аз они парҳезкорон аст
84[Рӯзи қиёмат] Ҳар ки некӣ биёварад, [подоше] беҳтар аз он хоҳад дошт ва ҳар ки бадӣ биёварад, [бидонад, ки] касоне, ки корҳои ношоиста кардаанд, ҷуз [ба миқдори] он чи мекарданд, кайфар намебинанд
85Ҳамон [Парвардигоре], ки Қуръонро [нозил намуд ва таблиғашро] бар ту воҷиб кард, ҳатман, туро ба ҷойгоҳат [дар Макка] бозмегардонад. Бигӯ: «Парвардигорам беҳтар медонад, чи касе ҳидоят овардааст ва чи касе дар гумроҳии ошкор аст»
86Ва [пеш аз биъсат] ту орзу надоштӣ, ки ин китоб [-и осмонӣ] бар ту нозил шавад. [Ин набуд] Магар раҳмате аз ҷониби Парвардигорат. Пас, ҳаргиз пуштибони кофирон набош
87Ва мабодо [кофирон] туро аз [таблиғи] оёти илоҳӣ – пас аз он ки бар ту нозил шуд – боздоранд! Ва [мардумро] ба сӯйи Парвардигорат даъват кун ва ҳаргиз аз мушрикон набош
88Ва маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло [ба ниёиш] нахон. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Ҳама чиз фанопазир аст, магар [зоти ҷовид ва] рӯйи Ӯ. Фармонравоӣ [танҳо] аз они Ӯст ва [рӯзи қиёмат ҳамагӣ] ба пешгоҳаш бозгардонда мешавед